ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ФОРУМИ СОЛОНАИ ШУРОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ СММ

2-5-уми майи соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка 8-умин Форуми Шурои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, сардори раёсати маориф ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати моариф ва илм Фаррух Худойдодзода намояндагӣ карданд.
Ҳадафи форум баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи илм, технология, фановарӣ ва дастгирии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Ҳамчунин, дар вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони созмону кишварҳои гуногун анҷом пазируфт.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар 8-умин Форуми солонаи Шурои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз 2-юм то 5-уми майи соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка таҳти унвони “Илм, технология ва фановарӣ барои шифоёбӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) ва амалисозии нақша дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи сатҳҳо” баргузор шуд, суханронӣ намуд.
Раҳим Саидзода қайд кард, ки пандемияи ҷаҳонии COVID-19 тамоми кишварҳоро фаро гирифта буд, ки Тоҷикистон низ аз он истисно набуд. Дар ин раванд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани таъсири манфии пандемияи ҷаҳонӣ дар ҳама самтҳо, хусусан, дар соҳаи маориф ва илм корҳои мушаххас ва назаррас якҷо бо шарикони хориҷӣ ба анҷом расонида шуданд.
Ҷиҳати пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқулодаи ҷаҳонӣ ва кам кардани таъсири он ба соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 қабул гардид, ки ҳадафи консепсияи мазкур роҳнамоӣ намудани амалисозии устувори рақамикунонӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
М
уҳтарам ҷанобон ва хонумон!
Вазъи ҷаҳони имрӯз тақозо менамояд, ки кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ бояд дар якҷоягӣ амал намуда, ҷиҳати рафъи буҳронҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳо ва уҳдадориҳои муштаракро анҷом дода, барои бехатарии ҳаёт дар кураи замин саҳми беғарази худро гузоранд.
Пандемияи ҷаҳонии КОВИД-19, ки тамоми кишварҳоро фаро гирифта буд, кишвари мо — Тоҷикистон низ аз он истисно набуд. Дар ин раванд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани таъсири манфии пандемияи ҷаҳонӣ дар ҳама самтҳо, хусусан, дар соҳаи маориф ва илм корҳои мушаххас ва назаррас дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ ба анҷом расонида шуданд.
Пандемияи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки дар вазъияти буҳронҳои ҷаҳонӣ илм, технология ва навоварӣ дар кам кардани таъсири манфии буҳронҳои ҷаҳонӣ нақши калидӣ ва назаррас мебозанд.
Кишвари мо низ дар робита ба кам кардани таъсири КОВИД-19 аз дастовардҳои илм, технология ва навоварӣ хуб истифода намуда, қадамҳои муассирро ҷиҳати пешгирии буҳронҳои эҳтимолии оянда андешид.
Бо назардошти вазъи баамаломада, шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, бо соҳаи маориф ҳамкориро ба роҳ монда, тибқи муроҷиати Вазорати маориф ва илм дар таҳияи дарсҳои фосилавӣ, таҳияи филмҳои таълимӣ ва маҷозӣ омодагии худро изҳор дошта, зиёда аз 2000 дарсҳои видеоӣ, ки барномаи таълимиро фаро мегирад, таҳия намуданд.
Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқулодаи ҷаҳонӣ ва кам кардани таъсири он ба соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 қабул гардид, ки ҳадафи Консепсияи мазкур роҳнамоӣ намудани амалисозии устувори рақамикунонӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Консепсия заминаи стратегӣ ва амалиро таъмин менамояд, ки дар он таваҷҷуҳи махсус ба технологияҳои рақамӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи маориф дода мешавад ва инчунин, бо дар назар доштани таҷрибаҳои минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ дар самти тарғибу ташвиқи технологияҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои мушаххасро муайян менамояд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани оқибатҳои манфии КОВИД — 19 Консепсияи вокуниш ба таҳдидҳои пандемияи ҷаҳонӣ дар соҳаи маорифи кишварро таҳия намуда, заминаи хуберо барои кам кардани таъсири пандемияи ҷаҳонӣ фароҳам сохт.
Бо дарназардошти он ки то соли 2030 7 соли дигар ҷиҳати ба даст омадани натиҷаи ҳадафҳои рушди устувор боқӣ мондааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан, сиёсатмадорон, бахши хусусӣ, ҷомеаи илмӣ ва институтҳои ҷамъиятиро мебояд, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зич ва ба дӯш гирифтани масъулияти муштарак барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тариқи илм, технология ва навоварӣ иқдомҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ гирифта шавад.
Ташаккур ба диққататон!