Замима ба фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 04 соли 2023, №521 тасдиқ шудааст.

Саволномаи мониторинги ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» дар фаъолияти субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар давраи солҳои 2021-2022 ва таҳлили вазъи содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби таълимгирандагон, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда
1. Амалӣ намудани тадбирҳо оид ба рушди муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони ятим ва кӯдакони бе парастории падару модар монда, инчунин, муассисаҳои таълимие, ки ноболиғони маъюб ва бемор ба таҳсил фаро гирифта мешаванд;
2. Ташкили ҷараёни таътили тобистона ва машғулиятҳои илмию адабӣ, варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ барои ноболиғон дар солҳои 2021-2022;
3. Ба қайд гирифтан ва ба субъектҳои дахлдори низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон пешниҳод намудани маълумот оид ба ноболиғони аз таҳсил саркашинамуда ва дурмонда, ба таври мунтазам аз машғулиятҳо беасос дермонда ва ноболиғоне, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои дигари зиддиҷамъиятӣ (зиддиҳуқуқӣ) майл доранд, дар солҳои 2021-2022;
4.Таъсиси комиссияҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва равонӣ якҷоя бо субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон бо мақсади ошкор намудан ва расонидани кумакҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва равонӣ ба ноболиғон дар солҳои 2021-2022;
5. Амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ барои ноболиғони дорои имкониятҳои маҳдуд ё дорои рафтору ахлоқи ғайримуқаррарӣ ва ноболиғони дар таҳсил мушкилидошта;
6. Муайян намудани оилаҳо ва ноболиғоне, ки дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарор доранд ва расонидани ёрӣ ба онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон;
7. Ҷалби ноболиғон ба маҳфилҳои забономӯзӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, техникӣ ва намудҳои дигари таҳсилоти иловагӣ дар солҳои 2021-2022;
8. Ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии тарбиягирандагони муассисаҳои таълимӣ ва амалӣ намудани тадбирҳои инфиродии пешгирикунанда;
9. Таъмини дастрасии таҳсил ба ноболиғон;
10. Таҳия ва татбиқи барномаи тарбиявӣ ва дастурҳои методӣ бо ҷалби субъектҳои дигари низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва равоншиносон;
11. Таъмини шароити моддӣ, маънавӣ, нигоҳубин ва амнияти шахсии ноболиғон, муҳофизати онҳо аз таъсири омилҳои манфӣ, маҳдуд сохтани воридшавии озодонаи шахсони бегона ба муассисаи дахлдор, ки ба рафтору ахлоқи кӯдакон таъсири манфӣ расонда метавонанд;
12. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳое, ки кӯдак аз ҷониби парастор таҳти шиканҷа қарор дода шудааст, дар солҳои 2021-2022;
13. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавии муассиса дар бораи ҳодисаҳои худсарона аз ҳудуди муассисаи дахлдор баромада рафтани ноболиғон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷустуҷӯ, дарёфт ва баргардондани онҳо ба муассисаи дахлдор дар солҳои 2021-2022.
Пешниҳоди маълумот ба комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани муҳлати нигоҳ доштани ноболиғ ё ба муассисаи дигари махсуси таълимиву тарбиявии шакли пӯшида гузаронидани ӯ дар солҳои 2021-2022.