ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 28. 04 СОЛИ 2023 №523, ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар бораи чорабиниҳои иттилоотию омӯзишӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва варзишӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак
Бо мақсади иҷрои банди 7-и Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак аз 27 январи соли 2023, №4/32-1 мутобиқи сархати 1-и моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва банди 11-и Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта уҳдадор карда шаванд, ки аз санаи 29 май то 2 июн ва аз 15 то 20 ноябри соли ҷорӣ чорабиниҳои иттилоотию омӯзишӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва варзишӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро баргузор намуда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
2. Сармуҳаррири нашрияи рӯзномаи “Омӯзгор” (Д.Қурбонзода) уҳдадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар рӯзномаи “Омӯзгор” ба табъ расонад.
3. Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (Ҷ.Бобоҷон) уҳдадор карда шавад, ки рафти иҷрои фармоиши мазкурро назорат ва таъмин намуда, ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоп оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумот пешниҳод намояд.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода гузошта шавад.
Асос: Банди 7-и Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак аз 27 январи соли 2023, №4/32-1
Вазир Раҳим САИДЗОДА