МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ

Мусоҳиба бо мудири бахши таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Қутбиддин Муҳиддинзода
— Муаллими муҳтарам, нахуст мехостем дар хусуси вазъи муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ маълумот ироа намоед. Тайи солҳои охир дар ин самт чӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд?
— Дар ҳақиқат, таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати ташаккули шахсияти кӯдак ва омода намудани ӯ ба муассисаи таҳсилоти умумӣ нақши муассир ва калидӣ дорад. Аз ин рӯ, муассисаҳои мазкур дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, Вазорати маориф ва илми кишвар дар самти татбиқи ин сиёсат тадбирҳои амалӣ меандешад. Натиҷаи ҳамин тадбирандешиҳост, ки теъдоди муассисаҳои томактабӣ феълан ба 707 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд мебошад. Шумораи тарбиятгирандагон дар ин муассисаҳо 102 525 нафарро ташкил медиҳад. Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2111 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 68 891 кӯдак таъсис дода шудааст, ки нисбат ба соли 2022 301 марказ ва 17 626 тарбиятгиранда зиёд мебошад. Теъдоди муассисаҳо дар вилоятҳои Суғд 277, Хатлон 162, ВМКБ 26, шаҳри Душанбе 161 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 81 адад мебошад. Ба сабаби риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ фаъолияти ин гуна марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Лахш, Турсунзода ва Исфара 4 адад кам карда шуд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 66 Маркази инкишофи хусусии кӯдак фаъолият доранд. Дар умум, фарогирии тарбиятгирандагон ба зинаи томактабӣ 17416 нафар ё 16 фоизро ташкил медиҳад.
— Кадом асноду ҳуҷҷатҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки фаъолияти муассисаҳои томактабиро танзим намуда, иҷрои вазифаҳои мушаххасро аз масъулон талаб мекунад?
— Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шуданд, ки ҳадаф аз ин барномаҳо фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва дастрасӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ ба шумор меравад.
Аз ҷумла, тибқи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 бояд фарогирии кӯдакон то соли 2025 ба 33 фоиз ва то соли 2030 ба 50 фоиз расонда шавад. Вобаста ба ин, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳким бахшида шуда, тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стандарт, нақша ва барномаҳои таълимӣ, Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак аз таваллуд то 7-солагӣ таҷдиди назар гардида, бори аввал нақшаҳои таълимии муассисаҳои томактабӣ тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ таҳия ва инчунин, Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7 (6) — солагӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд. Низомномаи марказҳои инкишофи кӯдак, барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ “Рангинкамон”, ки соли 2012 таҳия гардидааст, бознигарӣ ва коркард шуда истодааст. Бо дарназардошти он ки ҳалли аксари мушкилиҳои соҳа ба иҷрои талаботи бандҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вобастагӣ дорад, аз ҳисоби мутахассисони соҳа ду гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷдиди назар намудани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти томактабӣ оғоз шуд. Аз ҷониби кормандони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, инчунин, 4 номгӯй дастури методӣ барои муассисаҳои томактабӣ таҳия ва ба чоп пешниҳод гардид. Мушкилоти дигари соҳаи томактабӣ, бинобар ҷудо нагардидани маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ба таври зарурӣ иҷро нашудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, 2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ба шумор меравад.
— “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, аз нигоҳи шумо, то чӣ андоза татбиқи амалии худро ёфтааст?
— Ҳадафи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” аз қонеъгардонии эҳтиёҷоти шаҳрвандон барои дастрасии таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани шароит баҳри таъмини хидматрасонии амалию самарабахш дар муассисаҳои томактабӣ, баробарии шароити гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдак аз қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳамкорӣ ва расондани кумаки машваратию методӣ ба оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро тарбия мекунанд, иборат мебошад. Барномаи мазкур аз 7 замима иборат буда, замимаи 1 таҳия ва чопи дастурҳои методӣ, барнома ва аёният, замимаи 2 такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон, замимаи 3 ташкил ва таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, замимаи 4 сохтмони муассисаҳои томактабӣ, замимаи 5 сарчашмаҳои маблағгузорӣ, замимаи 6 хароҷоти маҷмуии барнома сол ба сол бо нишондоди сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва замимаи 7 нақшаи амалишавии барномаро дар бар мегирад. Тибқи замимаи 4, ҳамасола бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад. Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 7, Хатлон 6 ва НТҶ 2 адад сохта, ба истифода дода шудааст, ки 22 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи давлатӣ, дар шаҳрҳои Гулистон ва Истиқлол 2 муассисаи томактабии давлатӣ бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи замимаи 1, дар соли 2020 бояд 5 номгӯй, соли 2021 5 номгӯй ва соли 2022 10 номгӯй дастури методӣ ва аёният омода ва чоп карда мешуд. То ин муддат 12 номгӯй дастури методӣ аз ҷониби кормандони муассисаи томактабии Президентӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд нашр гардида, дастраси раёсату шуъбаҳои маориф гардонида шуд. Замимаи 2-и Барнома такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи таҳсилоти томактабиро дар бар гирифта, дар маҷмуъ, бояд 9000 нафар омӯзгору мураббӣ аз такмили ихтисос гузаронида мешуданд. То ин дам 4507 нафар аз такмили ихтисос гузаронида шудаанд, ки 50 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар замимаи 3-и барнома дар хусуси он сухан меравад, ки бояд дар ҷумҳурӣ дар муддати 3 сол, ҳамасола 4846 Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода мешуд. То ин дам 2092 марказ таъсис дода шудааст, ки 43,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Замимаи 4-и барнома сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар назар дошта, бояд дар 3 сол 300 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Дар ин муддат аз 68 шаҳру ноҳия, дар 24-тояш муассисаҳои томактабӣ сохта ба истифода дода шудааст.
— Тавре ки медонем, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият дар самти таҳсилоти томактабӣ таъмини шарикии давлат бо бахши хусусӣ ба шумор меравад. Дар ин бобат чӣ амалҳои назаррас анҷом дода шудаанд?
— Воқеан, бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” таҳия ва бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи нақшаи амалишавии Барнома, бунёди 264 муассисаи нави томактабӣ дар назар дошта шудааст. Барномаи зикршуда идомаи “Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2015-2020” буда, имкон фароҳам меорад, ки бо истифода аз таҷрибаи мавҷуда таваҷҷуҳ ба таълиму тарбияи томактабӣ бештар карда шавад. Дар ин масъала Вазорати маориф ва илм бо мақсади дастгирии таълими кӯдакони хурдсол, тавсеаи фарогирӣ ва баланд бардоштани бахши таълимии кӯдакони хурдсол дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳои платформаҳои рақамиро роҳандозӣ намуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 66 Маркази инкишофи хусусии кӯдак фаъолият менамояд. Мувофиқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ” дар соли 2023 бояд 25 муассисаи томактабии хусусӣ таъсис дода шавад. Дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 2 муассиса ва дар шаҳри Душанбе 1 муассисаи томактабии хусусӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи томактабии назди муассисаи таълимии хусусии “Мактаби ҷаҳон” дар пойтахт бо иштироки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Яке аз мушкилоти асосии зинаи томактабӣ, ба талаботи замон ва дараҷаи зарурӣ ҷавобгӯ набудани маҳорати касбии мураббиён ба шумор рафта, ин ба сифати таълиму тарбия бетаъсир намемонад.
— Вазъи воқеии муассисаҳои томактабӣ оё аз ҷониби бахши таҳсилоти томактабӣ мавриди санҷиш ва натиҷагирӣ қарор дода шудааст?
— Албатта! Рафти иҷрои Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ ва мутобиқати нақша ва барномаҳои таълимӣ, риояи талаботи ягонаи тарбия ва таълими томактабӣ дар як идда муассисаҳои томактабӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Санҷиш нишон дод, ки баъзе аз муассисаҳои томактабии хусусӣ бо муассисаҳои давлатӣ рақобати солим эҷод намуда, таваҷҷуҳи ҷомеа, ба хусус, падару модаронро ҷалб намудаанд. Дар ин муассисаҳо шароити зарурии таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Муассисаҳои томактабии хусусӣ дорои 408 ҳуҷра барои гузаронидани машғулиятҳо, 75 майдончаи бозӣ, 186 майдончаи варзишӣ, 493 ҳуҷраи хоб, 108 ҳуҷраи тиббӣ, 73 толори мусиқӣ мебошанд. Тибқи талаботи банди 73-и Стандарт, гурӯҳҳое, ки дар он кӯдакон ҷойгир карда мешаванд, аз се ҳуҷра, ҳуҷраҳои хоб, бозӣ ва машғулиятҳо иборат мебошанд. Аммо қисме аз муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд, “Ҳиммат”-и шаҳри Душанбе талаботи синнусолиро риоя накарда, барои ҳамаи кӯдакон як ё ду толори хоб ва як майдони машғулияти бозӣ ташкил намудаанд, ки хилофи талаботи Стандарт мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳуҷраҳои хоб ва машғулият ҳавои муътадили стандартӣ (19-22 дараҷа) риоя нагардида, норасоии ҳавои тоза мушоҳида мешавад. Дар муассисаҳои томактабии “Офтобак”-и шаҳри Хуҷанд, “Ойишагул”, “Меҳрона”-и шаҳри Кӯлоб чунин камбудиҳо ба назар мерасанд. Банди 78-и стандарт талаб менамояд, ки дар муассисаи томактабӣ бояд “Гӯшаи табиат” ташкил гардида, барои парвариши наботот шароит муҳайё бошад, то ки кӯдакон дар руҳияи зебоипарастӣ ва ҳифзи табиати олами атроф тарбият ёбанд. Мутаассифона, чунин шароит дар муассисаҳои “Чашма”-и шаҳри Бӯстон, “Наргис”-и шаҳри Гулистон, “Ғунчаи истиқлол”-и ноҳияи Шаҳринав, “Наврӯз”-и шаҳри Турсунзода, “Офтобак”-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд нест. Санҷиш нишон дод, ки муассисаҳои томактабии “Ғунчаи истиқлол”, “Назокат”-и ноҳияи Шаҳринав, “Ойишагул”-и шаҳри Кӯлоб, “Наврӯз” ва “Дилбар”-и шаҳри Турсунзода бе иҷозатнома фаъолият менамоянд. Ҳатто баъзе аз ин кӯдакистонҳо, амсоли “Дунёи наврасон”-и ноҳияи Шоҳмансур ва “Хурсандӣ”-и шаҳри Истаравшан худро мустақил ҳисобида, ба раёсату шуъбаҳои маориф саривақт ҳисобот надода, барои ба муассиса ворид гардидани намояндагони раёсат, шуъбаи маориф ва гурӯҳи кории вазорат монеа эҷод намуданд. Ҳамчунин, вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Файзобод мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ фарогирии кӯдакон ба гурӯҳҳо, бинобар сабаби кам будани теъдоди муассисаҳо аз меъёри муқаррарнамудаи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ зиёд аст. Аз ҷумла, дар кӯдакистонҳои рақамҳои 2, 5, 15-и ноҳияи Рӯдакӣ шумораи кӯдакон аз 40-нафарӣ зиёд аст. Муассисаҳои таҳсилоти томактабии рақамҳои 1, 2, 3, 4-и ноҳияи Рӯдакӣ бо мизу курсӣ, кати хоб, ҷевон барои либоси кӯдакон, ҷевон барои бозичаҳо, мизу курсӣ барои мураббиён эҳтиёҷ дошта, аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда нашудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Файзобод норасоии мураббияҳои дорои маълумоти зарурӣ ба чашм расида, истифода нагардидани методу усулҳои фаъоли таълим дар раванди бозию машғулиятҳо ҷой дорад. Вазъи физикии бинои муассисаи таҳсилоти томактабии муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и ноҳия ғайриқаноатбахш аст. Мутаассифона, дар кӯдакистон мизу курсӣ, катҳои хоби кӯдакон шикаставу фарсуда буда, кӯдакистон аз таъмири ҷорӣ то ҳол бароварда нашудааст. Дар давраи солимгардонӣ дар кӯдакистонҳои санҷидашудаи рақамҳои 2, 3 ҳавзи шиноварӣ ва айвончаҳои бозӣ, ки тибқи Стандарти давлатӣ барои ҳар як гурӯҳ алоҳида бояд пешбинӣ шуда бошад, дар ҳолати ногувор қарор доштанд. Аз ин хотир, бахши таҳсилоти томактабӣ, шуъбаи маркетинг, харид ва амволи давлатӣ, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру навоҳиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” чораҷӯӣ намоянд. Ба сардорони раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкору саховатпеша ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси муассисаҳои хусусӣ тадбирҳои амалӣ андешида, фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияро бештар намоянд. Директорони филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб ва Хоруғро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо раёсат ва шуъбаҳои маориф ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаронидани мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак чораҳои амалӣ андешанд.

Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор