МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕБОЯД

Тарбия яке аз омилҳои ташаккули шахсият буда, бо иштироки волидон (ашхоси онҳоро ивазкунанда) ва мактаб сурат мегирад. Аммо оғози тарбия аз хонавода буда, хишти нахустинро дар пойдевори ташаккули шахсият маҳз волидон мегузоранд. Равоншиносон муайян кардаанд, ки дар зеҳни кӯдак ҳар амалу рафтор ва гуфтори волидон ва ё ашхоси онҳоро ивазкунанда нақш баста, дар оянда дар ҳама гуна ҳолат аз рӯйи он амал менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» августи соли 2011, №762 ба тасвиб расид. Ин боиси он гардид, ки робитаи падару модар бо мактаб бештар шавад. Акнун падару модар муваззаф шуданд, ки ба таври мунтазам аз дарстайёркунӣ, рафтору кирдор ва ахлоқи фарзанди худ дар мактаб маълумоти кофӣ дошта, дар ҷараёни таълим ва тарбияи кӯдаки хеш бо омӯзгорон ҳамроҳ бошанд.
Чунин амал, бешубҳа, робитаи хуби мактабу оиларо тақозо менамояд, чунки бе ин кор ҷараёни таълиму тарбия бенатиҷа сурат хоҳад гирифт. Маълум, ки бача хеле зирак буда, аз андаке беназоратӣ ва бепарвоии атрофиён метавонад сӯиистифода намояд. Бинобар он, ин ҷо таъкид кардан бамаврид аст, ки дар раванди таълим ва тарбия ҳатман ҳамкории зичи мактаб ва оила зарур ва ҳатмист, зеро ҳар ду ҳам шаҳсутуни бузурги бинои ташаккули шахсияти ҳар бача маҳсуб шуда, дар давоми фаъолият ба дастгирии ҳамдигар ниёз доранд.
Хеле хуб мебуд, ки кӯдак дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбият ёбад, зеро меҳнатдӯстӣ хислати беҳтарини инсон аст. Меҳнат бачаро обутоб дода, барои ҳалли душвориҳои ояндаи зиндагии ӯ омода месозад. Кору амалҳое ҳастанд, ки онҳоро маҳз аз рӯйи меҳр ва арзиши муҳаббату эҳтиром иҷро кардан лозим аст ва ба кӯдак низ инро бояд фаҳмонд. Подоши ин муҳаббати волидон муҳаббати хонавода аст. Кӯдак бояд эҳсос кунад, ки барои падару модар хеле азиз аст ва ба ӯ меҳри бепоён доранд. Барои ин волидон набояд дар назди кӯдак баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол кунанд. Хонавода бояд барои кӯдак мактаби аввалини муҳаббат, садоқат, вафодориву меҳромӯзӣ гардад.

ҲАР ЧИ КОРӢ, ҲОСИЛИ КОРИДААТ ОН МЕШАВАД
Дар моддаи 8 – уми қонуни мазкур зикр гардидааст, ки падару модар ва ё шахсони ивазкунандаи онҳо бояд «барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд».
Масъалаи асосӣ дар тарбияи наврасон алоқаи маънавии падару модарон бо онҳо ба шумор меравад. Зиддиятҳое, ки байни падару модар ба вуҷуд меоянд, боиси дилозорӣ ва руҳафтодагии кӯдак мегарданд. Ӯ набояд, ки зиддияти байни волидайнро бубинад. Волидонро мебояд бо ҳар роҳу восита зиддиятҳои баамаломадаро бартараф намуда, байни худ сулҳу салоҳро барқарор намоянд. Падару модароне, ки аз нозукиҳои тарбия бохабар ҳеҷ вақт дар назди кӯдак муноқиша намекунанд. Муҳаббати самимӣ байни волидон барои афзудани самимияти фарзанд ва рушди асосии маънавию ҷисмонии вай ҳамчун омили муҳими тарбия ба шумор меравад.
Ҳангоме ки наврас ба ҳаёти ҷамъият қадам мемонад, волидон вазифадоранд, ки тарзи либоспӯшӣ, муносибату муоширати маданӣ дар ҷомеа, бо ҳамсолон, калонсолонро ба онҳо омӯзонанд. Агар кӯдак дар оила тарбияи хуб гирифта бошад, ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ низ дониши хуб гирифта метавонанд. Имрӯзҳо мо дар роҳ, муассисаҳои таълимӣ, нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ шоҳиди он мегардем, ки насли наврас, ҷавонон ба якдигар суханони қабеҳ мегӯянд, ҳар гуна гуфтору рафтори ношоистаро нисбат ба духтарон ва ҳамсолони худ раво медонанд. Ё ин ки бархе ба беҳудагардӣ, дуздӣ, нашъамандӣ ва дигар кору амалҳои ғайриматлуби инсонӣ машғуланд, ки ин сабаби зиён овардан ба худ ва ҳам ба ҷомеа мегардад.
Ба таври маълум, шахсе таълим гирифта метавонад, ки тарбияи хуб ҳам дорад. Таълиму тарбия дар педагогика мафҳумҳои асосӣ ба шумор мераванд.
Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» субъектҳои раванди таълиму тарбия – падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро барои тарбияи насли наврас дар руҳияи арзишҳои милливу умумибашарӣ, инсондӯстӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд муваззаф кард. Таҳлилҳои коршиносон муайян намудаанд, ки рафти иҷрои қонуни мазкур аз рӯзи ба тасвиб расиданаш самараи нек ба бор овардааст. Пеш аз ҳама, волидон, омӯзгорон, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро амиқ дарк карда, дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ба зимма доштаашонро хуб эҳсос намуданд. Падару модар бо дарки ҳуқуқу масъулиятҳои ба зиммадошта вазифаҳои худро дар муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳамзамон, ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи фарзанд, ба роҳ мондани тарбияи мустақим бо омӯзгорону муассисаҳои таълимӣ, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот хуб эҳсос намуданд.
Дар моддаи 5, банди 2 – юми Қонуни Ҷумҳуии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад». Ҳамчунин, дар моддаи 8 – и боби 2 – и ин қонун дарҷ шудааст: «Волидон вазифадоранд, дар бораи тарбияи фарзандон ғамхорӣ карда, оиларо ҳамчун аъзои сазовори ҷамъият ба камол расонанд ва ба зиндагии мустақилона омода намоянд». Хулоса, тарбия ва ба воя расондани фарзанд қарзи муҳим, вазифа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва умуман, инсоният мебошад. Дар ҷумҳурии мо масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба ҳукми қонун даромадааст. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар барои тарбияи дурусти фарзандашон ҷавобгаранд.

Ҷаъфар ҚОДИРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
молия ва иқтисоди Тоҷикистон