Оилаи солим неруи давлат аст. Оила ва оиладорӣ дар ҳаёти инсон масъалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Бе оилаи солим шахс ба мақсадҳои наҷиби худ расида наметавонад.
Абуалӣ ибни Сино дар рисолаи «Тадбири манзил»-и хеш роҷеъ ба зарурати издивоҷи мард бо зан чунин овардааст: «Чун одамизод манзилу хонае сохт ва дар он ҷо барои ҳангоми ҳоҷаташ захирае андӯхт, муҳтоҷ мешавад ба касе, ки андӯхтаашро аз дастбурди дигарон, ки мехоҳанд онро аз вай бирабоянд, ҳифзу ҳиросат бинамояд… Пас, муҳтоҷ аст ба ин ки барои ҳифзу ҳиросати андӯхтааш каси дигарро ҷонишини худ бинамояд. Ва барои ҷонишин ҳам бояд касе бошад, ки мавриди итминони нафсу оромиши хотир бошад. Барои ин кор касе шоиста ва сазовор магар зан нест, ки Худо ӯро барои мард ҷуфту мавриди итминони сукунати нафс қарор додааст. Бад-ин ҷиҳат мард ногузир мешавад ба ин, ки зан бигирад».
Дар бораи оила барпо кардан бузургони мо рисолаву китобҳои зиёде навиштаанд. Чунончи, Унсурулмаолии Кайковус ҳам дар фасли «Андар зан хостан»-и «Қобуснома»-и хеш дар ин хусус ба гуфтаҳои Абуалӣ ибни Сино наздик сухан рондааст: «Эй писар, чун зан хостӣ, ҳурмати худро неку дор. Агарчанд чиз азиз аст, аз зану фарзанд азизтар нест ва чизе аз зану фарзанд дареғ мадор”.
Бузурге гуфтааст, ки занонро аз қабилаҳои бегона интихоб намоед, то сафи хешовандонатон зиёд гардад. Ин сухан беҳуда гуфта нашудааст ва дар он ҳикмати фаровоне ниҳон аст. Ҳар қадар ки хунҳои аз ҳам дури марду зан ҳангоми издивоҷ якҷоя мешаванд, ҳамон қадар фарзанди зебову солим ба дунё меояд.
Солҳо қабл аз ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд: «Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст… Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин, аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд».
Роҳбари давлат ҳамин омилро ба назар гирифта, соли 2015-ро дар кишвар «Соли оила» эълон карда буданд.
Инро ҳам бояд ёдовар шуд, ки тибқи моддаи 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин, додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустии маҳалли зисти онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризояти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо ашхосе ёфт мешаванд, ки бино бар нодонӣ, бехабарӣ ва ё бепарвоӣ оқибат ба парокандашавии оилаҳои ҷавон роҳ медиҳанд.
Набояд фаромӯш кард, ки банақшагирии оила ҷанбаҳои мусбат дорад. Агар ҳар як шахс дар банақшагирии оила талош варзад, сатҳи зиндагиаш баланд, саломатии модару кӯдак беҳтар гардида, дараҷаи ҳамлу бемориҳои гузаранда коҳиш ёфта, хароҷоти ёрии тиббӣ кам, иқтисодиёташ сарфа, таваллуди кӯдакон мувофиқи имкон ба низом даромада, тарбияи босифати фарзандон ба даст меояд.
Ҳар як падару модаре, ки фарзанд дорад, бояд бо он бикӯшад, ки фарзандаш солиму бардам бошад, зеро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мо — волидонро вазифадор намудааст, ки нисбат ба ин масъала бепарво набошем. Дар моддаи 8-уми қонуни мазкур зикр гардидааст, ки падару модар ва ё шахсони ивазкунандаи онҳо «барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё менамоянд».
Дар бораи оилаву оиладорӣ педагогҳои машҳури рус низ ибрози назар намудаанд, ки фикру ақидаи онҳо имрӯз ҳам қобили қабуланд. Чунончи, педагоги машҳур В.А. Сухомлинский дар боби тарбияи фарзанд ва оиладорӣ чунин гуфтааст: «Нахуст вазифаи оила тарбияи шоистаи фарзандон аст, мактаби асосии тарбия муносибати байниҳамдигарии зану мард, падару модар мебошад».
Педагоги дигари рус Макаренко ҳам доир ба ин масъала чунин мегӯяд: «Тарбияи хуб давлати пирии мост, тарбияи бад мусибат, ашки ҳасрат, гуноҳи азими мо дар назди тамоми кишвар мебошад».
Дар кишварамон ақди никоҳи шаҳрвандонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба танзим медарорад. Мувофиқи ин санади ҳуқуқӣ синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар шудааст. Инчунин, дар қонуни мазкур ақди никоҳро байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигар ба қайд гирифта шуда бошад, байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ), байни бародарону хоҳарони айнӣ ва угай (ки аз як падар ё модаранд), байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, байни тағо ва ҷиян, байни амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян, байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, байни фарзандхондагон ва фарзандхоншудагон, байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории руҳӣ ё сустақлӣ (ноқисулақлӣ)-аш ғайриқобили амал эътироф кардааст, байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби сӯиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст, манъ кардааст. Бино бар ин, аз падарону модарон, ҷавонон, омӯзгорон, табибон ва кормандони ҳамаи муассисаҳои давлатию хусусӣ тақозо мешавад, ки дар солимии оилаҳои ҷавон саҳмгузор бошанд, зеро солимии оила солимии давлат мебошад.
Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА,
номзади илми филология
