Барои муҳофизати Берлин 1 миллион нафар аскар, 10 ҳазор тӯпу минамёт, 1500 танк, 3300 ҳавопаймо истифода бурда шудааст. Инчунин, 200 ҳазор муҳофиз ихтиёрӣ дар Берлин ҷамъ шуда буданд. Муҳорибаи шаҳри Берлин – пойтахти Олмони фашистӣ, ки аз 16-уми апрел то 2-юми майи соли 1945 давом кард, аз бузургтарин муҳорибаҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Барои ишғоли шаҳри Берлин се фронт амал мекард, ки ба онҳо Г.К.Жуков, К.К. Рокоссовский ва И.С. Конев роҳбарӣ менамуданд.
Ҳуҷум соати 3.00 субҳ ба вақти Олмон сар шуд. Баъди 2 рӯзи муқовимат — 18-уми апрел Берлин ба муҳосира гирифта шуд.
Якуми май, соати 3.50 дақиқа ба штаби 8-уми артиш роҳбари штаби артиши пиёдагарди Олмон генерал Кребс оварда шуд, ки дар бораи худкушии Гитлер (30 апрел) хабар дод. Шаби 1 май дар баландии бинои Рейхстаг байрақи Ғалабаро разведчики рус М.А.Егоров ва гурҷӣ М.В. Кантария парафшон карданд. Рӯзи дигар гарнизони Берлин таслим шуд.
Коменданти якуми шаҳри Берлин – командири артиши 5-уми артиш, Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ генерал Н.Э. Берзарин таъйин шуд, то ки дар шаҳр тартибот ҷорӣ кунад.
Шаби 9 майи соли 1945, соати 00-43 дақиқа дар бинои омӯзишгоҳи ҳарбӣ – муҳандисии шаҳраки Карлхост акти бечунучаро таслим шудани Олмони фашистӣ ба имзо расид. Онро аз ҷониби Иттиҳоди Шуравӣ Г.К.Жуков ва аз тарафи Олмон Кейтел имзо гузоштанд ва ба ин муносибат 9 май – Рӯзи Ғалаба эълон гардид.
Муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардид. Дар ҷанг бештар аз 50 млн нафар одам талаф ёфт. Аз ин миқдор 27 млн нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ ҳалок шуда, боқимонда мардуми одӣ буданд. Талафоти танҳо халқҳои Шуравӣ 20 млн нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, бештар аз 90 ҳазор нафар аз фиристодагони Тоҷикистон аз майдонҳои ҷанг барнагаштанд.
Аз фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаи Берлин Ф.Ф.Чепурин унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравиро гирифтааст. Пӯлод Атоев барои штурми Рейхстаг ва Аҳмадҷон Рӯзиев барои дар дарвозаи Бранденбург овехтани Байрақи Сурх ба гирифтани ордени «Шараф» сазовор гардиданд. Дар муҳорибаи Берлин ҷанговарон Мастибек Тошмуҳаммадов, Исмоил Бурҳонов, Қаландар Ҳаитов ва садҳо дигарон ширкат доштанд.
Ба муносибати Ғалаба ба Олмони фашистӣ дар Майдони Сурхи Москва 24 июни соли 1945 паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки дар таърих бо номи Паради Ғалаба ёд мешавад.
Дар назди мавзолейи В.И.Ленин 200 парчами Олмони мағлубшуда партофта шуд. Паради Ғалабаро Маршали Иттиҳоди Шуравӣ К.К. Рокоссовский фармон дода, ҷонишини сарфармондеҳи Олӣ, Маршали Иттифоқи Шуравӣ Г.К.Жуков қабул кард. Барои саҳми беандоза ва корномаҳои бемисл 55 нафар ширкаткардаи ҶБВ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони баландтарини ҳукуматӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, даҳҳо нафари дигар бо ордени «Шараф» ва чандин унвону сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонда шуданд. Номи онҳо ҷовидонӣ буда, аз хотираҳои мардуми олам зудуда намешаванд.
Мирзоалӣ УМАРЗОДА,
омӯзгори МТМУ №1,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ