Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иқдоми саривақтӣ ба шумор рафта, 24-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Қонуни мазкур дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, марҳала ба марҳала тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодии ин равандро бомаром фароҳам месозад.
Бахусус, қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» дар роҳи амалӣ шудани сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Масъалаи мазкур дар моддаи 14 — и қонун ба таври зер таъкид шудааст:
“Муайян кардани нақш, ҷой, масъала, вазифаи ҳар як мақоми ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун унсури таркибии системаи ягонаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба амал бароварда мешавад”.
Масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан, дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, хурофоту бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, аз ҳарвақта бештар муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарур мебошад.
Қабули қонуни мазкур ба таҳкими ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва нигоҳдошти ҳувияти миллии шаҳрвандон мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ баланд бардошта, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон имконоти нав ба вуҷуд меорад.
Дар сатҳи қонун инъикос ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ, ҳамчунин, ба тақвияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли навраси солиму меҳанпараст заминаҳои зарурии ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Тарбияи ватандӯстӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намуда, ҳама гуна зуҳуроти номатлубро таҳлил ва танқид намояд, ватани хешро дӯст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд, ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад.
Дар қонуни мазкур тарбияи ватандӯстӣ чунин шарҳ дода шудааст: тарбияи ватандӯстӣ — фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст.
Аз тавсифи мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ бармеояд, ки тарбияи шаҳрвандон дар самти ватандӯстӣ кори як ё ду мақом набуда, дар ин раванд, тамоми субъектҳо, аз ҷумла, давлат, ҷомеа ва оила дар ҳамбастагӣ бояд фаъолият намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари дигар вазорату идораҳо дар татбиқи қонуни мазкур Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъектҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар асоси муқаррароти қонун Вазорати маориф ва илм вазифадор мегардад, ки вобаста ба тарбияи ватандӯстии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ нақша ва барномаҳои таълимиро тарҳрезӣ ё бознигарӣ намояд.
Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои қисми 3, моддаи 12 -и Қонун вазифадор мегарданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо (китобхонаҳои электронӣ (рақамӣ) ташкил намуда, дастрасиро ба манбаъҳои иттилоот, системаҳои ахборӣ — маълумотӣ ва ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин, ба манбаъҳои дигари иттилоот таъмин намоянд. Фонди китобхона бояд бо китобҳои дарсии чопӣ ва (ё) электронӣ, нашрияҳои методӣ ва даврӣ дар мавзуи тарбияи ватандӯстӣ таъмин бошанд.
Вазорати маориф ва илм вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ кумакҳои таълимию методӣ ва коркарди барномаҳои махсуси таълимиро ба роҳ монда, барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон корҳои муайянро ба анҷом мерасонад.
Дар умум, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” иқдоми саривақтӣ буда, дар оянда барои рушди давлати мустақили тоҷикон, тарбия намудани насли ватандӯсту ватанпараст, омода намудани мутахассисони ба давлат содиқ саҳми беназир хоҳад гузошт.
Фирӯзи СУЛТОНЗОДА,
муовини сардори раёсати
ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
