ТАҲДИД БА АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ИНСОНӢ

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ — экстремизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.
Дар шароити имрӯза созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони дорои руҳияи террористӣ фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ бераҳмона истифода менамоянд. Аз рӯйи таҳқиқоти олимони хориҷӣ, буҷаи умумӣ дар самти дастгирии терроризм ҳамасола аз 5 то 20 млрд долларро ташкил медиҳад.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо, имрӯз дар ҷаҳон наздики 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал менамояд. Аз соли 1968 то соли 1980 аз тарафи онҳо 6700 амали террористӣ анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа ҳазорон нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Дар низоми навини олам экстремизм яке аз масъалаҳои мураккабтарин ва пурихтилофтарин маҳсуб мешавад. Он дар навъҳо ва шаклҳои гуногун ба амал омада, вобаста ба макон ва замон хусусиятҳои гуногун пайдо менамояд. Махсусан, дар низоми нави олам яке аз шаклҳои манфуртарини он — терроризм мақоми хоса пайдо намуда, таваҷҷуҳи бисёре аз одамону наслҳои тараққиҳоҳ ва ходимони давлатию ҷамъиятиро ба худ кашидааст.
Терроризм одатан дар мамалакатҳое амалӣ карда мешавад, ки ҳаёти сиёсии онҳо ноором буда, дараҷаи татбиқи қонунҳо дар зинаи паст қарор гирифтааст.
Аз рӯйи инкишофи худ терроризм ба чунин шаклҳо тақсим мешавад: иҷтимоӣ (ё дохилӣ), ки мақсади он тамоман ё қисман тағйир додани ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат; миллатгароӣ, ки мақсадаш мубориза ба муқобили таъсири давлатҳо ва монополияҳои бегона аст; динӣ — мақсадаш мубориза ба муқобили ҷараёнҳои бегонаи динӣ, сарнагун кардани ҳокимияти дунявӣ ва барқарор намудани ҳокимияти динӣ мебошад. Вале ҳеҷ кадоме аз ин се шакли номбурда дар шакли тозаи худ амал кардан наметавонад.
Масалан, терроризми миллатгароӣ дар аксарияти мамлакатҳо бо терроризми динӣ омехта мешавад (махсусан, дар мамлакатҳои Шарқи Наздик).
Коршиносон бар ин назаранд, ки сабабҳои авҷи ифротгароӣ ва терроризм баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ заиф гардидани сиёсати давлат, бад шудани вазъияти иқтисодӣ, фасоди молӣ, паст гардидани сатҳи зиндагӣ, бекорӣ, заифии идоракунии давлатӣ мебошад.
Дар китобҳои илмӣ якчанд омили асосии зуҳури ифротгароӣ дар кишварҳои сеюм ё ин ки тозаистиқлол нишон дода шудааст.
Омили аввал — яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгароӣ ва террор ба паст шудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа вобастагӣ дорад. Тезутунд шудани зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба тақсимшавӣ ва аз ҳаёти иқтисодию сиёсии ҷомеа дур андохтани қишри васеи мардум, махсусан, ҷавонон боис мегардад.
Омили дувум — омили динист. Имрӯзҳо мафҳумҳои ифротгароии динӣ ва терроризм бисёр машҳур шудаанд. Маълум аст, ки асоси ҳама гуна динро эътиқод ба Худо ташкил медиҳад. Таълимоти ҳар гуна дин ба эҳтиром, дӯст доштан ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба мавҷудоти зинда асос ёфтааст.
Бояд дар назар дошт, ки дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои объективию субъективӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳҳо ва созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданд, ки ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боис шуд.
Дар бораи ифротгароӣ дар заминаи ислом бисёр мегӯянду менависанд ва чунин ба назар мерасад, қи гӯё ҳар як мусулмон ифротгаро буда, нияти таркондану сӯзонданро дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ (ҳоло Созмони Ҳамкории Исломӣ), ки дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: «Воқеияти дигари номатлуби ҷаҳони муосир алҳол ба терроризм, экстремизм ва манбаи хушунату зӯроварӣ нисбат додани ислом ва барои тамаддуни пешрафта ҳамчун хатар арзёбӣ намудани он мебошад. Бино бар он, зарурати муҳимтарин барои ҳамаи давлатҳои мусулмонӣ муборизаи муштарак ва муттаҳидона бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва терористӣ мебошад».
Ӯ моҳияти зиддиисломӣ доштани ин падидаро ошкор намуда, мефармояд: «Терроризм дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст, ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд».
Коршиносон таъкид карданд, ки ҷалби сокинони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба мухолифатҳои мусаллаҳонаи Сурия ба субот ва амнияти минтақа метавонад таъсири манфӣ боқӣ гузорад. Дар шароите, ки авзои дунё ба дунболи сард шудани муносиботи Русия бо Ғарб тағйир меёбад, масъулони кишварҳои минтақаи моро лозим аст қазияи фавқуззикрро таҳти омӯзиш ва баррасии доимӣ қарор диҳанд, зеро хуруҷи неруҳои низомии паймони НАТО аз хоки Афғонистон ба таҳарруки гурӯҳҳои тундраву ифротӣ дар наздики марзҳои кишварҳои ҶҚҲ оварданаш мумкин аст. Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар ҷанги шаҳрвандии Сурия ба муқобили ҳукумати Башшор Асад зархаридон аз 70 кишвари ҷаҳон меҷанганд. Ду сабаби иштирок кардани шаҳрвандони хориҷӣ (аз ҷумла, ҷавонони тоҷик) дар ҷанги шаҳрвандии Сурия мавҷуд буда метавонад: яке ба хотири ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ва дигаре бар асари пайравии ҷоҳилона ва кӯркӯрона ба ақидаҳои фиребандаи иртиҷоӣ. Дар ҳар ду ҳолат ҳам набудани саводи кофӣ ва дарку тасаввуроти нодуруст боиси ба дом афтодани ҷавонон мегардад. Аз ҳамин сабаб гунаҳкори асосӣ на ин ҷавонон, балки гурӯҳҳое мебошанд, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон нимпинҳониву нимошкоро (ба воситаи саҳифаҳои интернетии иҷтимоӣ) ба таблиғу ташвиқ ва ҷалб кардани ҷавонон ба ҷанги Сурия машғул буданд. Метавон гуфт, ки сарзамини Сурия ва мардуми Сурия ба майдони муборизаҳои беамони мусаллаҳона ва арсаи намоиши «ҳунарҳо»-и хадамоту сохторҳои махсуси абарқудратони ҷаҳонӣ мубаддал гашта буд.Ҷавонони тоҷик низ фирефтаи таблиғоту ташвиқоти дурӯғини «коргардонҳои пинҳонӣ»-и ин набард шуда, ҷони азизи худро аз даст медиҳанд.
Агар мо ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсонро гузошта, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор диҳем, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва динии ҷавононро баланд бардорем, зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузорем, метавонем бар зидди чунин ҳодисаҳои номатлуб устуворона мубориза барем ва ҷомеаи солиму ояндадор созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот, оромӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ моро ба ин мақсад мерасонад.

Қиматбӣ ФАХРИЕВА,
мудири китобхонаи коллеҷи
омӯзгории ДДК ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ