СИДҚИ СОДИҚ БА ВАТАН

“Шеъри Содиқи Завқӣ чун дилаш софу тоза аст.” Ин суханро шоири шаҳири миллат, устоди равоншод Лоиқ Шералӣ гуфтааст. Чунин баҳоро шоир аз ҷониби устодони соҳибном Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб, Абдулқодири Раҳим ҳам гирифтааст, дар хусуси он ки шеъри ӯ сухани худаш аст, тоза аст, оҳанги хос дорад. Номгузории китобҳояш сабки хос дорад, бубинед: “Субҳи содиқ”, “Чашми рӯз”, “Нигоҳи меҳр”, “Мароми зиндагӣ”, “Хаёли орзуҳо”, “Шаҳди ишқ”, ҳамчунин, “Драмаи Иллат”.
Яке аз маҷмуаҳои шеърии Содиқи Завқӣ – “Соҳили умед”, ки ба тозагӣ ба дасти мо расид, бо 21 боб мундариҷаи рангине дорад. Ҳар боб дар мавзуъҳои гуногун буда, эҳсоси шоирро ошиқонаву шоирона инъикос менамояд. Аз пурарзиштарин бобҳои китоб “Васфи Ватани маҳбуб” ном дошта, ба масъалаи ватану ватандорӣ бахшида шудааст ва 18 шеърро дар бар мегирад.
Содиқи Завқӣ аз шоирони замони Истиқлол аст, маҳз дар ҳамин давра шинохта шуд. Шеъри “Бар мардуми бенанг Ватан ҳайф аст” бо навову садои овозхони хушадо Содиқ Холов ӯро машҳур кард.
Барои шоир бенангӣ дар ватандорӣ салоҳ нест. Ин шеъри шоир даъвати хубест барои кулли онҳое, ки аз Ватан ор мекунанд. Шунидани ин шеър ба хонандаи баҳуш эҳсоси аҷибе мебахшад: ҷавонмардӣ, садоқат, муҳаббат ба Ватан. Матлаи шеър ҳадафмандона интихоб ва ба хонанда пешниҳод гаштааст:
Бар мардуми бенанг Ватан ҳайф аст,
Бар марди беирода сухан ҳайф аст.
Бале, ба марде, ки ирода надорад, сухан гуфтан бетаъсир аст. Ба Ватан мардони боирода лозиманд, мардоне, ки дар ҳифзи обу хоки диёр ва арзишҳои миллату давлат устувор бошанд.
Шоир барои таъсирбахш шудани сухан аз санъатҳои бадеӣ ҳамеша бамаврид истифода бурдааст. Калимаву ибораҳои шоирона, ки дар адабиёт фаровон ба кор мераванд, дар шеъри ӯ оҳанги наву тоза касб кардаанд. Чунончи, дар ин байт истифодаи гулу хор ва булбулу чаман таъсирнокии сухани шоирро дар боби ватандорӣ барҷастатар нишон медиҳад:
Гул дар назарат хор дур аз Меҳан,
Бар булбули беватан чаман ҳайф аст.
Дар шеъри “Ватан гуфтам” муҳаббати шоир ба Ватан хеле самимӣ садо медиҳад:
Ба ҳар ҷое, ки рафтам, ҳарф аз боби Ватан гуфтам,
Суруди меҳрборашро ба ҳар як анҷуман гуфтам.
Ин гуфтаҳои шоир ба ҳар дӯсту ошно аз сарсабзиҳои Ватан, панд додани фарзандон ба хотири қадршиносии Ватан, аз таъриху гузаштаи худ ҳарф задан ба хотири фаромӯш накардани парчами нанги ватандорӣ ҳам далели ватандӯстии худи ӯст. Оила, муҳит ва мактаб ниҳодҳои муҳимтарини таъсиррасонӣ ба эҳсоси ватандӯстии бачаҳо мебошанд.
Шоир Тоҷикистонро сидқан дӯст медорад, албатта, ба хотири он ки зодгоҳ ва маскани умедаш аст. Ӯ ончунон дилбастаи Ватан аст, ки ҳангоми аз он дур рафтан як навъ оҷизиву ноумедӣ ҳис мекунад:
Тоҷикистон, Тоҷикистон!
Ҳар қадар ки дур рафтам аз барат,
Дарк кардам, бе ту бепушту панаҳ, беёварам,
Сад даре дар мулки ғайр обод созам, бе дарам,
Дар самои ту фақат равшан бубинам ахтарам.
Ба ин тариқа, ҳар қадар ки аз Тоҷикистон дур меравад, ба “меҳру навозишҳои он, ба сангу хоку обу нону ҳар дарахту гиёҳи он, ба озодона хуфтану хестан, ба боми лойиву порисаи кӯйи дили худ” зор мешавад.
Шоир Ватанро на ба маънои зодгоҳ, балки фаротар аз он, шимолу ҷануб, шарқу ғарби кишвар медонад. Ӯ ифтихори худро аз тахти Сомон баён карда менависад:
Бо дили садпораам бо тахти Сомон зиндаам,
Бо Зарафшону Ҳисору бо Бадахшон зиндаам,
Бо суруду нағмаи ширини Хатлон зиндаам,
Дар диёри куҳнатаърихам ба ёрон зиндаам,
Тоҷи Ховар бар сарам бо Тоҷикистон зиндаам.
Содиқи Завқӣ, ки дар ҷавонӣ хидмати Ватан кардааст, ҳамеша “ба пой рост истодан”-ро дар ин росто вазифаи худ медонад. Ин аст, ки мегӯяд:
Фидо кунам барои ту сару дилу танам, равост,
Зи файзи обу хоки ту ҷаҳони ман пур аз вафост.
Шеъри шоири ватансаро мавриди овозхонии сарояндагони мумтоз гардидааст. Бубинед:
Диёри ман, биҳишти ман,
Замину обу кишти ман,
Ҳаёту сарнавишти ман,
Ҳамеша дар сиришти ман.
Ватан, эй Ватан,
Ватан, эй Ватан!
Мушкили ғарибии ҳамдиёрон албатта, дарди рӯз аст ва наметавон аз он фирор кард. Ин мавзуъ басе нороҳаткунанда буда, таърихи дерина дорад. Сурудаҳои мардумӣ дар ин мавзуъ далели ин маъниянд. Содиқи Завқӣ бар ин назар аст, ки ба ҷойи ба бегона ройгон хидмат кардан мулки худро обод кардан беҳтар аст. Ватан обрӯву ифтихори мост, ба қавли шоир:
Дар Ватан болонишинӣ аз нигоҳи эътибор
Паст метобӣ ба боми дидаҳои мулки ғайр…
Адабиёт тарбиягари руҳи инсонҳост. Шеъри шоирон аз ин ҷиҳат имкони бештари таъсиррасонӣ дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шаклу зинаи таълим, ҳамчунин, дар тамоми маҳфилҳои расмию ғайрирасмӣ аз шеър истифода мешавад. Доди ватанхоҳӣ дар эҷодиёти шоирони давр садои баланд дорад, ки шеъри Содиқи Завқӣ намунае аз онҳост. Омӯзгоронро мебояд дар маҳфилҳои беруназсинфӣ, дарсҳои тарбиявӣ ва иншои хонагӣ аз чунин мавзуъҳо истифода баранд, яъне, ашъори ватанхоҳонаи шоиронро барои азёд кардан ба шогирдон пешниҳод намоянд, дар шарҳи ин мазмун навиштани иншои хонагӣ супориш диҳанд.
Саидаи ФАЗЛ