“МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?” – БЕҲТАРИН ДАЪВАТ
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?
Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҳақ ба ҷониби шоири ҳақгӯю шодравон маъруф Ғаффор Мирзо аст, ки ин маъниро бо воситаи шеър ифода кардааст. Ҳар яки моро мебояд дар ҳифзи амнияти кишвару давлату миллати худ ба ин гуна ашъори пандомӯз такя намоем.
Аз муҳимтарин омилҳое, ки барои пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ мусоидат менамояд, мустаҳкам будани робита бо ҷомеа аст. Ба назарам, зарурати чунин робита ба соҳаи маориф ва ҳарбӣ бештар эҳсос мешавад. Соҳаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ маҳз тавассути муносибати солими ҷомеа бо масъулини ниҳодҳои марбута метавонад рушд кунад. Маълум аст, ки ҳамасола барои сафарбар намудани наваскарон расман ду давра — маросими ҷалб ва даъвати ҷавонон ба хидмати Ватан сурат мегирад. Шикояти зиёди ҷомеа аз масъулини ин ниҳод далели он аст, ки ҳанӯз бисёриҳо ба дарки зарурати робитаи солим сарфаҳм нарафтаанд. Қувваҳои мусаллаҳ ҳомии давлату мардуму сарзамини моянд, аз ин рӯ, барои хидмат дар сафҳаи он беҳтаринҳо бояд ҷалб гарданд.
Боиси хушнудист, ки ҷалб намудани ҷавонон ба хидмати Ватан аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби олӣ натиҷаи хуб ба бор оварда истодааст. Мо тавассути матбуот, бахусус, телевизион ва инчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки дар сафи хидмат қарор доштани ин ҷавонон эътибори бештар дорад. Чунки онҳо маърифати баланди ватандориро аз худ карда, ихтиёран ба хидмати Ватан ҳозир мешаванд.
Беҳтарин воситаи ҷалби ҷавонон дар умум, ташкил кардани робита бо ҷомеа аст. Ин робитаро ба воситаи ташкили вохӯриҳо дар маҳалҳо ва корхонаҳо бо падару модарон ва ҷавонон барқарор ва устувор кардан мумкин аст.
Агар чунин натиҷа даст диҳад, бовар дорам, ҷавонон бо ихтиёри худ ба хидмат мепайванданд ва беҳудагӯиҳо ҳам кам мегарданд. Аз ҷониби дигар, мо метавонем ба дарки ҳидоятҳои ҳикматбори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, Ватанро ҳамчун модари худ дӯст дорем, ба қадраш расем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ҷамолиддин НАБИЕВ,
муовини раиси шаҳраки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ