Шарти хеле муҳимми баланд бардоштани сифати кори тарбиявии роҳбари синф маҳорат ва лаёқати педагогии ӯ мебошад. Роҳбари синф бояд хонандагонро беҳуда сарзаниш накунад. сабабҳои камбуди дар раванди хониш ва рафтори хонанда содиршударо фаҳмида, ба ӯ доир ба бартараф намудани ин норасоиҳо маслиҳатҳои оқилона диҳад. Надонистани сабабҳои хатокорӣ ва камбуди рафтори хонанда, аксар ба тадбирандешӣ ва баҳодиҳии шитобкорона боис мешавад.
Роҳбарони синф бояд чун одат ҳамаи ҷиҳатҳоро андешида, ниҳоят эҳтиёткоронаву боназокат амал кунанд.
Дар ин масъала вай бояд бодиққат бошад ва ҳамаи кирдор ва амали хонандагонро омӯзад ва танҳо баъди ин кор усули педагогиро ба кор барад. Дар таҷриба дар як мактаб чунин воқеа рӯй дод: Хонанда ба дарс дер монд. Ба саволи роҳбари синф дар бораи дер мондани худ ба дарс чунин гуфт: «Иҷозат диҳед, сабаби дер монданамро баъди дарс ё дар алоҳидагӣ ба худатон гӯям». Аммо роҳбари синф сабаби дер мондани ӯро фавран ва дар ҳузури хонандагон (ҳамсинфонаш) донистан мехост. Вале ба нигоҳи хиҷолатмандонаи талаба нигариста, ӯ розӣ шуд. Дар вақти танаффус роҳбари синф фаҳмид, ки хонанда ҳангоми ба мактаб омаданаш бо пиразане вохӯрдааст, ки бо халтаи пур аз картошка базӯр роҳ мегашт. Хонанда халтаи картошкаи пиразанро гирифта, то хонааш бурдааст. Пиразан ба ӯ 5 сомонӣ доданӣ шудааст, вале ӯ пулро нагирифта, гуфтааст, ки ӯ ин корро аз рӯй васияти раҳматии падараш кардааст. Бо вуҷуди ин, пиразан пулро оҳиста дар кисаи хонанда гузоштааст. Дар роҳ ба сӯи мактаб хонанда дидааст, ки дар кисааш 5 сомонӣ пайдо шудааст. Ба хулосае омадааст, ки ин ҳамон пули пиразан ба ӯ пешниҳодкарда мебошад ва аз роҳаш гашта пулро ба пиразан баргардонидааст.
Роҳбари синф хонандаро ба фавран гуфтани сабаби дермонияш маҷбур накард, ки ин бечунучаро рафтори дуруст мебошад. Дӯст доштан ва ҳурмат кардани бачаҳо, барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва кори тарбиявӣ, муҳаббати оқилона ва ҳурмат кардани хонандагон низ ёрии калон мерасонад. Агар роҳбари синф ба хонандагони худ бепарвоёна ва хусусан, бе эҳтирому бо такаббур муносибат кунад, худи ҳамин ӯро аз хонандагон дур карда, байни онҳо мушкили ба миён меорад.
Баъзе роҳбарони синф нодуруст чунин мепиндоранд, ки гӯё бо хонандагони беинтизом, ақибмонда бе шавқу ҳавас, ҷиддӣ гуфтугӯ кардан лозим аст.
Бо чунин хонандагон ғамхорона, ҳалимона ва зиракона муносибат кардан бештар таъсир мебахшад. Албатта, баъзан аз бачаҳо ҳатман талаб кардан лозим аст, ки қоидаҳои одобро дар мактаб итоат карда, қоидаҳои талабагӣ, одобу рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар дастуру супоришҳоро риоя намоянд.
Ташкил ва методикаи корҳои таълимию тарбиявӣ доим инкишоф ёфта, мукаммал мегардад ва агар роҳбари синф аз инкишофи илми педагогика бехабар монда, усулҳои нави тарбияро ба кор набарад, вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро бе нуқсон иҷро карда наметавонад. Роҳбари синф ба фаҳмишу донишҳои пештар азхудкардааш дар ҳар лаҳза такя карда наметавонад, зеро кори тарбия доимо гуногуншаклиро талаб мекунад.
Кори мустақилонаи инфиродии роҳбари синф доир ба баланд бардоштани ихтисоси касбӣ одатан ба шаклҳои кори коллективона вобаста мебошад. Ин кор ба роҳбари синф имкон медиҳад, ки ба маҷлису конфронсҳои назарӣ ва маҳфилҳо, семинарҳои фаннӣ, шабнишиниҳои фаннӣ, вохӯрӣ бо ягон олими соҳаи равоншиносӣ ва педагогӣ иштирок намуда, суханронӣ омода созад.
Бо кори баланд бардоштани ихтисоси роҳбарони синф одатан бояд маъмурияти мактаб, раиси созмони талабагӣ, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, раиси иттифоқи касаба ва роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ машғул шаванд. Масъалаи роҳбарони синф ва ё кори бо тарбия машғул шудан, методикаи ӯ ва дигар паҳлуҳои илмию методии ин кор дар маҷлиси назди директор ва шурои педагогӣ бояд мавриди баррасӣ қарор гирад.
Бегмуҳаммад ШОДИЕВ,
Фароғат РӮЗИЕВА,
омӯзгорони литсейи № 3, барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе