Омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ яке аз воситаҳои муҳимми баландбардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон ба василаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгори муваффақу навовар, метавонанд донишу маҳорат ва муносибати худро вобаста ба таълим беҳтар намуда, дар раванди фаъолияти худ тағйирот ворид кунанд. Омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ яке аз вазифаҳои асосии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он ҳамчун ниҳоди такомулу таҳаввули маҳорати касбии омӯзгорон масъул ба шумор меравад.
Масъалаи мазкур ба воситаи Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Такмили маҳорати педагогӣ»-и ДҶТИБКСМ назорат карда мешавад.
Чун сухан аз маҳорати таҷрибаи педагогӣ ба миён меояд, беихтиёр симои нуронии ду мутахассиси варзидаи соҳаи маориф, ки солҳои зиёд умри худро сарфи тарбияи шогирдон кардаанд, пеши назар падидор мешавад: омӯзгорони собиқадор ва мактабшиноси соҳибтаҷриба Тӯтихон Девоншоева ва Мусаллама Ҳамидова.
Тӯтихон Девоншоева пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолияти худ-ро ҳамчун мураббии мактаб-парваришгоҳи №1-и шаҳри Хоруғ оғоз намуда, то вазифаи сармутахассиси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст. Алҳол ба сифати омӯзгори калони кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ ба мудирон ва мураббияҳои кӯдакистонҳо аз таҷрибаи бисёрсолаи хеш сабақ меомӯзонад. Ӯро ҳамчун мутахассиси варзида зуд-зуд барои санҷиши фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равон мекунанд, аз ӯ маслиҳатҳои методӣ мепурсанд. Ба семинар ва дигар чорабиниҳо даъваташ мекунанд. Вақте ба утоқи кориаш ворид мешавед, ӯро доимо саргарми тартиб додани ин ё он нақша, ё омодагӣ ба машғулияти оянда мебинед. Ҳар лаҳза шогирдонаш занг зада, аз саломатию аҳволаш пурсон мешаванд. Тӯли солҳои кораш садҳо шогирдро тарбия намудааст, ки дар тамоми шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд. Натиҷаи хидматҳои арзандааш дар соҳаи маориф аст, борҳо бо ифтихорномаҳо, медали «Хизмати шоиста» ва нишони «Аълочии маорифи ҶТ» қадр шудаанд.
Мусаллама Ҳамидова соли 1978, пас аз хатми ДДОТ ба номи С.Айнӣ фаъолияташро ҳамчун омӯзгори забони англисӣ дар мактаби рақами 32-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намудааст. Соли 2004 дар озмуни лоиҳаи «TEA – Proqram», ки бо ташаббуси сафорати Амрико дар ҷумҳурӣ ташкил шуд, ғолиб гардида, тӯли 75 рӯз дар муассисаҳои шимолии ИМА таҷриба омӯхтааст. Аз соли 2006 дар донишкада, дар кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ба сифати омӯзгори калон фаъолият дорад. Дар хислатномааш чунин омадааст: ”Мавсуф шахси оромтабиат ва меҳнатдӯст буда, дар байни коллективи донишкада соҳиби иззату эҳтиром аст. Ӯ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисиро бо усулҳои нави таълим баҳраманд гардонад. Ҳангоми фаъолият бо ҳамкорон муносибати хуби корӣ дорад. Супоришҳои маъмурияти муассисаро сари вақт иҷро намуда, кӯшиш менамояд, ки ба боварии роҳбарияти муассиса сазовор бошад”.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ Мусаллама Ҳамидова беш аз 40 мақолаи илмӣ-методӣ оид ба таълими фан, дастурҳои методӣ, барнома ва тестҳо доир ба забони англисӣ таҳия ва нашр намудааст. Муаллифи китоби дарсии забони англисӣ барои синфи 5 ва дастури таълимӣ барои синфҳои 5, 6, 7 мебошад.
Ҳабиба ШАРОФИДДИНОВА,
ходими илмии Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Такмили маҳорати педагогӣ»-и Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф