ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ боис шавад. Ҳамин аст, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул кард.
Ҳоло буҳрони экологӣ на танҳо ба ноҳия ё минтақаи алоҳида, балки ба тамоми кураи Замин таҳдид карда истодааст.
Эълон гардидани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” масъулияти ҳар як фардро баланд мебардорад, хусусан, нақш ва мақоми омӯзгорон дар татбиқи ин ташаббус бузург аст.
Натанҳо дар як соати дарсӣ, балки дар лаҳзаҳои берун аз дарс бояд ҳар яки мо барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист тадбирҳои амалӣ андешем.
Фаромӯш набояд кард, ки ҳифзи муҳити зист кафолати муътадилии фаъолияти олами зинда ва дар маҷмуъ, одамон ва фаъолияти онҳо мебошад.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари обҳои мусаффо шинохта шудааст ва 93 дарсадашро кӯҳҳо ташкил медиҳад.
Солҳои ахир муносибати нодурусти одамон ба табиат, аз меъёр зиёд ва бетартибона ҷамъоварӣ кардани рустаниҳо, шикори ҳайвонот ва дигар омилҳо сабаби кам гардидани намудҳои зиёди набототу ҳайвонот гардида истодаанд.
Дар натиҷаи истифодаи нодурусти замин, афзоиши босуръати аҳолӣ, ба эътибор нагирифтани шароити муҳит ва мувозинати экологӣ, инчунин, афзудани дахолати инсон ба табиат, муҳити зист харобу ҳаво олуда шудааст, ки ин ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.
Инсон дар муҳити тозаву озода умр ба сар бурда, дар аксар ҳолатҳо аз ҳавои заҳролуд ва мутобиқат накардани муҳити зист ба организм саломатии хеш ва атрофиёнро аз даст медиҳад, ки ин дар ҳақиқат, нигаронкунанда мебошад.
Аз ҷумла, ҷангалҳо, пеш аз ҳама, манбаи асосии маводди сохтмон ва соҳаи химия ба ҳисоб меравад, лекин, ҳамчунин, хусусияти танзими об, ҳифзи хок, вайрон нашудани қабати атмосферӣ ва ҳосил кардани ҳавои тозаро дорад.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар шароити ҳозира яке аз воситаи тарбияи одамон, алалхусус, ҷавонону наврасон, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо мебошад, ки аз оила, кӯдакистон, мактаб, сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори умум ва ғайра маншаъ мегирад.

Хурсанд НУРОВ,
омӯзгори география
ва экологияи гимназияи
ноҳияи Балҷувон