ҶИЛОИ ОТАШАКҲО

Дар табиат организмҳои зиндаи гуногуни аз худ рӯшноифкананда мавҷуданд, ки онҳоро манбаъҳои рӯшноии табиӣ мегӯянд. Кирмҳои шабчароғ ё худ оташакҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин ҳашарот ба ҳисоби миёна аз 3 мм то 3 см дарозӣ дошта, аксар шакли ҳамвор доранд. Қисме аз онҳо парвоз карда метавонанд.
Энтомологҳо қариб 2000 намуди кирмҳои шабчароғро шинохта, тарзи зисти зиёда аз 800 намуди онҳоро омӯхтаанд.
Оташакҳо қобилияти баланди биолюминесенсионӣ доранд. Ҳатто, тухмҳои гузоштаи онҳо муддате шуоъафканӣ мекунанд. Оташакҳо бо шуоъафканиҳо рангҳои гуногун зоҳир мекунанд. (Масалан, гамбускҳо афканишоти сурхранг, сабзранг, кабудранг, тилоранг). Организмҳои кирмҳои шабчароғ, яъне, оташакҳо заҳрнок мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки онҳо туъмаи дигарон нагарданд. Оташакҳо ба воситаи тухмгузорӣ афзоиш мекунанд. Зиндагии онҳо 4 давраро дар бар мегирад:
a) Давраи дар тухм будан (3-4 ҳафта);
б) Давраи кирмакӣ ё нимфа (аз 3 моҳ то 1,5 сол);
в) Давраи зочагӣ (1-2 ҳафта);
г) Давраи мустақилона зиндагӣ кардан (қадрасӣ) ё имаго (3-4 ҳафта).
Реаксияи химиявие, ки дар организми кирмҳои шабчароғ бо иштироки лютсеферин, лютсиферазҳо ва АТФ (кислотаи аденозинтрифосфорӣ) мегузарад, боиси ҷудо шудани энергия дар шакли рӯшноӣ мегардад. Ин шуоъҳо бо ёрии кристаллҳои кислотаи пешоб инъикос шуда, ба самти даркорӣ фиристода мешаванд. Шуоъҳо бадани оташакҳоро қариб, ки наметафсонанд. Самаранокии равшанидиҳии кирмҳои шабчароғ аз 87 то 98%-ро ташкил медиҳад (барои дуруст тасаввур кардани фоизи нишондодашуда бояд гуфт, ки дар чароғҳои барқии тафсонише, ки дар хонаҳоямон истифода мекунем, ин нишондиҳанда ба 5% мерасад. 95%-и энергияи барқ барои тафсондани танаи чароғ беҳуда сарф мешавад). Кирмҳои шабчароғ бо ёрии импулсҳои аз мағзи сарашон фиристодамешуда дурахшонии афканишотҳояшонро идора ва каму зиёд мекунанд.
Шуоъафкании гамбускҳо як тарзи муоширати байниҳамдигарии намудҳо буда, пеш аз ҳама, ҷустуҷӯи шарики худро нишон медиҳанд (мисли он ки «розӣ ҳаст ё розӣ нест»). Нарина дар баландиҳо парвоз карда, афканишот мекунад. Модина аз пастӣ, яъне дар болои алафҳо истода, афканишоти ҷавобӣ мекунад. Нарина ва модинаи онҳо дар болои замин ё алафҳои паст ҷуфт мешаванд. Ин ҷуфтшавӣ 1-3 соат давом мекунад. Баъд аз он, модина дар чуқуриҳои хок, қисми поёнии баргҳои растаниҳо ё ушнаҳо то 100 дона тухм мегузорад.
Дар замонҳое, ки одамон энергияи барқро намедонистанд, кирмҳои шабчароғро дастгир карда, дар қафасҳои махсус ва дертар дар банкаҳо ҷой дода, барои равшанкунии хонаҳояшон истифода мебурданд. Занҳо онҳоро барои дар шабнишиниҳо иштирок кардан ҳамчун воситаи ороишдиҳанда дар мӯйи сарашон ва либосҳояшон баста мемонданд. Одамон барои дар торикӣ роҳ рафтан ва тарсондани морҳо оташакҳоро дар банди пояшон мебастанд. Бо чунин амалҳояшон нисбат ба кирмҳои шабчароғ рафтори ваҳшиёна менамуданд. Дар замони мо боғҳову заминҳои корамро коркарди химиявӣ мекунанд, ки ин боиси кам ва нест шудани кирмҳои шабчароғ ё худ оташакҳо мегардад. Барои васеътар шудани донишҳо доир ба кирмҳои шабчароғ донистани маълумоти зайл аз аҳаммият холӣ нест:
– Замоне дар Ҷопон бо истифодаи рӯшноии кирмҳои шабчароғ китобхонӣ мекарданд.
– Дар Ҷопон ҳамасола иди «Оташак»-ҳо баргузор мешавад. Дар ин рӯз одамон дар назди маъбадҳо гирд омада, аҳлона афканиши оташакҳоро тамошо мекунанд. Ин кирмакҳоро бо самти ҷараёии дарёҳо ҳамчун рамзи руҳи мурдагон сар медиҳанд.
– Дар Ҷопон оташакҳои обӣ низ ҳаёт ба сар мебаранд. Ин оташакҳо моллюскҳо ва кирмҳои тасмашаклро истеъмол мекунанд ва ба ин васила ба шолипарварон ёрӣ мерасонанд. Ин намуди оташакҳо ҳангоми ба шикор машғул буданашон аз худ рӯшноии осмониранг дурахшон меафкананд.
– Олимони Институти кайҳоншиносии Амрико NASA усули аз бадани оташакҳо ҷудокунии лютсеферин ва лютсиферазро омӯхта, онро барои тадқиқи мавҷуд будани ҳаёт дар сайёраҳои Офтоб истифода мебаранд. Ин моддаҳо ҳангоми мавҷуд будани манбаи универсалии ҳаёт-кислотаи АТФ дар худ рӯшноӣ коркард мекунанд. То кунун дар ин ҷода муваффақияте ба даст наомадааст.
– Дар Зеландияи Нав ғоре бо номи Glowworm Caves (ғори оташакҳо) мавҷуд аст, ки дар он оташакҳо ҳаёт ба сар мебаранд. Он ғори машҳур аз ҳисоби афканиши оташакҳо ҳамеша дурахшон аст.
Музаффар FАФУРОВ,
саромӯзгори кафедраи
табиӣ-риёзии
коллеҷи омӯзгории
ДДБ ба номи Носири Хусрав,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон