Ҳамагон огоҳем, ки 20 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар аксар соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Дар ин раванд «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ин ташаббусҳои Тоҷикистон мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд ва барои болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар баробари мулоқот бо роҳбарони чандин кишвар ва созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар доираи ин конфронси байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд. Зимни мусоҳиба Сарвари кишвари мо оид ба иқдомоту талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар соҳаи об, аз ҷумла, дар масъалаҳои тадорукотии баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафҳои асосии пешниҳоди ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 ҳар сол таҷлил кардани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, омодагии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла, пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 андешаронӣ карданд.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамаи ин ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии аксари кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегарданд. Ҳамкории пурсамар дар арсаи истифодаи оқилонаи захираҳои об имкони бо об таъмин намудани аҳолии кишварҳои минтақаро фароҳам оварда, дар баробари ин, ба ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффост ва муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ боиси ҷалби сайёҳон ва меҳмонони зиёд мегардад ва бовар дорем, ки ин ҳама иқдомҳои наҷиби Сарвари кишвар дар баробари омилҳои дигар барои рушди иқтисоди мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”,
вилояти Суғд
