ШАРИФУ КОРДОНУ ОЛИҲИММАТ

Устод Ғафур Носиров машъалафрӯзи роҳи шогирдон ва яке аз чеҳраҳои шинохташудаи аҳли маорифи шаҳри Панҷакент ба ҳисоб рафта, тамоми ҳаёти пурсамари хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас кардааст ва сарафрозии худро аз ин касби пуршараф медонад. Ин марди шарифу соҳибэҳтиром 89 — сола буда, айни замон дар иҳотаи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронад. Дар ин синну сол даст ба кори эҷод задан кори осон нест ва ҳатто боварнакарданист, хоса дар риштаи назм ва аз ҳама аҷибаш он ки ҳамаи эҷоди шоир пас аз 85 — солагӣ сурат гирифтааст.
Ин омӯзгори собиқадор, ба ифодаи устод Рӯдакӣ, аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифта, бардоштҳои худро аз ин ҷодаи пур аз шебу фароз дар қолаби назм бо тахаллуси “Ғуфрон” рӯи коғаз овардааст, то ин ки ба василаи ин гуфтаҳо, ки орӣ аз даъвои шоириянд, насли наврасро тарбия намояд, бар замми ин, аз худ нишоне боқӣ гузорад. Ҳастии инсон ва фаъолияташ бо заҳмати пурсамари ҳамешагӣ пайванд мебошад.
Пири хирад — бобои Ғуфрон муаллифи маҷмуаҳои “Ёдгори умр”, “Давоми умр”, “Дилшод ва Гулшан”, “Насиҳат ба фарзанд” ва “Ҳадафнома” мебошад, ки дастраси хонандагони закитабъ гардидааст. Достони “Дилшод ва Гулшан” маҷмуаи сеюми омӯзгори собиқадору равшанзамир Носиров Ғафуров (бо тахаллуси Ғуфрон) буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муаллиф аз гузашти рӯзгор ва бардоштҳои зиндагӣ сабақи хуб гирифтааст.
Устод Ғуфрон сарояндаи воқеии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол аст. Дар ашъори ӯ васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол, қадршиносии шахсият ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ва истиқлоли воқеӣ мақоми махсус дорад.
Дар ғазали “Дӯст медорад туро” Пешвои кишварамонро “сарвари маснаднишини боргоҳи тоҷикон” номида, афзудааст, азбаски тамоми ҳастии худро барои миллат бахшидаанд, тамоми мардум: хоҳ мусулмон ва хоҳ ғайримусулмон, халқи Ҳинду Чину Ҷопон ва ҳамчунин аҳли зиндон, ки пайваста дар мавридҳои муайян афв мешаванд, дӯст медоранд.
Дар мухаммасе ҷаҳду талошҳои Сарвари давлатро дар роҳи барқарор кардани сулҳу ободӣ ба таври барҷаста ба риштаи назм кашида, афзудааст, ки давлати пошхӯрдаро якҷо карда, дар миёни мардумат тухми муҳаббат коштӣ, теппаи Шоҳон-Зиғарро ҳамвор намуда, байни Қулмаву Кошғар роҳи нав бунёд кардӣ.
Дар достони “Дилшод ва Гулшан” Дилшод образи Пешвои муаззами миллат мебошад. Шоир ҳисси эҳтироми худро ба Сарвари давлат хеле самимӣ ба қалам додааст ва таманно намудааст, ки Дилшод доимо дилшод бошад:
Дигар Дилшоди мо дилшод бошад,
Чу Гулшан хонааш обод бошад.
Шоир дар достон 22 сифатро ба Дилшод нисбат додааст: “халиму бовафову марди оқил”, “сиёсатпешаву марди сухандон”, “ҷаҳондону ҷаҳонсанҷу ҷаҳонгард”, “ҳақиқатҷӯю наттоқу абармард”, “сипаҳсолори сулҳу қавму миллат”, “адофаҳму закӣ, кони фаросат”, “баландандешаву соҳибматонат”, “зарифу кордону олиҳиммат”, “тамаддунсозу тақдирсози кишвар”, “сафобахшандаву файёзи кишвар” ва ҳамин фазилатҳои Дилшод боис гардида, ки “Гирифт ӯ рутбаи Пешвои миллат”. Фазилатҳои номбаршударо шоир ба тариқи зайл ба риштаи назм кашидааст:
Ташаббускории Дилшоди одил,
Ҳалиму бовафову марди оқил.
Сиёсатпешаву марди сухандон,
Адолатхоҳ бар авлоди инсон,
Ҷаҳондону ҷаҳонганҷу ҷаҳонгард,
Ҳақиқатҷӯю наттоқу абармард,
Сипаҳсолори сулҳу қавму миллат,
Ҳамеша душмани ҷангу адоват,
Адофаҳму закӣ, кони фаросат,

БАЛАНДАНДЕШАВУ СОҲИБМАТОНАТ…
Як қисмати достон “Гулгулшукуфии Гулшан ва номвари ҷаҳонӣ шудани Дилшод” унвон гирифтааст. Дар ин қисмат сухан дар бораи нашъунамои мулки Гулшан, обод шудани деҳаҳо, таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, бунёди боғу бӯстонҳо, ки ҳамаи ин комёбиҳо,- аз нигоҳи шоир,- аз “ташаббускории Дилшоди одил” шаҳодат медиҳад. Тавре ки муаллиф менигорад:
Гарав монд ӯ сараш аз баҳри миллат,
Ато кард ӯ ба мардум сулҳу ваҳдат.
Барои бахти инсон фикр мекард,
Адолат бар забонаш зикр мекард.
Дар ҷойи дигар бо ифтихор мегӯяд:
Канори адли ӯ поён надорад,
Чунин ҳиммат Анӯширвон надорад.
Тавре ки дар достон ишора рафтааст, яке аз ҳадафҳои нахустини Дилшод таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар буд. Ҳамин марому мақсадро ба таври зайл овардааст:
Зи ҳарфи аввалин пур шуд даҳонаш,
Каломи сулҳ омад бар забонаш.
Бигуфто: — Ман бисозам сулҳу ваҳдат,
Бурун меоварам аз ҷанг миллат.
Дилшод қасам ёд мекунад, ки агар бар миллати хеш сулҳу ваҳдат наорам, шири модар ба комам заҳр гардад:
Наорам сулҳ агар бар мулку кишвар,
Ба комам заҳр бодо шири модар!
Ин марди хирадманду рӯзгордида дар интиҳои достон ба Дилшод фотиҳаи роҳи сафед медиҳад ва таманно менамояд, ки бахту толеаш доим фархунда бошад ва умри тӯлонӣ бубинад:
Илоҳо, давлаташ пояндатар бод,
Ҳамеша толеаш фархундатар бод!
Забони душманаш кӯтоҳ гардад,
Забонаш баставу гумроҳ гардад!
Ба мулки Гулшан осебе наояд,
Сабо гулҳои уммедаш кушояд.
Бихоҳам умри тӯлонӣ бубинад,
Зи гулзори умедаш гул бичинад.
З. АҲАДОВ,
Р. РАМАЗОНОВА,
устодони кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири факултети психологияи ДДОТ
ба номи Садриддин Айнӣ