Ҷумъамурод Қаноатов соли 1955 дар деҳаи зебоманзари Вешканди ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш паси сар кардааст. Ӯ мактаби деҳаро бо баҳои “аъло” хатм намуда, бо дуои неки падару модар ҷониби шаҳри бостонии Хуҷанд роҳ пеш мегирад. Чун аз бачагӣ ба омӯхтани забон ва адабиёти рус таваҷҷуҳи беандоза дошт, мутолиаи зиёд ӯро забондон карда буд. Дар замони мактабхонӣ ба забони русӣ озодона ҳарф заданаш ҳаваси ҳамсинфонро меовард. Ин буд, ки соли 1974 ба бахши забони русии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳуҷҷат супорида, донишҷӯ шуд.
Дилбастагии зиёд ба адабиёти рус ӯро ба омӯзиши асри тилоии назми рус, асри XIX шавқманд мегардонад. Устод дар байни шоирони маъруфи рус бештар ба Александр Пушкин, Михаил Лермонтов, Афанасий Фет, Владимир Раевский, Сергей Дуров таваҷҷуҳ дошта, аз тамоми осору ашъори ин мутафаккирони рус огаҳӣ пайдо карда буд. Инчунин, ба ашъори шоири масалсарои рус Иван Андреевич Крилов (1769-1844) ва Иван Захарович Суриков (1841-1880) таваҷҷуҳи хоса доштааст. Устод, ки худ аз зодагони кӯҳҳои баланд буд, ба мутолиаи шеърҳои Суриков шавқи зиёд дошт, зеро мазмуну муҳтавои ашъори шоир ӯро ба хаёли деҳаву кори саҳро мебурд.
Ҷумъамурод Қаноатов ягона донишҷӯе буд, ки миёни ҳамсабақон адабиёти руси асри XIX-XX-ро хеле амиқ меомӯхт.
Ҷавони ҳушманд соли 1977 донишкадаро бо дипломи сурх хатм намуда, муддате ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мешавад. Дар ин замина сарчашмаҳои муътамади илмиро дар мавзуи “Шоирони асри XIX-и рус ва нақши онҳо дар рушди адабиёт” ҷамъоварӣ менамояд. Вале бо сабабҳои вазъи оилавӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро канор гузошта, дар паҳлуи волидайн қарор мегирад. Ӯро ба Ӯротеппа (Истаравшан) мефиристанд ва як муддат ба талабагони ин минтақа аз фанни забони русӣ дарс мегӯяд. Аммо меҳри диёр ӯро ба деҳа бармегардонад. Малакаи баланди дарсгӯияш буд, ки дар як муддати кӯтоҳ ҷавонони деҳа забони русиро хеле хуб аз худ намуда, дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамуданд.
Ҳамсари устоди зиндаёд Ҳафиза Умарова низ яке аз донандагони хуби забону адабиёти рус буда, дар овони донишҷӯӣ ҳамеша вақти худро бо устод дар китобхонаҳо барои омӯхтани илму дониш мегузаронид. Бо амри тақдир муаллима баъди беморӣ дунёро падруд гуфт. Ҳам ӯ ва ҳам устод Ҷумъамурод Қаноатов бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонда шудаанд.
Воқеан, устод баробари омӯзгорӣ ба тарҷумонӣ низ машғул буд. Беҳтарин шеърҳову ҳикояҳоро барои хурдсолон аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума мекард. Чандин рисолаи номзадӣ ва докториро дар соҳаҳои гуногун, ба мисли филология, фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ аз забони тоҷикӣ ба русӣ ва ё баръакс тарҷума кардааст.
Устоди зиндаёд Ҷумъамурод Қаноатов бо чунин накукирдориву заковати баландаш миёни хурду калон эътибори хоса дошт.
Ёдаш гиромӣ бод!
Субҳиддин ЗИЁӢ,
номзади илми филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
