ШЕЪР САРЧАШМАИ ЗЕБОИСТ

Доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Султон дар баробари пажуҳиш ба эҷоди шеър низ машғул аст ва муаллифи беш аз 10 маҷмуаи ашъор мебошад. Маҷмуаи мавриди назари мо «Афсонаи себ» ном дошта, аз 112 шеър иборат аст. Дар он асосан ашъори нимоии шоир гирдоварӣ шуда. Бартарии ин маҷмуа дар он аст, ки дар батни худ ба маънии аслияш шеър дорад. Муаллифи он муваффақ шудааст, ки аз миёни чизҳои зиндагии муқаррарии инсонӣ зебоиеро бо номи шеър кашф намояд.
Нимоиҳои Ҳасани Султон дар забону сохтор ва муҳтавову бофт, тасвирсозию хаёлпардозӣ, хусусан, таносуби маънавӣ ва ҳамоҳангии лафзу зарбоҳанг қобили баррасӣ буда, тозакориҳо доранд. Шеъри ӯ равону табиӣ мебошад, на сохтаву тасаннуӣ. Шоир дар коргоҳи эҷодии хеш дар офаридани маъниҳои тоза ва мазмунҳои бикр талош дорад, бо сеҳру ҷозибаи вожагон наққошӣ мекунад. Мушоҳидаҳои ӯ бисёр табиӣ буда, воқеаву падидаҳои зиндагиро бозтоб медиҳанд. Муҳтавои қисмати аъзами шеърҳои ин маҷмуа лаҳза ё ҳолати зиндагиро ифода мекунад ва ба масоили иҷтимоӣ иртиботи бевосита дорад.
Бегумон, шеър сарчашмаи зебоист. Ҳамин зебоист, ки ба зоти шеър бадал шуда, ҳамзамон тахайюл бунмояҳои ботинӣ ва вазну қофия абзори суварии шеърро шакл медиҳанд. Табиист, ки моддаи он сухан мебошад. Аммо шоир дар шеъри нимоӣ тасаллути макону замон, фазо, ҳолат, эҳсосот ва ритму иқоъро нисбатан бештар ба кор мегирад. Яъне, ӯ аз хатти якбуъдӣ ба вусъати андеша мерасад, ки хатти чандсатҳиро ташкил мекунад ва дар шикастани қолаби шеър истиқлол дорад ва метавонад дар шеваи нигориш тозагӣ ворид кунад, то “шеъри нав” эҷод намояд. Ҳасани Султон дӯст дорад, ки шеъри ӯ “қабои кӯтаҳ” дошта бошад, зеро “дар нигаҳи гулпарасти гулбоз”-и шоир “таровату тинати дигар” дорад. Ӯ қабои кӯтаҳи шеъри худро бо қабои кӯтаҳи гул монанд карда, ки бисёр зебо ва мутаносиб афтодааст.
Қабои кӯтаҳи шеър аст шеъри кӯтаҳи ман,
Таровати дигару тинати дигар дорад.
Чаро ки дар нигаҳи гулпарасти гулбозам
Қабои кӯтаҳи гул зинати дигар дорад.
(Қабои кӯтаҳи шеър, 51)
Шоир дар шеъри боло аз уҳдаи се мақулаи корбасти сухан – амиқӣ, равшанӣ ва кӯтаҳбаёнӣ моҳирона баромадааст.
Ҳасани Султон дар “Шеъри вожа” низ саъй кардааст, ки асолати суханро ба хонанда нишон диҳад. Ҳангоме ба батни ин шеър мурур мекунем, бӯи муаттари гулҳои ҳамешабаҳори диёр ба машом мерасад ва зебоию дилбандии ёри шакаргуфтор пеши чашм намудор мегардад. Ва дар ҷаҳонбинии нигоранда гулвожаҳои заррин гардани ёрро зеб мебахшад, ки густараи андешаи лирикии шоирро ба намоиш мегузорад:
Вожа ҳам монанди гул бӯи ту дорад,
Вожа ҳам меҳроби абрӯи ту дорад.
Вожа ҳам ширинии лаб, гармии оғӯши ту,
зебоию дилбандии рӯйи ту дорад, сеҳру ҷодуи ту дорад…
(Шеъри вожа, 33)
Ҳасани Султон ҳамеша боҳадаф шеър мегӯяд, зеро арзиши суханро ба хубӣ эҳсос мекунад. Дар бораи Ватан шеърҳои бисёр гуфтаанд ва дурри маънӣ суфтаанд. Лекин агар шоир боистеъдод бошад, метавонад дар ҳар мавзуъ, аз ҷумла, дар бораи Меҳан сухани наву тоза биёбад ва онро ба қолаби шеър бирезад. Ҳасани Султон дар оғози ин маҷмуа се шеъри кӯтоҳ дорад, ки дар васфи Тоҷикистон суруда шудаанд, ки дар ҳамаи онҳо тозагии маъно асолати ин шеърҳоро таъйин месозанд. Мо дар ин ҷо ду намунаи онро зикр мекунем:
Ватан,
Як мушт хок аз хоки покат орзу дорам,
Ки то хокистари худро бад-он резам
Ва рӯзи растахез
Аз домани хоки ту бархезам.
(Хоки Ватан, 3)
Ва:
Ватан,
Ин модари мушфиқ,
Таҳаммул кард дар оғӯши худ бори вуҷуди мо.
Биё, мо бори номуси Ватан бар дӯш бардорем.
(Бори номус, 4)
Масъалаи дӯст доштани Ватан ва тавсифи он дар маркази ҷаҳонбинии шоир қарор дорад. Бад-ин далел, ки шоир дар як силсила шеърҳояш масъалаи бунёди иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин силсила аз 21 шеър иборат аст. Ҳасани Султон ба рӯзгорони дур руҷуъ мекунад ва ин кохи муҳташами нурро ба “машъали номус”, “маъбади хуршед”, “армуғони бахти Ширин”, “боргоҳи нури ишқ”, “арсаи мардони мард”, “ҳафт хон”, “нури ҷон, “муждаи рӯзи нишот”, “боргоҳи ифтихор”, “ахтари иқбол”, “пайки нур”, “шуълаи имон”, “оташи ҷовид”, “бозҷусти асл” ва “дурри оламтоб” ташбеҳ карда, бунёди онро дар кишвари мо “сафҳаи заррини таърихи навини тоҷикон” мешуморад. Аммо дар миёни ин силсила шеъри “Аз суруди оташкадаи Каркӯй то суруди неругоҳи Роғун” ҷойгоҳи баландро соҳиб аст.
Суруди оташкадаи Каркӯй дар радифи “Суруди аҳли Бухоро” яке аз қадимтарин намунаҳои шеър ба забони порсии тоҷикӣ мебошад, ки то замони мо расидааст. Як мисраи бозмондаи он “Афрӯхта бодо рӯш (ноӣ)…” устувонаи шеъри Ҳасани Султонро шакл додааст. Шоир дар канори ин, ба шахсияти таърихӣ (Зардушт), нахусткитоби гетӣ ва санади таърихӣ (Авасто) ва оинҳои бостонии тоҷикон (Наврӯз, Меҳргон ва Сада) руҷуи таърихӣ карда, ҳушдор медиҳад, ки мардуми мо аз қадимулайём бо рӯшноӣ зистаанд ва онро ҳамеша тавсиф кардаанд. Дар баъзе манобеъ “Авасто”-ро “Сурудаҳои рӯшноӣ” меноманд, ки дуруст аст. Шоир фармуда:
Аз Авасто,
Аз нахустин бомдоди рӯзи таърихи тамаддун,
Мо нажоди покзоди тоҷдорони ҷаҳонем,
Асли мо асли қадими ориёист.
Аз суруди маъбади Каркӯй,
То суруди маъбади Роғун
Офарини мо, сипоси мо,
дуруди мо,
суҷуди мо ба
поси рӯшноист…
(Аз суруди оташкадаи Каркӯй то суруди неругоҳи Роғун, 64-65)
Вақте ки шеърҳои ин силсиларо мехонем, воқеан, ба шоири ватандӯсту ватанпарасте рӯбарӯ меоем ва ба чунин натиҷа мерасем, ки шоир бо пораи ҷони худ онҳоро сириштааст. Бешак, ин гувоҳи он аст, ки Ҳасани Султон соҳиби истеъдоди фитрӣ ва табъи баланди шоирӣ мебошад.
Чун ашъори шоирро аз зовияи нақд мавриди баррасӣ қарор медиҳем, чунин эҳсос мешавад, ки гӯяндаи он, воқеан, шахси донишманд буда, диди хосси шоирона дорад. Ба сухани дигар, маҳаки сухансанҷии ӯ дар каломи мавзун илм аст, яъне, ба ҳар вожа нуктасанҷона муносибат мекунад. Вале, бо ин ҳама, шеъри ӯ саршор аз эҳсос ва зарбоҳанг (иқоъ) аст. Маҳз ҳамин ду ваҷҳ сабаб шуда, ки дар ашъори шоир латофату нафосат, шеърияту бадеият ва андешаи шоиронаву тафаккури бадеии хос бештар ба назар расанд.
Шоире, ки дардҳои замони худро бозгӯ намекунад, ӯро наметавон шоири ростин донист. Ҳасани Султон дар шеърҳои “Ҳикмати афтодагӣ”, “Занги кудурат”, “Хирмани ғам”, “Табари вақт”, “Фарёди дил”, “Олами бемеҳрӣ”, “Милоди ғам”, “Ҳушдор”, “Дори бало”, “Тавба” ва “Нолаи дили рамида” ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби замони худ рӯ овардааст. зеро рисолати асосии шоир гуфтани дардҳои иҷтимоӣ мебошад. Ба андешаи нависандаи машҳури араб Ҷуброн Халил Ҷуброн. Шеър селе аз шодӣ, дард, таҳайюр ва ҳиссаи кучаке вожагон аз китоби луғат аст”. Аз ҷумла, шоир дар шеъри “Ёдкарди Салоҳиддини Курд” баъзе масъалаҳои мухолифати гуфтугӯи тамаддунҳоро матраҳ мекунад ва аз ин берангии олами кунунӣ дилтанг аст.
Ҳасани Султон дар қолабҳои суннатии шеър, хусусан, ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ низ ашъори зиёд сурудааст, нигоштаҳояш аз маҷмуа то маҷмуа равонтар шудаанд ва ба ӯ муяссар гардида, ки дар гуфтани шеъри нағз тавфиқ ёбад.
Маҷмуаи “Афсонаи себ”, ки барои дарёфти Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода пешниҳод шудааст, бешубҳа, ба он сазовор аст.
Умриддин ЮСУФӢ,
Адабиётшинос