3-юми майи соли равон дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳимми тарбияи хонандагони душвортарбия дар шароити муосир” баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Муҳаммаддовуд Саломиён, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар ҳама давру замонҳо мушкилоти душвортарбия будани баъзе аз наврасон буду имрӯз ҳам ҳаст. Феълан, ба сабаби ба тағйироти куллӣ мувоҷеҳ шудани ҷомеаи башарӣ ин иллат диққати олимон ва мутахассисони соҳаро боз ҳам бештар ба худ ҷалб кардааст. Ҳамоиши мазкур низ ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда, рафтори дуруст бо хонандаи душвортарбия ва амсоли инҳо роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки дар ҳар яксинф хонандагон бо хислату атвори гуногун ва муносибати мухталиф бо ҳамсинфон аз пайи илмомӯзӣ мебошанд. Ҷиҳати ислоҳи рафтори ношоистаи хонандагони душвортарбия ҳамкорию робитаи бардавоми роҳбари синф бо падару модарон нақши ҳалкунанда ва судманд мебозад. Яъне, падару модарон бояд таъкидҳои роҳбари синфро ба таври ҷиддӣ дар хусуси рафтору амали фарзандашон пайгирӣ намуда, ҳар амали онҳоро назорат кунанд. Мутаассифона, қисми зиёди волидон ба тарбияи фарзандонашон аҳамияти зарурӣ намедиҳанд, баъд аз хатми дарсҳо аз онҳо намепурсанд, ки дар куҷо ва бо киҳо вақти худро мегузаронанд.
“Давраи наврасӣ табиатан давраи душвор ва пурҷӯшу хурӯш дониста шудааст. Зеро наврасон дар ин давра бо тағйироти куллии равонию ҷисмонӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва ин дар навбати худ ба худбаҳодиҳии онҳо бетаъсир нахоҳад монд. Ва маҳз ҳамин ҳодиса, ки як давраи нисбатан кӯтоҳро дар бар мегирад, метавонад боиси тағйир ёфтани муносибати наврас бо атрофиён гардад. Тағйироти куллии биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меоянд, заминаи дар онҳо шакл гирифтани хусусиятҳои нави психологӣ мегарданд. Ин тағйирот ба душвортарбия шудани наврасон сабаб мешаванд. Алалхусус, бино бар ташкили нодурусти тарзи ҳаёт ва нодуруст тартиб додани реҷаи рӯз наврас метавонад, ки ба осонӣ майл ба каҷрафторӣ кунад ва бад-ин васила метавонад «душвортарбия» гардад”, — таъкид гардид дар нишаст. Бояд гуфт, ки асоси рафтори наврасони «душвортарбия»-ро беодобӣ, гапнодароӣ, каҷрафторӣ, бераҳмӣ ва беилтифотию дағалӣ ҳангоми муносибат ва муошират ташкил мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд вазъияти низоъбарангез, носолим ва ҷанҷолиро ба миён оранд. Ба содир намудани амалҳои ношоиста майл зоҳир мекунанд. Инчунин, онҳо ба осонӣ таъсиррасониҳои тарбиявиро қабул намекунанд ва баъзан муқобилият нишон додану рад кардани онро ифода менамоянд. Айни ҳол, барои фарогирии ин кӯдакон ба таълиму тадрис мактаби махсуси ҷумҳурявӣ барои кӯдакони душвортарбия дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад.
Салима МӮСОЕВА,
“Омӯзгор”