ҲАМКОРӢ ЗАМИНАИ ПЕШРАВИСТ

(«Омӯзгор», №19, аз 11 майи соли 2023)
Аҳли қалами ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамвора ба он мекӯшанд, ки иртиботашон бо доираи васеи хонандагону муштариёни нашрия ҳар чи бештар тақвият ёбад, фарогиртар шавад. Муҳимтарин омили пайваста таҳким дарёфтани мазмуну муҳтаво ва ороиши ҳафтанома ҳамкорӣ, робитаи афкор бо онҳоест, ки ҳар шумораи нашрияро бо камоли майл рӯи даст мегиранд ва сафҳаҳои онро амиқназарона ва «ба чашми хирад» (устод Рӯдакӣ) варақгардон мекунанд ва аз бардоштҳояшон дар радифи ҳамдигар тавассути почтаи электронӣ, телефон ва нигоштаҳояшон бо кормандони «Омӯзгор» табодули афкор мекунанд. Қаламкашони нашрия ҳама гуна мулоҳизоту пешниҳодоти судманду беғаразонаи хонандагони азизи хешро бо эҳтирому сипосмандӣ мепазиранд ва дар ин замина мекӯшанд, то ҳафтанома боз ҳам рангину ҷолибу муҳтавомандтар бошад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки дар ҳар шумораи тозанашри «Омӯзгор» нақши хонандагон аз ҳар ҷиҳат шоиставу чашмгир аст. Дар шумораи навин (№19, аз 11 майи соли 2023) низ аҳли эҷоди ҳафтанома кӯшидаанд, ки табъу завқ, хоҳишу тақозо ва ниёзмандиҳои хонандагонро дар меҳвари мундариҷаи нашрия бигузоранд. Шумора бо иттилоъ дар бораи муҳимтарин рухдоди ҳафтаи гузашта — сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз дарёфтааст.
Таъкид мешавад, ки сафари давлатии Пешвои миллат ба рушди тозаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунад ва марҳилаи навест дар густариши робитаҳои ҳасанаи ин ду кишвари дӯсту бародар.
Дар саҳифаҳои 2-3-и нашрия оид ба сафари вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода ба ИМА хабар дода шудааст. Вазири маориф ва илм бо ҳамроҳонаш ин ҷо дар 8-умин Форуми Шурои иқтисодию иҷтимоӣ оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки 2-5 майи соли равон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гашт, ширкат варзиданд. Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ Раҳим Саидзода суханронӣ карда, аз ҷумла, зикр намуд: «Вазъи ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд, ки кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ бояд дар якҷоягӣ амал намуда, ҷиҳати рафъи буҳронҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳо ва уҳдадориҳои муштаракро анҷом дода, барои бехатарии ҳаёт дар кураи Замин саҳми беғарази худро гузоранд». Дар доираи ҳамоиши мазкур вазири маориф ва илм бо сафири Малайзия дар СММ, ҷаноби Аҳмад Файсал, бо муовини директори Хазинаи кӯдакони СММ, хонум Дженевева Боутин ва бо Президенти Шурои иқтисодию иҷтимоии СММ, хонум Лачезара Стоева мулоқотҳо анҷом дод.
Дар саҳифаҳои мазкур ва дар чанд саҳифаи дигар оид ба навгониҳо дар Вазорати маориф ва илм вобаста ба такмили фаъолияти сохторҳои соҳа ва тақвияти сатҳи таълиму тарбия низ гузоришҳои мухтасар оварда шудаанд. Матни фармоишҳои вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ а) Дар бораи мониторинги ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» дар фаъолияти объектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар давраи солҳои 2021-2022 ва таҳлили вазъи содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби таълимгирандагон, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, б) Дар бораи чорабиниҳои иттилоотию омӯзишӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва варзишӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва ҳамчунин, «Саволномаи мониторинги ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»… дар саҳифаи 4-и ҳафтанома ҷой дода шудааст.
Дар саҳифаҳои 5-7 як силсила мақолаҳое оварда шудаанд, ки иттилоъ, мулоҳиза ва тафсилотро дар мавзуъҳои омӯзиши бавусъат, вазъи мактабҳои олӣ, амнияти иқтисодии давлат ва ҳуқуқу вазифаҳои волидайн фаро мегиранд. Дар ин миён мусоҳибаи мухбири ҳафтанома Ш.Раҷабзод бо мудири бахши таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Қ.Муҳиддинзода таҳти унвони «Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ: дастовард ва мушкилот» бештар омӯзандаву пурдалел аст.
Ҳамасола дар ҷумҳурии мо 15 май Рӯзи оила таҷлил мешавад. Мақолаҳое, ки дар саҳифаи 8-и нашрия омадаанд, ба ҳамин санаи фархунда бахшида шудаанд. Рӯзи Ғалаба (9 май) аз ҷашнҳои бошукӯҳу мутантан дар кишвар аст. Нигоштаҳои саҳифаи 9-и ҳафтанома ифодагари моҳияту аҳамияти ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошанд, ки дар он тоҷикон низ нақши мондагор гузоштаанд.
Мақолаҳои саҳифаи 10 — «Таҳдид ба арзишҳои волои инсонӣ» (Қ.Фахриева) ва «Сидқи Содиқ ба Ватан» (С.Фазл) ба мавзуъҳои умдаи рӯз-хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бахшида шудаанд. Ин мавзуъҳоро мақолае, ки дар саҳифаи 11 бо номи «Решаҳои ифротгароиро барканем» (Ш.Шамсиддин) омадааст, тақвият мебахшад.
Хонандагони «Омӯзгор» таваҷҷуҳ ва эҳтиёҷи ҳамешагӣ ба мақолаҳои методӣ доранд. Аз ин лиҳоз, дар шумораи нав аз саҳифаҳои 12, 13 бо мутолиаи якчанд мақолаи хуб онҳо метавонанд талаботи худро то ҷое қонеъ намоянд. Дар идомаи силсиламақолаҳо дар бораи омӯзгорони муваффақу шарафманд дар саҳифаи 14-и нашрия се мақола – «Шарифу кордону олиҳиммат» (З.Аҳадов, Р.Рамазонова), «Бе мураббӣ нашавад ҳеҷ касе соҳибном» (М.Имом) ва «Рӯзгоре дошт пурфайз» (С.Зиёӣ) ба диққати хонандагон пешниҳод шудааст. Саҳифаи ҳамешагии «Гулистони сухан»-и ҳафтанома (саҳ.15) ин дафъа хонандагонро бо мазмуну муҳтавои эҷодиёти шоири донишманд Ҳасани Султон ва нависандаи хушзавқ Диловари Мирзо (навиштаҳои У.Юсуфӣ ва И.Зарифӣ), ки ба дарёфти ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, ошно мекунад. Саҳифаи охирини «Омӯзгор» ба ҳукми анъана эълонҳои гуногунро дар бар мегирад.
Дар маҷмуъ, шумораи нави «Омӯзгор» хеле хонданию пурмуҳтавост ва боз қазоват аз хонандагон аст.

Навбатдори шумора А.Муродӣ