ЭҲЁИ ФЕНОМЕНИ ОРИЁӢ НАҶОТИ ТОҶИК АСТ!

(Ҳамандешӣ бо профессор С. Ятимов перомуни Паёми Пешвои миллат)
Фарохнои дониш, фарҳанги сиёсӣ, ҷаҳони андеша, хирадсолорию оянданигарии мардони арсаи сиёсату раёсати давлат дар таҳлили дақиқу илман асосноки воқеияти набзи ҷаҳону маҷрои ҷомеа хушбинкунанда аст. Андешаҳои илман асоснок ва барчида бо дурдонаҳои ҳикматбори бедорсозандаи тафаккури миллӣ, эҳсосу дарки худогоҳӣ ва оянданигаронаи олим, сиёсатмадор, донишманди дақиқназар С. Ятимов пиромуни Паёми Пешвои миллат таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад” дар маҷаллаи “Илм ва ҷомеа” (№1 (31), соли 2023) рисолаи илмиест камназиру мондагор, омӯзанда ва зангӯлаи бедорист дар мафкураи миллӣ. Паём барномаи илман асоснок, таҳлилу тадқиқ ва раҳнамои боэътимоди ояндаи наздиктарин ва дурнамои самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеа буда, беҳтарин дастоварди сиёсист. Паём натанҳо баҳодиҳӣ ба дастовардҳост, балки ошкорсозандаи камбудиву ноқисиҳоест, ки боздорандаи механизми рушди давлат мебошанд ва тадбирҷӯии зираконаест баҳри ислоҳи он.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
(Ҷалолиддини Балхӣ
Андешаҳои сиёсатмадори нуктасанҷ С. Ятимов дар ҳамаи масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, бахусус, бедорсозии тафаккури созандаи миллат лоиқи пазириш ва қобили омӯзишанд. Муҳаққиқи дақиқкор мушкилоти асосии бозмондагию дар ҳамаи гирдобҳои таҳоҷуми дину мазҳабҳои бегона ва ғосиб дармондани миллати тоҷикро ба як нуктаи ҳассоси эътиқодии миллат, ба ҳусни ихлоси беандоза доштани миллат ба аҳкоми динӣ, китобҳои осмонӣ, паёмбарону пешвоёни дин, тарғибгарони дину мазҳабҳо, содиқият ба эътиқодоти динӣ, муқаддасу табаррук доштани аҳкому фармудаҳои диндорон вобаста медонад, ки сарчашмаи он тарзи тафаккури ақидатӣ аст. Яъне, миллат дар сарнавишти талху ширинаш афкору аҳкоми чандин дину оин ва мазҳабу тариқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонию минтақавиро пушти сар кардааст, ба тафаккури схоластикӣ, ғайритабиӣ пойбанд мондааст. Ориён чун бунёдгузорони дину оинҳои Митроия, Зарвония, Зардуштия, Монавия, Маздакия, Буддоия, паҳнсозандагони нуфузу шаҳомати дину мазҳаб, тариқаю шохаҳои Яҳудия, Насрония ва Ислом дар таърих ҷойгоҳи хоса доранд ва талоши онон дар пайравӣ ба он таълимоте, мазҳабе, тариқате, ки расидан ба сӯи Худо ва биҳишти ҷовидонаро ваъда менамояд, хеле сахту устувор ва якравона аст. Ин якравӣ ва ҷонфидоӣ дар ҳеҷ миллату қавму халқияте нест, ки мо тоҷикон дорему дар хуни мо мавҷ мезанаду моро фидоии дин месозад. Ин ҳолат “ғуломии ақидатӣ” (таъбири С. Ятимов) аст, ки бадбахтона, дар зеҳну шуури насл ба насли миллат реша давонида, бисёр фоҷеаҳои нангини таърихбарбоддеҳу фарҳангсӯзро ба бор овардааст. Ғуломии ақидатӣ аср бар асру сол бар сол ба мафкураи тамоми табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, бахусус, “зиёиёни сар ба саҷда”(С.Я.) ворид шуда, таассуби динӣ, ҳолати динзадагӣ, диндӯстдории, кӯр-кӯронаро гирифтааст, ки хатари мудҳише дар бақои давлат ва зинда мондани миллат аст. Дар таърихи беш аз ҳафтҳазорсолаи мавҷудияти халқу ақвоми ориёӣ бисёр фоҷеаҳои бунёдсӯз ба вуқуъ омадаанд, ки кулли онҳо аз рӯи кинаву адовати динӣ, моҷароҳои мазҳабӣ, фирқавӣ, оғоз шудаву дар натиҷа, давлатҳо, империяҳо, ҳазорон шоҳаншоҳиҳо аз байн рафтаанд. Таърих гувоҳ аст, ки як сабаби асосии фурӯ пошидани империяи бузурги Ҳахоманишиён, ки ҳудуди он аз шимоли Ҳинд, ғарби Чин, ҷанубу ғарби Тибет (соҳилҳои дарёи Энисей, доманаи кӯҳҳои Урал), то канораҳои шарқии Рум (имрӯза давлатҳои Балкан ва Туркия), шимоли Ҳиҷоз (саҳрои тозиён, қавму қабилаҳои сомӣ) мерасид, моҷарои мазҳабӣ, ихтилофоти ақидатӣ байни муъбадони зардуштӣ, муғон ва озарбадон дар пайравию парастиши фаруҳарҳои осмонӣ, усули ниёишу тоат ба амсилаву маъбадгоҳҳои муқаддас буд. Империяе, ки аз қудрати артиши бузургу мусаллаҳаш, аз аспони болдори хатлияш, аз гардунасаворони найзакашаш, аз киштиҳои дарёгарди ҷангияш тарсу ҳаросе дар дили хонҳои чинӣ, роҷаҳои ҳиндӣ, фиръавнҳои мисрию бобулӣ ва шаҳаншоҳони юнонию румӣ афканда буд, аз як захминосурубедавоимазҳабситезӣ фурӯ рехт ва бо марази бегонапарастӣ майдони тохтутозро ба Искандари бадкин боз намуд. Юнониёну румиён тӯли чандин садсола ба шаҳаншоҳони Ҳахоманишӣ, аз Куруши Кабир, то ба Дориюши Бузургу ворисони ӯ, боҷу хироҷ дар ҳаҷми 300 байзаи тилло (дар ҳаҷми тухми шутурмурғ) молу матоъ, ғуломону канизон медоданд, кинаву адовати дерина доштанд, то ин империяи бузургро вайрон намоянд. Чандин юриши юнониёну румиён бенатиҷа буд, махсусан, се лашкаркашии Файлақус (Филип — бобои Искандар) ва падари ӯ (Филиппи II), вале Искандар бо дастрасӣ ба хазинаи китобхонаи Муғони Зардуштӣ сирри қудрати муғон (сила магия), ваҳдати рӯҳонии озодазодагонро дарёфт, ки ин ҳикмати ҷовидонхиради “Авасто”- ойини ростон буд. Чун хазинаи китобхонаи Дорои III ғорату ба Бобулу Искандарияи Миср ва Рум бурда шуд ва сӯхтану вайрон кардани маъбаду оташкадаҳои Истахру Тайсафун, Балху Банорас оғоз гардид, муъбадону муғони зардуштӣ ба Ҳинд гурезон шуданд. Илму ирфони ориётоҷикон, ҳиндуён, бобулиёну ошӯриён, мисриён ба Юнон бурда шуд ва ҳамаи дастовардҳои илмию фаннофарӣ ба номи юнониён муҳр зада шуд. Таърихан ҳамеша ғолиб ва дорои қудрати сиёсӣ мағлубро муттаҳам, бехирад, ваҳшӣ, (варвар) ва ғулом мешуморад. Юнониён ба ҳамаи қавму қабилаҳо ва халқу миллатҳо тамғаи барбарӣ заданд. Бадбахтона, ин фоҷеа бар сари гузаштагони мо — бохтариёну суғдиён, хоразмиёну марвиён, саккоиву модҳо ва дигарон омад. Офати бехирадӣ, ҷаҳлу нодонӣ ва бегонапарастӣ оғоз гардид, зеро омма бепушту паноҳи сиёсӣ монд. Ин шикасти аввали ориёнажодон ва дур афтодан аз асолати миллӣ бузургтарин фоҷеа дар таърихи наслҳо гардид. Пуштибони сиёсӣ надоштан ҳисси тамаллуқу ғуломтабъиро рушд дода, мардумон ҷой менамуданд. Ягона ҳомии зиндамонданҳо “Хирад дастуру хирад раҳнамой” шиор намуданҳо буд, ки тоҷикро аз қассобхонаи ҷаллодони таърих наҷот дод. Сӯхтани “Авасто” бо дастури Искандари истилогар офтоби хиради ориёиро тирагун сохт, лек оташи хиради ориёӣ дар чаҳор гӯшаю канори Аирйанам Ваеҷаҳ (Фарохнои Ориёно) — Балху Бомиён, Суғду Бохтар, Ҳироту Рай ва то Ҳинду Чин симурғсон бол кашид ва дар қолаби “Занд”-у “Позанд”, “Худойномак”-у “Шоҳнома”, “Калила ва Димна” ва садҳо номаҳои ҳикмати мубадони ориёӣ рӯшангари роҳи рушду рифоҳ ва озодиву ободӣ гардид. Давлати Сосониён ҳамаи арзишҳои ориёиро зиндаву пойбарҷой сохт, лек боз мағзҳои аҳриманӣ баъди панҷсад соли озодиву ободӣ хазинаи Гунди Шопургон — китобхонаи бузурги шоҳиро бисӯхтанд ва бо иллати моҷарои мазҳабу тариқаҳои маздакияву монавия парокандагии сиёсиву иҷтимоӣ, ҷудоии табақавиро байни ақвоми ориёӣ барангехтанд. Давлате бо он паҳнову қудрат, фарҳангу тамаддуни беназир бо марази ихтилофоти ақидатӣ ба як зарбаи бадавиёни тозӣ, ки нав аз домони ҷоҳилият бархоста буданд, тоб наовард ва фурӯ рехт. Ихтилофоти ақидатӣ чунон авҷ гирифта буд, ки ҳатто пайравони асили зардуштӣ ба мисли Рӯзбеҳи Хурдод аз кашокашҳои монавиёну маздакиён ва дахолати насрониён ба танг омада, аз Балху Бомиён бигрехт, ба ҷӯстуҷӯи роҳи ростину ҳақ баромад ва овозаи дини навро шунида, ба саҳрои Ҳиҷоз омад. Унвони ифтихории Сулаймони бод ба фармон — Салмони форс гирифтани ӯ аз ҷониби паёмбари ислом далели эътирофи илму дониш, фарҳангу хиради беназир доштани ориётоҷикон аст. Зеро саҳми мондагори ӯ дар китобати Қуръон замони халифа Усмон муъҷизае буд барои саҳеҳияти ояту сураҳои қуръонӣ. Аз асри VII то IX, яъне, тӯли 200 сол иқтидору қудрати сиёсӣ аз даст рафта буд теғи хунрези саҳронишинони тозӣ бо баҳонаи ҷорисозии дин сарҳои ҳазорон-ҳазор озодазодагонро ба бод медод, ин даврони талошу такопуҳое буд, баҳри зинда мондан. Афсӯс, ки муборизаи озодихоҳонаи ҳамаи шӯришиёну асилзодагон — аз Абумуслими Хуросонӣ то Деваштичу Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Шорики Бухороиву Ғурак, Устод Сис ва даҳҳо шермардон, бо дасисаву хиёнат, тафриқаандозию ихтилофоти мазҳабию ақидатӣ ба шикаст мувоҷеҳ мешуд. Ҳамаи ин ошӯбу шӯришҳои ватандорони ориёӣ пеши сели сиёҳи ҷаллодонаи Қутайбаву Асад ва даҳҳо фиристодаи хилофатро гирифт ва халифаҳои Уммавию Аббосӣ маҷбур шуданд, ташкил шудани давлатҳои миллие аз хонадони тоҷиктабори Тоҳириёну Саффориёнро дар Вароруду Хуросон таҳаммул намоянд. Вақте чаҳорсад қавму қабилаи биёбонгарди араб, ки ҳар яке буту санам ва худову маъбуди хешро дошт, бо зарби шамшери қабилаҳои сернуфузи қурайшиҳову ҳошимӣ зери парчами ислом гирд омаданду давлату тамаддунҳои Бобулу Ошур, Мисру Эронзаминро ба итоат оварданд, салоҳияти идораи ин мулкҳои фарохдоманро надоштанд. Пас маҷбур шуданд дар кори дафтардорию вазорат намояндагони исломро пазируфтаи эронитабор, чун хонадони Оли Бармакиён, Ибни Муқаффаъ, Оли Балъамӣ, Низомулмулк ва даҳҳо фарзонагонро ба маснади баланд нишонанд. Танҳо давлати мустақили Сомониён дар асрҳои IX ва X тавонист оҳиста-оҳиста тамоми орзуву ормонҳои ориёиро бароварда созад. Адабиёт, фарҳанг, санъату ҳунар, илму хирад пуштибон ёфт ва ҷаҳиши бесобиқае намуд, ки дар таърих чун даврони Эҳёи Аҷам (халқу миллатҳои ғайриараб, порсиён) сабт шудааст. Ҷараёни Шуубия такони бузурге дар бедории ҳувияти ориёӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва урфу одатҳои мардумӣ гардид. Лекин ҷаҳолати динию ғуломии ақидатӣ боз хосу оми озодазодагонро мағзбохта намуда буд. Халифаҳои Умавию Аббосӣ бо сиёсати “Тақсим намову ҳукмронӣ намо!” даҳҳо мазҳабу фирқа, ҷараёну гурӯҳҳои бо ҳам зидро миёни ақвоми гумроҳи ғайри араб роҳандозӣ намуда, ихтилоф ангехта, ҳукмронӣ карданд. Бадбахтона, панди ҷовидонаи “Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…” барои хонадони давлатмардони Сомонӣ корагар нашуд. Онон низ ба доми фиреби халифаҳои бағдодӣ афтоданд. Он гуна ки давлати Тоҳириён аз дасти Рофеъ ибни Лайси Саффорӣ ба нестӣ бурда шуд, давлати Оли Саффор, ки ғурури баланди миллӣ дошт ва эҳёгари забону адабиёти ориётоҷикона буд, аз дасти сипаҳсолорони турктабори амирони Сомонӣ нобуд карда шуд. Шукӯҳу шаҳомати давлати Сомониён, ки эҳёгару посдори забону адабиёти ориётоҷикона, фарҳанги ориёӣ буд, хоби халифаҳои Бағдодро паронида буд, онон дасиса ангехта, ҳамаи озодагонро бо баҳонаи қарматӣ, рофизӣ, зандиқӣ, даҳрӣ ба куфр муттаҳам намуда, нобуд месохтанд. Бо табаддулоти ҳарбӣ ғуломони собиқи Сомониён туркҳои қарахонию ғазнавиро (Алптегин ва Салптегин), ки ба сипаҳсолорӣ расида буданд, сари қудрат оварданд. Ин ҳама дасиса бо мақсади ғулом, банда, итоаткор сохтани халқу миллатҳои саркаши ориёӣ аз ҷониби халифаҳо буд. Тӯли таърих туркҳои кӯчманчию ҷангҷӯй чун дасти қудрати халифаҳои араб дар пахши ошӯбҳои миллӣ, шикасти давлатҳои гарданкаш, ҷангу кишваркушоӣ (ҷиҳоду ғазовот) хидмат намуданд. Омезиши этникии туркон, наслҳои чингизию тоторӣ, чун барлосҳо, чағатойиҳо, манғитиҳо, қарохитоиҳо, қароқирғизҳо, туркману найманҳо ва даҳҳо қавму қабилаҳои он бо мардумони муқимии Осиё чандин халқиятҳои наве ба арсаи таърих овард. Ҳарчанд дар чанд манотиқи кӯҳистонии Вароруду Хуросон давлатҳои миллии тоҷикон, чун Оли Зиёр, Оли Буя, Ғуриён, Сарбадорон арзи ҳастӣ намуданд, лек дигар дастрасӣ ба он ҳудуди фарохдомани ориё даст надод. Надоштани қудрати сиёсӣ, махсусан, баъди ваҳшонияти Чингиз ва ворисонаш домани ҷаҳлу хурофот, низоъҳои динию мазҳабиро васеъ намуд ва густариши тасаввуфу зуҳд занҷири ғуломиро ба дину мафкураи арабӣ мустаҳкамтар кард. Идеологияи шовинистии арабӣ, забони арабӣ, урфу одат ва расму русуми қабилавии арабҳои биёбонгардро ба маснади забони китоби осмонӣ, забони аҳли биҳишт бардошта, забону фарҳанги дигар халқу ақвоми ислом пазируфтаро куфр бидъат, маҷусӣ тамға зада, инкор менамуд. Тӯли таърихи наздик ба ҳазор сол ориётоҷикон ҷабри ғосибони биёбонгарду кӯчманчиро таҳаммул намуда, дар фурсатҳои муносиби таърих “Қомати бишкастаи хешро рост ва тамаддуни ҷаҳонгире месохтанд”. (Шишов А. “Таджики” 1910). Лек бо он якравии дингароёнаи хеш кӯр- кӯрона ба як фатвои дурӯғину фиребандаи мубаллиғони дину мазҳабҳо афтода, таърих, фарҳанг, ҳувияти тоҷиконаро муфт мефурӯхтанд. “Рӯҳ ва маънавиёти ғайримиллӣ”(С.Я.) асоси ҳолати ғуломии миллат буда, он бехудона зери табли ишғолгарони бегона дар саҳнаи таърих чархидааст.
Ҳарчанд озодазодагони ориёӣ бо фарри хираду нури дониши хеш ва қаламу дафтардории худ маснади вазорату дафтардории хилофати арабҳо, туркҳо, чингизиёну темуриён то манғитиёнро доштанд, аммо мафкураи миллӣ пойбанду олудаи идеологияи ғосибон шуда буд. Мудҳиштарин фоҷеаи таърихӣ бар сари ориётоҷикон ин асри XIX ва ибтидои асри XX аз тарафи Британияи Кабир ва Русияи подшоҳӣ ғасбу мустамликагардонӣ ва тақсимоти сарзаминҳои Вароруду Хуросон ва Эрон буд, ки ориётоҷиконро ба се пораи ҷудогона табартақсим намуда буданд. Сиёсат, идеология, мафкураи мустамликадорон натанҳо тағйироти куллиро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардумони бумӣ ворид сохт, балки бо дасисаҳои идеологӣ ононро бо ҳам душман сохт. Дар ин ҷуғрофиябандиҳои сиёсӣ танҳо тоҷикони якраву гарданкаш бо мафкураи ақидатӣ, ҳимоя аз дину имон намуда, террор гардиданд ва аз сарзаминҳои аждодӣ, шаҳру марказҳои фарҳангӣ ронда шуданд ва дар кӯҳистон паноҳ бурданд. Дигар қавму қабилаҳои биёбонгарди муғулу туркнажод, ки парвое ба дину оин, мазҳабу тариқате надоштанд, ба осонӣ бо мустамликадорон созиш намуданд ва соҳиби сарзаминҳои фарохдоман ва шаҳру марказҳои обод шуданд. Ин зарбаи миёншикан дар таърихи қавму миллатҳои ориёӣ буд, ки то имрӯз дарди ҷонсӯзи он намак дар решҳо дорад. Таҳмилгарони сиёсатҳои пантуркистӣ, панисломистӣ, панарабӣ ва чандин идеологияи дар либоси мазҳабу тариқаҳои исломӣ пинҳони зидди таърих, фарҳанг, мавҷудияти миллати бостонии ориётоҷик, бадбахтона, чандин “ғуломони ақидатӣ” аз байни тоҷикони “зиёӣ” буданд, ки табарбадастона ба миллат хизмати хирсона намуданд. Тӯли таърих тоҷик чунон динзада гардида буд, ки ба суоли “ту кистӣ?” бе таҳаммул ва бо ифтихор ман мусулмонам, ё ман аз миллати бани Иброҳим ҳастам, мегуфт. Ҳол он ки бояд бигӯяд, ман тоҷикам, аз нажоди ориёӣ, агар аз динаш пурсанд, пас бигӯяд, ки динам ислом аст. Аз натиҷаи ин гуна пурсишу посух мустамликадорони англис ва рус натиҷа гирифта, тақсимбандии ҷуғрофӣ ва харитасозӣ намуданд, мардумонро ба дӯстони эҳтимолӣ ва душманони асосӣ бо номҳои босмачӣ, душман тақсим намуда, ба дӯстони эҳтимолӣ имконоти фаровон дода, душманонро аз ҳама чиз маҳрум мекарданд ва оҳиста — оҳиста ба нобудӣ мекашиданд. Ин сиёсати пасипардагӣ имрӯз ҳам дар дасти абарқудратҳои ҷаҳон ва думравони онон қарор дорад. Онон ҳеҷ гоҳ хостори пайванди се пораи баршикастаи ақвоми ориёӣ ва эҳёи феномени ориёӣ нестанд, зеро нағз медонанд ин пайванд абарқудратеро ба саҳнаи сиёсату тиҷорат, иқтисоду фарҳанги ҷаҳонӣ меорад, ки беназир ва ростин аст ва ҳама фисқу фуҷур, риёву бедодгариҳои забардастонро ошкор мекунаду ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Гар бо таҳаммул ба сабаб ва омилҳои сарзадани ҷангҳои таҳмилии солҳои 20-уму 30-юм ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX назар андозем, дар ҳар ду давра ҳам монеъ шудан ба соҳиби ҷумҳурии мустақил шудани тоҷикон буд. Он замон ҳам қатлу куштор, бадарғасозӣ, ба репрессияи “тройкаи сталинӣ” гирифтор намудани рӯшанфикрон, олимон, адибон, аҳли зиёи тоҷик буд ва ин замон ҳам боз ҳамон сенария ва тактикаи озмудашуда — тоҷики динзадаю ғуломи ақидатиро бо тоҷики рӯшанфикр ҷанг андохтан, бо ҳар ду пинҳонӣ яроқ додан ва ҳар дуро нобуду тобеъ сохтан. Террори созмондиҳандагону аъзои ҷамъияти форсизабонон “Пайванд” ва ихтилофоти мазҳабӣ ангехтан дар байни форсизабонони ҷаҳон решаи заҳрогини он сиёсат аст. Дар гирдоби пурошӯби ҷаҳонишавӣ ва бархӯрду фурӯрехтани тамаддуну фарҳангҳо, аз байн рафтани халқу миллатҳо, давлату кишварҳо ва чандин фалокати умумиинсонию эпидемиологӣ, хатарҳои экологию байнисайёравӣ мо наслҳои ориёиро зарур аст, дар эҳёи асли хеш — феномени ориёӣ талош, омӯзиш, саҳмгузорӣ намуда, наслҳои вораста, хирадманд, мусаллаҳ бо донишҳои бунёдӣ, созанда, озодаю вораста ва ба асли хеш расидаро ба саҳнаи таърих офарем, то барои ваҳдат, эҳёи арзишҳои беназири ориёӣ хизмат намоянд. Имрӯз моро зарур аст, ихтилофоти мазҳабӣ, ақидатии хешро канор гузошта, робитаҳои танготанги фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодро бо Эрон, Афғонистон, порсҳои Ҳиндустон, Покистон ва дигар форсизабонони ҷаҳон роҳандозӣ намоем, зеро пайванд бо асл, муҳимтарин рукни худшиносӣ, шинохт ва эҳёи ҳувияти ориёӣ, зиндагардонии феномени ориёӣ аст. Дақиқан мӯшикофона таҳлилу баррасии таърихи ташкил, ҳадафҳои сиёсӣ, омилҳои сотсиологию моҷаробарангез ва пуштибонону дастандаркорони ташкили давлатҳои расман исломӣ, назири Эрон, Афғонистон ва Покистон намоем, пардаи асрор бардошта мешавад. Чаро маҳз дар давлатҳое, ки ориёинажодон, форсизабонон муқимӣ ҳастанд, ин инқилобу табаддулот ба миён оварда шудаанд?! Ё чаро пас аз суқути Шуравӣ аз байни шаш ҷумҳурие, ки сокинони мусулмон доштанд, маҳз дар Тоҷикистон ҷараёни ваҳобияи арабӣ хостори давлати исломӣ бо роҳи табаддулоти давлатӣ ва террори рӯшанфикрон шуд?! Ин ва боз саволҳое ҳастанд, ки бояд коршиносони бедору ватандор бо ифтихороти ориёӣ биомӯзанд, таҳлил намоянд ва ҷомеаро воқифу ҳушёр созанд, то оммаи ноогоҳ ба гирдоби афсуни душманони тамаддуну фарҳанг ва нажоди ориёӣ наафтанд. Хуллас, ҳар кӯчманчию биёбонгарде, ғосибе, ки омад, аз ин шаҳдарахти дерсоли порсӣ мева хӯрд, шоха шикаст, табар бар решаву тана зад, сӯхт, худ рафту доғи сияҳе монд ба рӯзгор. Пас, имрӯз зарурати таърихию амри виҷдонист, то решапайванде намоем бар такдарахти дерсоли ориёӣ ва аз шаҳди ҷовидонхиради ниёгон гулоб диҳем, то боровару мондагору ҷовидона шохаву барг сабз бинмояду қад афрозад.
А.ЗАРИФӢ,
устоди коллеҷи политехникии
ноҳияи Зафаробод,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон