ҚАҲРАМОНИҲОИ ТОҶИКОНИ ДИЛОВАР

Дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои шоён аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷабҳаи ҷанг фиристодани ҷавонмардон буд. Бо ин масъала дар ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии 6 вилоят, 67 шаҳру ноҳия машғул буданд. Чун тамоми Иттиҳоди Шуравӣ, дар Тоҷикистон ҳам сафи хоҳишмандоне, ки ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафтан мехостанд, хеле зиёд буд. Танҳо дар моҳҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ қариб 6 ҳазор аризаи ихтиёриён омада буд.
Комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ на танҳо бо корҳои сафарбаркунии ҷавонмардон машғул буданд, балки кӯшиш мекарданд, ки фронтро бо кадрҳои ихтисоснок таъмин намоянд. Бо ҳамин мақсад дар назди баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ нуқтаҳои таълимӣ ташкил карда шуданд, ки онҳо ба ҷавонмардони тоҷикистонӣ ихтисосҳои гуногуни ҳарбиро меомӯзонданд.
Аз моҳи сентябри соли 1941 дар тамоми ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ таълими умумии ҳарбӣ, ки «всеобуч» меномиданд, ҷорӣ карда шуд. Он ҷавонмардони аз 16 то 50 — соларо дар бар мегирифт. Дар Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 1941 то августи соли 1942 177 ҳазору 685 нафар аз таълими умумии ҳарбӣ гузаштанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиёти ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин, иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хидмат мекард, 23 июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба арсаи ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст.
Минбаъд ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Маскав, ҷангҳои шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайра қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Чунончи, Аҳмад Турдиев бар зидди фашистон ҷангида, дар қатори намояндагони дигар миллатҳои Шуравӣ қариб ду моҳ «хонаи Павлов»–и Сталинградро аз душман мудофиа намуд.
Пӯшида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Зеро фашистони немис баъди шикаст хӯрдан дар муҳорибаи Сталинград ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ бар аскарони Шуравӣ ғалаба ба даст оранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», ҳавопаймоҳои қиркунандаи «Фоке – Вулф» ва ғайраро истифода бурданд. Дар ин муҳориба 5 – 7 июли соли 1943 тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаев бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонданд. Дар натиҷаи ҷанги сахт ҳамяроқони ӯ ҳалок гардиданд ва ӯ бо яроқи танкзан якчанд мошини душманро нест кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шуд.
Собиқ колхозчии колхози ба номи К. Маркси ноҳияи Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) Исмоил Ҳамзаалиев низ дар ҳамин муҳориба 8 – 10 июли соли 1943 бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуд. Вай маҷруҳ шуда бошад ҳам, майдони ҷангро тарк накард. Корнамоии ӯ бо унвони пуршарафи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадр карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон дар сафи аввалинҳо ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф шуданд.
Сентябри соли 1943 қӯшунҳои Шуравӣ дарёи Днепрро гузаштанд. 9 сентябр Сарфармондеҳи Олии ҳарбӣ (Ставка) ба фронтҳо дастур дода буд, ки мувофиқи он, ҷанговаре, ки дарёро аввалин шуда убур карда, дар соҳили дигар мавқеъ мегирифтанд, барои унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ пешниҳод карда мешуданд. Ин ҳуҷҷати муҳим дар байни ҷанговарон васеъ ташвиқ карда шуд. Ҷавобан ба он ҷанговарон далерию чолокӣ нишон дода, муқобилати сахти душманро шикаста, ҷангкунон ба соҳили дигар гузаштанд. Дар ҳамин муҳориба 21 нафар фиристодаи Тоҷикистон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардидаанд: Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Тӯхтасин Мирзоев, Ӯрунбой Якибов, Иван Крумин, Алексей Лапшин, Михаил Панфилов, Пётр Кашпуров, Николай Аникин, Ховаджи Муҳаммадмирзоев, Константин Ходов, Виктор Барутин, Михаил Новоселсев, Анатолий Рудой, Александр Гордеев, Бакир Давлатов, Василий Бояркин, Еремей Данилян, Иван Двадненко ва Даниил Коржов.
Мудофиаи дурударози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагии бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қӯшунҳои шуравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар вақт аскарони шуравӣ лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943 дар яке аз ҳуҷумҳои ҷабҳаи Волхов фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози «Пахтакор» – и ноҳияи Ашт Тӯйчӣ Эрйигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня бо синаи худ сӯрохи ДЗОТ-и душманро баста, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ ӯ 21 – уми феврали соли 1944 (баъди маргаш) ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадрдонӣ шуд.
Дар муҳорибаи назди Ленинград, инчунин, Иван Симакови душанбегӣ қаҳрамо-ниҳои зиёд нишон дода, соҳиби ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» гардид.
Моҳи марти соли 1944 ҷабҳаҳои 1, 2 ва 3 – юми Украина дар мубориза ба муқобили душман, махсусан, муваффақиятҳои бузург ба даст дароварданд. Онҳо қувваҳои асосии душманро маҳв намуда, қисми бузурги сарзамини Украинаро озод карданд. 26 марти ҳамон сол аскарони ҷабҳаи дуюм ба дарёи Прут, ба сарҳади давлатии ИҶШС ва давлати Руминия расиданд. Дар ин муҳорибаҳо ҷанговарони Тоҷикистон мардонагии зиёд нишон дода, 10 нафарашон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф шуданд.
Фиристодагони Тоҷикистон дар ҳайати ҷабҳаҳои Беларус ҳам мардонагии зиёд нишон доданд. Аз ҷумла, тоҷикписар Фатҳулло Аҳмадов моҳи июли соли 1944 барои озод намудани сарзамини Беларус ва Лаҳистон (Полша) иродаи қатъӣ нишон дода, сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардид. 14 июл пулемётчӣ Чӯтак Урозов барои озод намудани сарзамини Латвия дар назди шаҳри Лудза мардонагӣ нишон дода, бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ (баъди маргаш) қадрдонӣ шуд.
Исмат Шарифов то оғози ҷанг колхозчии колхози «Коминтерн» -и ноҳияи Данғара буд. Дивизияе, ки ӯ хидмат мекард, барои рахна карда гузаштан аз дарёи Днестр ҷангҳои сахт мекард. Дар яке аз ин муҳорибаҳо Исмат Шарифов дар қисми рости дарё барои васеъ намудани нуқтаи ишғолнамуда қаҳрамонӣ нишон дод, вале ҳалок гардид. Ӯро баъди маргаш, 13 сентябри соли 1944 бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадр карданд.
Зодаи ноҳияи Балҷувон Сафар Амиршоев ҳангоми саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар колхози «Меҳнат» – и ноҳияи Кӯлоб кор мекард. Ноябри соли 1942 аввалин амалиёти ҷангии ӯ чун тӯпчӣ аз муҳорибаи Сталинград, аз наздикии Воронеж оғоз гардида, минбаъд дар муҳорибаҳои зиёд корнамоӣ нишон дод. Махсусан, корнамаи ӯ дар муҳорибае, ки дар Литва ба амал омад, қаҳрамонона буд. Дар ин муҳориба Сафар Амиршоев бо тӯпи худ танкҳои фашистонро нест намуд, вале худаш ҳалок гардид. 25 сентябри соли 1944 барои чунин корнамоияш ӯро баъди маргаш бо унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадр намуданд.
Сарбозони Шуравӣ баъди озод кардани сарзамини мамлакати худ бо мақсади дар лонааш маҳв намудани душман, ҷангро идома доданд. Бино бар ин, амалиёти баъдии ҷангӣ, асосан, дар сарзамини давлатҳои дигар мегузашт, ҷанговарон ҷавонписарони ҷумҳурии мо низ дар майдонҳои ҳарбу зарб шуҷоати зиёд нишон додаанд. Чунончи, тоҷикписарон Эргаш Шарифов ва Амиралӣ Саидбеков дар сарзамини Чехословакия мардонагӣ нишон дода, ҳар ду ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардиданд. Аскари қаторӣ, пулемётчӣ Раҳимбой Раҳматов дар сарзамини Лаҳистон (Полша) қаҳрамонии зиёд нишон дода, 27 июни соли 1945 ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардид. Абдуназар Фармонқулов маҳз дар сарзамини Лаҳистон 12 январи соли 1945 чор танки душманро аз кор бароварда, сазовори ордени дараҷаи 1-уми «Шараф» шудааст. То ин лаҳза вай дар муҳорибаҳои назди Маскав, Курск ва ғайра мардонагӣ нишон дода, сазовори ордени Ситораи Сурх, орденҳои дараҷаи 3 ва 2 – юми «Шараф» ва 5 медал гардида буд. Ӯ аввалин миёни тоҷикон ва даҳумин дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шахсе буд, ки ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардидааст.
Муҳорибаи шаҳри Берлин, ки 16 – уми апрели соли 1945 оғоз гардид, аз муҳорибаҳои сахттарин ва калонтарини охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба низ бисёр фиристодагони Тоҷикистон мардонагии зиёд нишон доданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи фиристодагони Тоҷикистон дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки занҳои тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд. Ба ин корнамоии лочиндухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додаву бо ордени Ленин қадрдонӣ шудааст, афсарони хидмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, С.Ниёзова ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Ҳамин тавр, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони Тоҷикистон тақрибан дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷанг мардонагӣ нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми Шуравӣ бар Олмони фашистӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»