Дар Ховалинг деҳаи Мазори Ҳазрати Султон 1400 сол муқаддам арзи ҳастӣ кардааст. Аҳолии ин деҳаи биҳиштосоро солҳои 40-50-уми асри ХХ ба мавзеъҳои таҳдашт муҳоҷир намуданд. Мақбараву гулгашт, боғи Султон Увайси Қаранӣ беназорат монду ба чарогоҳ табдил ёфт. Бо вазидани насими бозсозӣ деҳа аз нав эҳё гашт. Бошандагони собиқи он ба зодбуми бобоӣ баргашта, хонаву манзили иқоматӣ сохтанд, дар нигоҳубини мазор ҳам ҳисса гузоштанд.
Соли 2006 бо иқдому ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбара бо тарҳи нав бунёд гардид. Он хеле зебо, диданӣ ва мунаққаш аст. Дар масоҳати 30 гектар замини атрофи мазор мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ таъсис ёфт, ки он дорои беш аз 15 ҳазор бех дарахти чормағз, чанор, олу, олуболу, тут, гелос, хуч, бед, сафедор ва арча аст.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон ин мавзеи таърихиро тақрибан на кам аз 3 миллион зоиру сайёҳ ва меҳмон зиёрату тамошо кардаанд. Ин мавзеи дилпазир аз маркази ноҳия 18 километр дур мебошад. Вале иқлимаш аз ноҳия ба андозаи як моҳ фарқ дорад.
Дар деҳа се меҳмонхонаи замонавӣ сохтааст, ки дорои 170 кати хоб мебошад. Илова бар ин, дар 40 хонаи иқоматии сокинони деҳа ҳуҷраҳои алоҳида барои қабули 100 нафар ҳамеша омодаанд. Дар поини мақбара ҷойҳои махсус барои суҳбати одамон (дорои 2 кат ва 16 ҷои нишаст) ороста шудаанд. Дар ҳавои кушод низ 10 кат ва 100 адад харак (курсӣ), ошхона, чойхона муҳйёст. Чойхона дорои 100 ҷои нишаст мебошад. Дар ин мавзеъ 20 дукони гиёҳфурӯшӣ, бинои дуошёнаи Маркази хидматрасонии сайёҳон ҷойгир аст. Вақте ки ба сӯи мақбара меравед, аз ҳошияи он панҷ чашмаи мусаффо бо номҳои Мағфират, Ҳикмат, Раҳмат, Мурод, Шифо ҷориянд, ки обҳои нуқрафоми онҳо як ҷӯйбор шуда, аз новдони азиме мерезанд. Ҳар як чашма ба худ ривоят дорад. Дар поинтари маҷмаа оби чашмаи дигаре ҷорист бо номи Гармак. Мардум онро барои табобати бемориҳои пӯст истифода мебаранд.
Ба мазори Ҳазрати Султон омада, як ҷаҳон таассурот хоҳед бардошт.
Нурулло ҲАСАНОВ,
Рӯзноманигор