Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист заминае мебошад, ки осоиштагии ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд.
Дар байни мушкилоти экологӣ яке аз тамоюлҳои муосир, проблемаи обшавии пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Ассотсиатсияи байналмилалии мамлакатҳое, ки ба мушкилоти мавҷудаи экологӣ бетафовут нестанд, дар аудити дохилӣ ва берунии худ тадбирҳои гуногуни экологиро ба таъсири инсон ба табиат муқаррар ва амалӣ менамояд. Масоили тағйири иқлим, камбуди оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии башар дар меҳвари Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки давоми солҳои охир таъсири манфии гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки метавонад оқибатҳои номатлуберо чун тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои ахолинишин ба миён орад. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кишвари мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёна аз он ташкил карда мешавад. Бо дарназардошти ин, кишвари мо якҷо бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъй дорад. Дар робита ба тағйирёбии иқлим, бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва оқибатҳои манфии ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар, олимони моро зарур аст, ки дар ин минтақаҳо якҷо бо олимон тадқиқот ва мониторинги доимиро ба роҳ монанд».
Ҷанбаи дигари муҳимми тағйирёбии ҷаҳонии иқлим таъсири он ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об манбаи ивазнашавандаи дорои аҳамияти бузург барои рушди устувор, таъмини саломатӣ ва некуаҳволии аҳолии сайёра мебошад.
Бинобар тағйирёбии иқлим, мушоҳидаҳои бесобиқаи ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва муайян намудани оқибатҳо барои ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки дар ин самт тадқиқотҳои муҳим анҷом дода шаванд. Ҷанбаи дигари муҳимми тағйирёбии ҷаҳонии иқлим, таъсири он ба захираҳои оби тозаи ҷаҳон мебошад.
Дар айни замон дар шароити тағйирёбии иқлим дар замин, махсусан, дар ноҳияҳои хушки сайёра масъалаи бо об таъмин намудани соҳаҳои иктисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобастаанд, хеле тезутунд аст. Ташвишовараш он аст, ки захираи оби тоза кам шуда, солҳои охир сифати он бад мешавад.
Дар ин замина Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид доштанд: «Дар баробари ин мамлакати мо ба масъалаи тағйири ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони мо таваҷҷуҳи хоса дорад».
Дар робита ба масъалаҳои экологӣ, махсусан, ҳифзи ғизо, токсикологияи ғизо мушоҳида мешавад. Бинобар ин, алоқаҳои беруниро барои беҳтар намудани вазъияти ҳозираи захираҳои пиряххо, нигоҳ доштан ва муҳофизат намудани пиряххо пурзӯр намудан аз аҳамият холӣ буда наметавонад.
Мутаассифона, масъалаҳои ҳалталаби муосир, аз ҷумла, мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ суст кардааст. Ин вазъият таваҷҷуҳи махсусро тақозо мекунад, зеро таъсири он ба захираҳои об, махсусан, ба пиряхҳо хеле равшан ва ташвишовар аст.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (Душанбе, дар реҷаи виртуалӣ) 23 апрели соли 2022 таъкид доштанд, ки Тоҷикистон низ дар доираи таъсири тағйирёбии иқлим тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пиряхро аз даст дода, ҳамасола аз обхезӣ, хушксолӣ ва камшавии об, ки бо ин раванд вобаста аст, азият мекашад.
Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки барои таваҷҷуҳ ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шуда, хазинаи махсуси байналхалқии муҳофизати пиряхҳо ташкил карда шавад.
Боиси хушнудист, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– Эълони 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Таъсиси фонди байналмилалӣ дар СММ барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;
– Баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025.
Ҷонибек ТУРСУНОВ,
корманди ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров