БУНЁДГУЗОРИ ФАРДО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як маърузаю суханронии худ барои ҳавасманд намудани зиёиён дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Сарвари давлатамон борҳо таъкид кардаанд, ки омӯзгорӣ касби пуршараф аст. На ҳама касби омӯзгориро пеша карда метавонанду на ҳама ба ин касб майлу рағбат доранд, зеро муаллимӣ ниҳоят касби пурмашаққат буда, вақти зиёд ва заҳмати беандозаро талаб мекунад. Дар ҳама давру замонҳо омӯзгор байни мардум обрӯву эътибори хоса дорад. Ривоҷи тафаккур ва маънавиёти насли ҷавон ба омӯзгор вобастагии қавӣ дорад.
Омӯзгор аввалин касест, ки гулҳои наврустаи боғи ҳаётро дар руҳияи некандешию некбинӣ ба воя расонда, кӯдаконро ба шинохти дурусти оламу одам роҳнамоӣ мекунад ва сабаби ташаккули шахсияти дурусти онҳо мегардад. Тарбияву таълим ду унсури муҳимми инкишофи шахсият дар ҷомеа мебошад. Агар омӯзгор босаводу хушмуомила бошад, метавонад бо иҷрои нақшаҳои гуногун ба дили шогирдон роҳ ёбад. Он гоҳ шогирдон ӯро барои худ идеал интихоб мекунанд. Омӯзгорро зарур аст, ки дар баробари ташвишҳои зиндагӣ доимо дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад, усулҳои наву дастрас ва самарабахши таълимро пайдову кашф намуда, дар ҷараёни дарс корбаст намояд, вагарна, бидуни омӯзиши мунтазам ба хонандагон чизе омӯзондан душвор аст. Заҳмати муаллим дар роҳи таълиму тарбия боиси қадрдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҷомеа омӯзгорону устодонеро, ки таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавонро вазифаи муқаддаси худ дониста, дар ташаккули шахсияти соҳибмаърифату соҳибтахассус ва худшиносу ватандӯст саҳми босазо доранд, эҳтиром мекунад ва аз будани онҳо ифтихор дорад.
Бояд гуфт, ки дар марҳалаи кунунӣ ҷомеаи мо бештар ба муаллимони асил ниёз дорад, зеро ҳам дар мактабҳои олӣ ва ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакатамон нарасидани кадрҳои бомаҳорати педагогӣ ба мушоҳида мерасад. Омӯзгорони асил онҳое мебошанд, ки донишашон дониши шогирдон ва ба ҳама якбину якназар бошанд. Дар байни хонандагон ва шогирдон ҷудоӣ наандозанд ва барои ташаккули насли солиму ояндасоз замина гузошта, дар ҳама мавридҳо ҳимоя ва хидмати Ватан-Модарро вазифаи муқаддаси худ донанд.
Омӯзгор ояндасозу инсонсоз, миллатсозу давлатсоз аст. Ҳар як омӯзгор вақте ки ба синфхона ворид мешавад, рӯ ба рӯи виҷдони худу шогирдонаш қарор мегирад. Агар ӯ рисолати худро бидонаду муқаддас будани касбашро дарк намояд, шогирдонашро таълиму тарбияи хуб медиҳад ва дарсро пурмазмуну хотирмон мегузарад, зеро як дарси хуб метавонад маънии зиндагӣ ва роҳи ояндаи шогирдонаш бошад. Соҳаи маориф дар сиёсати кунунии давлату ҳукумат мавқеи бунёдӣ ва асосиро ишғол намудаасту рушду равнақи он дар раванди таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи ин мушкилот дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки “нигоҳ доштани афзалияти ҳамешагии маориф, илм ва фарҳанг вазифаи муҳимтарини мо бояд бошад”. Ин маъниро Пешвои муаззами миллат дар Анҷумани нахустини ҷавонони Тоҷикистон чунин баён доштаанд: “Давлату ҷомеа ояндаи неки худро бо пешравии маориф, бо тайёр намудани мутахассисони варзидаи дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мепайвандад, зеро бе пешравии ин соҳа беҳбудии иқтисодӣ, инкишофи фарҳанг ва ташаккулу шахсияти дорои олами бойи ботиниро тасаввур намудан имконнопазир аст”.
Чунин сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар то имрӯз бомаром ва пайваста идома дорад, ки бо шарофати он маорифи кишвар марҳалаҳои нав ба нави ташаккули пешрафтро пушти сар намуда истодааст. Имрӯз вазъияти соҳаи маорифи кишвар хеле хуб буда, сол ба сол бунёди муассисаҳои нав ба нави таълимӣ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба соҳаи маориф бештар гардидааст, зеро зиёӣ шуълаест, ки ҳамеша роҳи ҷомеаро мунаввар месозад ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Зиёиёни имрӯзаи тоҷик бояд зарурати пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии Ватанамонро амалан дарк намоянд”. Воқеан имрӯз маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлол пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои хоса зоҳир мегардад. Мактаб боргоҳи муқаддаси таълиму тарбия, заминаи нахустини саводомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ буда, дар ташаккул ва такомули маънавии ҳар фарди ҷомеа нақши асосӣ дорад. Омӯзгор дар ин боргоҳи муқаддас нақши асосӣ дорад. Агар мақсаду мароми асосии омӯзгор манфиати ҷомеаву таълиму тарбияи дурусти насли наврас бошад, ӯ ҳамеша ба мақсадҳои неки худ мерасад. Имрӯзҳо омӯзгоронро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши худ ҷидду ҷаҳд намуда, барои сохтани давлати ҳақиқатан ободу озод ва соҳибистиқлолу соҳибтамаддун саҳмгузор бошанд. Нагузоранд, ки шогирдонашон дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ сарнагуну сарсон ва роҳгуму гумроҳ бошад.
Ҳаминро низ зикр кардан бамаврид аст, ки ҳар як омӯзгор назди худ мақсаду маром ва орзуву ормон дорад. Яке аз мақсадҳои асосии омӯзгорон дуруст ташаккул додани мафкураи шогирдону дар руҳияи пурқуввату инкорнопазири ватандӯстӣ тарбия намудани онҳост. Боиси қайд аст, ки ҳар як муваффақияту пешравии шогирдонаш боиси хушнудиву сарбаландии омӯзгорон аст. Омӯзгорро зарур аст, ки пайваста дар омӯзиш бошад ва барои баланд бардоштани маҳорати педагогию илмии худ роҳҳои гуногуни омӯзишро ҷустуҷӯ намоянд, пайваста дар амал бошад. Ба қавле, агар ӯ як рӯз аз омӯзиш, мутолиа ва ҷустуҷӯ бозмонад, симои аслии омӯзгории худро гум мекунад.

Х.ХУДОЙДОДОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №84,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров