Яке аз усулҳое, ки дарсро шавқовар мегардонад, истифодаи шеър мебошад. Албатта, омӯзиши ҳамаи фанҳои таълимӣ дар робита ва алоқамандӣ ба роҳ монда мешавад ва самараи хуб медиҳад. Овардани далелҳову маълумот ва иқтибос аз як фан боиси шавқовар гардидани дарс аз дигар фанҳо мешавад.
Ҳангоми таълими фанни таърихи халқи тоҷик низ робитаи байни фанҳоро ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ аст.
Мо — омӯзгорони таърих ва ҳуқуқ дар раванди машғулиятҳои фаннӣ аз ашъори шоирони адабиёти классик ва муосири тоҷик вобаста ба мавзуъ ва дар лаҳзаҳои мувофиқ истифода мебарем.
Омӯзгор ҳангоми гузаштани мавзуи ”Халқи тоҷик дар замони Ғазнавиён” (Таърихи халқи тоҷик, синфи 7) оид ба ҷангҳои Султон Маҳмуди Ғазнавӣ нақл карда, мегӯяд, ки дар давраи Султон Маҳмуд ҷангҳои ғоратгарона сурат мегирифт. Ӯ баъди забти заминҳои Сомониён танҳо ба Ҳиндустон 15 бор лашкар кашидааст. Дар яке аз ҷангҳо соли 1019 ёдгориҳои динии ҳиндувон, аз ҷумла, маъбади бузурги Суманотро хароб мекунад ва аз он ҷо бо 57 ҳазор ғулом ва 350 фил ба Ғазна бармегардад.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ин бора мегӯяд:
Кофириро пухтатар созад шикасти Суманот,
Гармии бутхона бе ҳангомаи Маҳмуд нест.
Дар синфи 5-ум муаллим вақти гузаштани мавзуи «Давлати Юнону Бохтар» (“Таърихи халқи тоҷик”) ба хонандагон мефаҳмонад, ки дар замони мавҷудияти Юнону Бохтар ибодатгоҳи Охшо (мӯбади рӯди Вахш), ки ҳоло бо номи Тахти Сангин ё Тахти Қубод машҳур аст дар ноҳияи Қубодиёни имрӯзӣ хеле пуршукӯҳ будааст. Онро “Хазинаи Амударё” низ меноманд, ки аз 1200 ашёи заррин, симин, тангаҳои гуногун, ҳайкалчаҳо, пайконҳо, найзаҳо, осори фаровони ҳунари тасвирӣ иборат аст. Хазинаи Амударё соли 1878 аз харобаи ҳамин маъбад ёфт шудааст. Мутаассифона, бозёфтҳои ин ганҷинаи пурқимати таърихии миллати куҳанбунёдамон аз нофаҳмии мардуми маҳаллӣ ба тоҷирони Бухоро бо нархи арзон фурӯхта шуд ва ҳоло он дар осорхонаи Лондони Британия маҳфуз мебошад.
Шоири тоҷик Зиё Абдулло дар шеъри “Тахти Қубод”дар ин мавзуъ бисёр хуб овардааст:
Бар марқади таърихи худ ин бор бигирям,
Бисёр бигирям ба алам, зор бигирям.
Бар оҷизии чашми ватандор бигирям,
Бар чингизии чанд ватанхор бигирям.
Ҳангоми таълими фанни таърихи халқи тоҷик (синфи 8) аз мавзуи «Ташкилёбии давлати Шайбониён» хонандагон огаҳӣ пайдо менамоянд, ки Шайбонихон бо қабилаҳои зиёд аз Дашти Қипчоқ ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда буд. Ба подоши ҷангҳо ва ғоратгариҳои онҳо мебоист ин қабилаҳоро дар минтақаҳои нав — Мовароуннаҳр, Тошканд, Бухоро, Самарқанд Фарғона, Зарафшон сокин менамуд.
Дар натиҷаи таъқибу фишори қабилаҳои шайбонӣ дар Мовароуннаҳр қисми зиёди сокинони муқимии он — тоҷикон, ки ҳазорсолаҳо дар ин сарзамин зиндагӣ мекарданд, шаҳрҳо ва водиҳои ҳосилхезро тарк намуда, ба ҷониби Шарқ ва қисмати кӯҳистон муҳоҷират карданд. Шоири маъруф, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ин мавзуъро чунин ба қалам додааст:
Зи ҷабру зулми Искандар, зи хунхории Чингизхон,
Низои дину мазҳабҳову бедоди ҷаҳонгирон,
Зи дасти манғиту турку араб, аз ҷаҳли барбарҳо,
Зи андозу хироҷу боҷ аз даргоҳи бедарҳо,
Зи дасти сарнавишти хеш, аз тақдири пешонӣ
Панаҳ овардӣ дар куҳсор, эй марди куҳистонӣ.
Устод Бозор Собир низ доир ба ин мавзуъ дар шеъри «Забони модарӣ» чунин нигоштааст:
Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Суннати волову девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.
Дар мавзуи «Ҳаёти адабӣ ва илмӣ» (Таърихи халқи тоҷик, синфи 8) омӯзгор ба хонандагон нақл мекунад, ки дар асри 18, дар замони ҳуҷуми муғул теъдоди зиёде аз шоирону олимони Мовароуннаҳр аз таъқиби муғулони истилогар ба Ҳиндустон паноҳ бурданд. Ин сарнавишти фоҷиабор дар ибтидои асри 16 дар Мовароуннаҳру Хуросон боз так-рор шуд. Мувофиқи ахбори тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Ҳасани Нисорӣ 39 нафар шоир ба сабабҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба Ҳиндустон ҳиҷрат карданд. Абдураҳмони Мушфиқӣ дар бораи мушкилоти муҳоҷират, азобу уқубат ва муносибати бади мардуми маҳаллӣ менависад:
Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,
Гардид сияҳ рӯзи сафедам чу шаби тор.
Гуфтам, ки агар боз нагардам ба вилоят,
Хуни ҷигарам мехурад ин Ҳинди ҷигархор.
Шоири маъруфи форсу тоҷик Бадриддини Ҳилолӣ шоҳиди муборизаҳои шадиди Сафавиён ва Шайбониён барои Хуросон гашта буд. Ӯ ҳаҷвияе дар чаҳор мисраъ дар бораи Убайдуллоҳхони Шайбонӣ навишт, ки чунин аст:
То чанд, Убайд, аз пайи толон бошӣ,
Тороҷгари мулки Хуросон бошӣ?
Ғорат кунию моли мусулмон бибарӣ,
Кофир бошам, гар ту мусулмон бошӣ!
Омӯзгори таърих метавонад пайваста аз ашъори шоирони адабиёти классикию муосири тоҷик шеърҳои зиёдеро доир ба мавзуъҳои дарсӣ истифода бурда, дарсҳояшро пурмазмун, шавқовар ва хотирмон гузаронад.
Аъзам БОБОЕВ,
Манучеҳр АСРОРӢ,
омӯзгорони мактаби
Президентӣ барои хонандагони
болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён
