ДАР КОРИ ГУРӮҲӢ САҲЛАНГОРӢ НАШОЯД

Вобаста ба тағйирот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодии ҷомеа, бо ҷорӣ намудани меъёрҳои нав дар таҳсилот дар назди муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои нав гузошта шудаанд: фароҳам овардани фазои таълим, ки хонандагонро ба мустақилона аз худ кардани дониш водор месозанд, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи қобилияти эҷодии хонандагон ва кам кардани сарбории зиёдатии таълимии онҳо.
Истифодаи усулу шаклҳои фаъол дар таълими география бисёр масъалаҳоро ҳал мекунад: шавқу ҳаваси маърифатиро ба ин мавзуъ инкишоф медиҳад, фаъолияти омӯзишии хонандагонро дар синф такмил мебахшад, дар ташаккули шахсияти эҷодии хонанда саҳм мегузорад…
Мактаб ҳамчун муассисаи таълимӣ бояд ба хонанда маҳорати муошират кардан, дар гурӯҳ кор карда тавонистан, нуқтаи назари худро баён намудан ва барасии далелҳоро ёд диҳад. Ин вазифаро дар заминаи ҳамкории муаллим ва хонанда, инчунин, байни худи хонандагон дар синф ҳал бояд намуд.
Чунин шаклҳои фаъолияти мутақобила усулҳои фаъоли таълим, технологияи ҳамкории аҳлона ва шаклҳои гурӯҳии кор мебошанд.
Бисёр омӯзгорон ба воситаи асарҳои олимон, методистон ва педагогони машҳур аз усулу шаклҳои гурӯҳии кор истифода бурдаанд ва ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд.
Самаранокии ин гуна машғулиятҳо бештар ба тайёр будани хонандагон ба кори мустақилона вобаста аст. Барои ташаккули мустақилият ва фаъолияти хонандагон технология ва усулҳои гуногуни таълимро истифода бурдан лозим аст. Яке аз шаклҳое, ки дар дарсҳои география бисёртар истифода бурда мешавад, омӯзиши гурӯҳӣ мебошад.
Дар аввал системаи дарсҳоро барои тамоми мавзуъ тартиб медиҳанд. Дараҷаи мавзуъҳои муҳимтарин ва мураккабтар интихоб, дараҷаи мустақилии хонандагон дар ҳар як дарс муайян ва дар бораи алоқаи маводи нав фикр карда мешавад.
Барои гурӯҳҳо варақчаҳо таҳия мегарданд, ки ҳар яки онҳо вазифаи омӯзишии худро доранд. Гуфта мешавад, ки хонандагон ҳангоми ҷавоб додан ба чӣ бояд диққат зоҳир намоянд. Тайёрии ҳар як хонандаро пешакӣ ба назар гирифта, маводро тақсим мекунанд.
Ҳар як хонанда дар гурӯҳ кор карда, масъулияти хос ҳис мекунад, зеро ҷавоби ӯ ба баҳои тамоми гурӯҳ таъсир мерасонад.
Ғайр аз ин гурӯҳҳо, гурӯҳи машваратчиён вуҷуд дорад. Онҳо аз муаллим супориши пешакӣ тайёркардашударо мегиранд. Вақте ки гурӯҳҳо аз рӯи супориш кор мекунанд, машваратчиён ба онҳо кумак мерасонанд.
Роҳбари гурӯҳе, ки ба мадад ниёз дорад, варақчаи сурхро баланд мекунад. Вақте ки гурӯҳ ба ҷавоб омода аст, варақчаи сабз боло бардошта мешавад.
Ғайр аз ин, тавзеҳдиҳандагон (консултантҳо) дараҷаи тайёрии ҷавоби гурӯҳҳоро месанҷанд, ба муаллим барои гирифтани амонат (қарз) ёрӣ мерасонанд, пурсишро мешунаванд ва баҳо медиҳанд, якҷо бо муаллим машғулиятро ҷамъбаст мекунанд.
Роҳбари ҳар як гурӯҳ хонандаеро ҳамчун машваратчӣ тавсия медиҳад. Ин донишҷӯ як навъ давраи таҷрибаомӯзиро мегузарад ва агар аз уҳдааш барояд, машваратчии гурӯҳи худ мешавад. Аммо чунин воқеъ ҳам мешавад, ки дар як гурӯҳ касе саҳлангорона кор мекунад. Дар ин ҳолат роҳбари гурӯҳ ӯро ба кори инфиродӣ мефиристад.
Мизҳоро дар синфхона тавре ҷойгир бояд кард, ки ҳар як гурӯҳи чорнафара ду мизро ишғол намуда, рӯ ба рӯи ҳамдигар ҷойгир шаванд. Бо чунин тарз муоширати мактаббачагон ва кори умумӣ осонтар мешавад. Хонандагоне, ки супоришҳои инфиродӣ иҷро мекунанд, дар мизҳои алоҳида мешинанд.
Гурӯҳҳо супоришҳои гуногун мегиранд. Ин супоришҳо метавонанд тафтиши маводи фаро гирифташуда, омӯхтани маводи нав, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва ғайра бошанд.
Вақте ки гурӯҳ супориши иҷрошударо шарҳ медиҳад, донишҷӯёни дигар хулосаи графикии ҷавобро тартиб медиҳанд.
Муҳайё ХОЛМУРОДОВА,
аспиранти ДДОТ ба номи
Садриддин Айнӣ