Дар заминаи сиёсати мардумпарваронаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои дӯстонаи ду давлати бо ҳам дӯсту бародар марҳалаи нав ба вуқуъ пайваст. Дар доираи тадбирандешиҳои судманди раҳбарони ҳар ду кишвар теъдоди зиёди ҳуҷҷатҳои расмӣ барои ҳамкории байни ҳамдигарро дар сатҳи олӣ ба роҳ мондан ба имзо расиданд. Бояд ҳар як сокини Ӯзбекистону Тоҷикистон дар тақвияти ин дӯстию ҳамкорӣ ҳиссагузор бошад.
Дар шаҳри Деҳнави вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгорӣ Ғанишер Раҳимов дар сафи пеши таблиғгарони дӯстии халқҳо қарор дорад.
Дар донишкада устодони унвондор аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Амрико, Хитой ва Ҳиндустон… бо донишҷӯён ва магистрантҳо машғулиятҳои назарӣ ва фаннӣ баргузор мекунанд.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгорӣ дар маркази Деҳнав, ки шаҳри саноатӣ буда, таърихи қадим дорад, ҷой гирифтааст. Ман — шаҳрванди Тоҷикистон низ дар ин боргоҳи ҳунару дониш кор мекунам.
Деҳнави имрӯза соли 1926-ум дар сохтори вилояти Сурхандарё таъсис ёфтааст. Номи қадимияш Чағониён буда, мавҷудияти ин шаҳр ҳанӯз соли 630 — и мелодӣ аз тарафи сайёҳ ва муаррих Си Ю Ан Зан зикр шудааст.
Дар шаҳри Деҳнав қадамгоҳ – зиёратгоҳи чанде аз бузургворон мавҷуд мебошад, ки яке аз онҳо Алоуддин Аттор (исми пуррааш Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад ал – Бухорӣ) ва ҳамзамони Мавлоно Яъқуб ибни Усмон ал-Чархӣ (1359 – 1447) дониста мешавад. Номи ин бузургвор чунин оварда шудааст: Яъқуб ибни Усмон ибни Маҳмуд ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд ал – Чархӣ. Соли таваллудаш 1359 (дар Чархи Хуросон, Мовароуннаҳр) ва соли вафоташ 1447 (деҳкадаи Ҳалқатӯри Деҳнав) муқаррар гардидааст.
Дар шаҳри Душанбе мазори Мавлоно Яъқуби Чархӣ мавҷуд аст, ки аз ҳамдиёрони Яъқуб ибни Усмон ал-Чархӣ дониста мешавад. Ман дар ҳамсоягии ҳамин макони муқаддас ба дунё омадаам ва ҳоло дар Деҳнав кору зиндагӣ дорам.
Чун дар ҷумҳурии мо – Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ тоҷику ӯзбекон дӯстона, дасти ҳам гирифта, ҳаёт ба сар мебаранд. Таманнои онро дорем, ки ин дӯстӣ абадӣ ва ҳамеша самарбор бошад.
Фарзона САФАРОВА,
номзади илмҳои техникӣ, устоди Донишкадаи соҳибкорӣ
ва омӯзгории шаҳри Деҳнави
Ҷумҳурии Ӯзбекистон