(Мусоҳиба бо сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Азим Байзоев)
— Оё ин омил дар шароити имрӯзаи мо имконпазир аст?
— Дар муассисаҳои таълимии кишварҳои пешрафта як қоидаи маъмулии ҳатмӣ ҳаст: пас аз ҳар имтиҳон (мобайнӣ ва ниҳоӣ) омӯзгор аз синф берун мешавад, корманди муассиса ба синфхона даромада, ба донишҷӯён се пурсишнома тақсим мекунад. Пурсишномаи якум ба арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаи таълимӣ ва маводи таълимӣ, пурсишномаи дуюм ба арзёбии чорабиниҳои фарҳангию илмии беруназсинфӣ ва пурсишномаи сеюм ба арзёбии сатҳи маҳорати касбӣ ва сифати дарсдиҳии омӯзгор равона шудаанд. Хонандагон ба ҳар пурсишнома бе зикри ному насаб хаттӣ ҷавоб медиҳанд.
Пурсишномаи сеюм, ки хеле муҳим дониста мешавад, дорои саволҳоест, ки ба арзёбии ҳамаҷонибаи фаъолияти омӯзгор ва шахсияти ӯ, ки дар боло қайд кардем, равона шудаанд. Натиҷаи ин пурсиш фақат барои роҳбарият (ё комиссияи салоҳиятманд) ва худи омӯзгор маълум мешавад. Роҳбарият аз рӯйи натиҷаи ин пурсишҳо муносибати худро бо омӯзгор муайян мекунад. Интихоби курсҳои такмили ихтисос, бознигарии музди кор, имконоти идомаи кор ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти омӯзгор маҳз аз рӯйи натиҷаи ин пурсиш ҳаллу фасл мешаванд.
Ба андешаи мо, дар шароити имрӯза вақти он расидааст, ки арзёбии фаъолияти омӯзгоронро дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҷорӣ кардан амри зарурист. Барои арзёбии фаъолияти омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва зинаи асосӣ ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳои падару модарон низ ба фоидаи кор аст. Муҳим он аст, ки ҳар гуна пурсиш дар муҳити озод ва бе зикри ному насаб сурат бигирад. Бояд махсус таъкид кард, ки ҳадафи асосии ин фаъолият дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти омӯзгор дар оянда вобаста ба ниёзмандиҳои воқеии ӯст, на ба хотири сарзанишу накуҳиши ӯ.
— Мо ҳам умед мебандем, ки ба ин нуктаҳо хонандагони ҳафтанома, мутахассисони соҳа ва махсусан, худи омӯзгорон бетарафӣ зоҳир накарда, андешаҳои худро иброз хоҳанд дошт. Акнун ба шарҳи масъалаи арзёбии сатҳи донишу маҳорат ва малакаву салоҳиятҳои хонандагон мегузарем. Андешаи шумо дар ин самт чӣ гуна аст?
— Сатҳи дониш, маҳорату малака ва салоҳиятҳои хонандагон имрӯз бо баҳоҳои онҳо дар дафтари синф, чорякҳо, ҷамъбасти солона, имтиҳоноти гузариш аз синф ба синф ва хатм сахт алоқаманд аст. Аммо мушкил дар ин аст, ки ҳамин баҳоҳои хонандагон то кадом андоза дақиқ ва шаффофона мебошанд.
Ҳама норасоии механизми баҳогузории ҷориро таъкид мекунанд, аммо ба роҳ мондани шакли дигари низоми арзёбии сатҳи дониши хонандагон ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст.
Аз ҷониби дигар, сохторҳои дахлдори идораи соҳаи маориф барои санҷишҳои берунии муайян намудани сатҳи донишу малакаҳои хонандагон, маъмулан, аз роҳу усулҳои бисёр сода (масалан, аз забон ва адабиёти тоҷик — гузаронидани диктант ва пурсиши аз ёд гуфтани шеър дар мавзуъҳои муайян) — ро истифода мекунанд, ки кофӣ нест.
Бояд гуфт, ки мо мафҳуми “тест”-ро аз аввали ҷорӣ гаштани он дуруст дарк накардем ва ин фаҳмиши нодуруст то имрӯз идома дорад. “Тест” калимаи англисӣ буда, маънои он ҳамон санҷишу имтиҳон аст. Гузашта аз ин, чунин тасаввур кардан, ки шакли тест фақат ҳамон тарзест, ки аз ҷониби Маркази миллии тестӣ ва ё дар муассисаҳои таълимӣ таҳия мешавад, ғалат аст.
Ҳақиқат ин аст, ки анвои гуногуни тестҳо мавҷуд аст, ки онро вобаста ба аломатҳои гуногун ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:
— аз рӯйи ҳадафу вазифаҳо: иттилоотӣ, ташхисӣ, арзёбии рушд, ҳавасмандкунӣ, хатм (аттестатсионӣ);
— аз рӯйи тартибу низоми таҳия: стандартӣ ва ғайристандартӣ;
— аз рӯйи технологияи гузаронидан: хаттӣ, шифоҳӣ, дар рӯйи коғаз, бо истифода аз дастгоҳи муайян, тестҳои компютерӣ бо истифода аз барномаҳои мушаххас;
— аз рӯйи шакли масъалаҳо: пӯшида (масалан, бо интихоби яке аз ҷавобҳо); кушода (бо ҷавобҳои озод); муайян намудани мувофиқат, тартиб;
Тестҳо метавонанд ва бояд супоришу масъалаҳоеро дар бар гиранд, ки барои муайян намудани 1) сатҳи дониш, 2) истифодаи донишҳои бадастомада дар амал ва 3) рушди тафаккур (мантиқӣ) равона шудаанд.
— Аз ин таҳлилҳо бармеояд, ки низоми арзёбии сатҳи донишу салоҳиятҳои хонандагон бояд такмил дода шавад. Оё мо намунаҳои онро дорем?
— Ин масъала тайи даҳ соли охир мавзуи баҳси мутахассисону масъулони соҳа қарор гирифтааст. Аз ҷумла, мо низ роҷеъ ба ин масъала як дастури методӣ омода карда будем. Аммо ҳанӯз ҳам ба он нуқтаи ниҳоӣ гузошта нашудааст.
— Оё имкон дорад, ки тарзу усулҳои нави арзёбии сифати таҳсилотро мавриди санҷиш қарор дода, ба хулосаи ниҳоӣ расем?
— Ин савол бештар ба масъулони соҳа тааллуқ дорад. Аммо вобаста ба он аз як таҷрибаи худ ёдовар шудан мехоҳам: ҳоло дар китобҳои дарсии “Алифбо ва матни ниёгон” арзёбии сатҳи донишу салоҳиятҳои хонандагон ҳам ба тарзи анъанавӣ (панҷхола) ва ҳам аз рӯйи низоми садхола пешниҳод гардидааст (устод Азим Байзоев аз муаллифони асосии ин китоби дарсӣ мебошад – Ш.Р.). Низоми анъанавӣ дар ҷараёни дарсҳои маъмулӣ ва низоми садхола дар санҷишҳое, ки пас аз ҳар боби алоҳида гузаронида мешаванд, роҳандозӣ мегардад. Дар айни замон, ин сад холи имконпазир аз маҷмуи натиҷаҳои санҷиши корҳои хаттӣ, тестҳо оид ба мавзуи боби китоби дарсӣ, иштирок дар дарсҳо (интизом), фаъолнокӣ дар ҷараёни таълим (саъю кӯшиш) ва иҷрои вазифаҳои хонагӣ (фаъолияти мустақилона) ба даст меояд. Дар ин сурат, шарикдарсон низ ба ҳамдигар баҳо гузошта метавонанд, зеро роҳҳои баҳогузорӣ хеле мушаххас аст. Мо ҳар сол бо омӯзгорони ин фан семинару машваратҳо мегузаронем ва бояд қайд кард, ки онҳо ин тарзи арзёбиро хеле хуш қабул кардаанд.
Дар охир нуктаи дигари муҳимро зикр кардан бамаврид аст: якум, таҳияи механизми баргардониши нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ бояд муайян ва мушаххас гардад, барномаҳои компютерии таъсири мутақобилаи ин омилҳо таҳия ва истифода шаванд. Дуюм, як омили таъсиррасони берунӣ низ мавҷуд аст, ки он шаффофияти бозори кор аст. Донишомӯз агар бовар дошта бошад, ки донишу салоҳиятҳои ҳақиқияш ба пешрафти зиндагии худи ӯ мусоидат мекунад, дар ҳар шароит ва дар ҳар макон, новобаста ба шароити муассисаву омӯзгору китоб аз пайи омӯзиш ва такмили донишу маҳоратҳои худ мешавад.
Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”