ДАСТОВАРДҲОИ ЯК ДОНИШКАДА

Солҳои ахир сифати таълимутарбия дар муассисаҳои таҳсилотиолии касбӣ баланд гардида, дарин муассисаҳо донишҷӯён ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шудаанд. Вобаста ба ин масъала бо ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, номзади илмҳои техникӣ Алмосшоҳ Шоҳиён мусоҳибае анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем.
Муҳтарам Алмосшоҳ Шоҳиён, шумо фаъолияти муассисаро дар соли 2022 чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Соли гузашта ҳайати профессорону устодони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар баланд бардоштани сифати таҳсилот тавассути зиёд намудани соатҳои дарсӣ аз фанҳои тахассусӣ, дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, таъсиси Академияи хурди илмҳои дақиқ, ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтани шумораи зиёди омӯзгорон, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва озмоишии донишкада, аз ҷумла, ташкили озмоишгоҳи зеҳнии маснуъ ба маблағи зиёда 70 000 сомонӣ ва озмоишгоҳи иттилоотию коммуникатсионӣ, физикаи электрикӣ бо маблағи 600 000 сомонӣ, озмоишгоҳи коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз рустаниҳои шифобахш, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои парки технологии донишкада ва ғайраҳо ноил гардиданд.
— Мегуфтед, ки раванди машғулиятҳо дар донишкада чӣ тавр ҷараён мегирад?
— Ҷараёни таълим дар донишкада дар 4 факултет ва 10 кафедра аз рӯи 33 ихтисос дар 166 гурӯҳи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Шумораи донишҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023 2283 (аз он духтарон 672) нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 1410 нафар, таҳсилоти фосилавӣ 750 нафар, магистратура 58 нафар ва докторантура аз рӯи ихтисоси (Phd) 14 нафарро ташкил медиҳад. Дар донишкада 7 ихтисоси нав дар соли нави таҳсили 2023-2024 вобаста ба талаботи бозори меҳнат ифтитоҳ мегардад. Айни ҳол теъдоди устодону профессорони донишкада ба 147 нафар мерасад, ки аз ин шумор 6 нафар профессор, 27 нафар номзади илм, 53 нафар саромӯзгор ва 61 нафар ассистентҳо мебошанд. Дар соли таҳсили 2022-2023 ба донишкада 575 нафар донишҷӯ қабул гардид. Дар соли таҳсили 2021-2022 донишкадаро 413 нафар хатм намуданд ва 123 нафарашон ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
— Вазъи таъминоти техникиву моддии донишкада дар кадом сатҳ қарор дорад?
— Фаъолияти самараноку муваффақонаи ҳар як муассисаи таълимӣ ба таъминоти моддӣ – техникӣ ва иқтидори зеҳнии он вобаста аст. Дар донишкада 189 компютер, 40 нотбук, 36 проектор, 16 тахтаи электронӣ ва 79 адад принтери замонавӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, озмоишгоҳи «Зеҳни сунъӣ» аз ҳисоби лоиҳаи ЭРАСМУС + (deside) ба маблағи 311 000 сомонӣ, аз ҳисоби барномаи рушди СММ озмоишгоҳи «Технологияи иттилоотӣ» ба маблағи зиёда аз 120 000 сомонӣ, озмоишгоҳи «Ташхиси растаниҳои шифобахш» ба маблағи 120 000 сомонӣ, озмоишгоҳи «Электротехника», озмоишгоҳи «Физика» ва озмоишгоҳи «Техникаи компютерӣ» ба маблағи 955059 сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ харидорӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурию таълимии 11-ошёна, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб барои 600 нафар бунёд мешавад. Ҳамчунин, сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёна барои омӯзгорон, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ, боғ ва майдонҳои истироҳатӣ идома ёфта истодааст.
— Донишкада дар татбиқи низоми фосилавӣ ба кадом муваффақиятҳо ноил гардидааст?
— Дар таҳсилоти фосилавӣ, ки дар як соли хониш 52 ҳафтаи таҳсилӣ пешбинӣ шудааст, 4 ҳафтаи он ҳузурист. Дар ҳафтаҳои 8-ум ва 16-ум донишҷӯ ба воситаи барномаи ягона корҳои хаттӣ, иншо, реферат ва контролиро, ки аз ҷониби устодони кафедра ба онҳо дода шудааст, дастрас менамоянд. Пас аз иҷрои супоришҳо маводро донишҷӯ аз тариқи интернет ба сайти донишкада равона месозад. Айни ҳол дар шуъбаи фосилавӣ 801 нафар донишҷӯ дар факултаҳо таҳсил мекунад.
— Ҳамкории макотиби олии касбии кишвар ва хориҷи он бо донишкада дар кадом сатҳ қарор доранд?
— Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони болаёқати соҳаҳои техникию технологӣ, дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 дар доираи ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ бо донишгоҳҳои байналмилалии хориҷи кишвар корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Аз соли 2009 то имрӯз бо 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, 10 донишгоҳи олии Ӯзбекистон, 4 донишгоҳи олии Ҷумҳурии Халқии Хитой, 10 донишгоҳи олии Иттиҳоди Аврупо, донишгоҳҳои олии ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Дар ҳамаи факултетҳои донишкада ҷиҳати ҳамкориҳои судманди байни донишкада ва донишгоҳҳои Федератсияи Россия бо ҷалби олимону мутахассисон дарсҳои маҷозӣ (онлайн) сурат мегиранд.
Мусоҳиб
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб