ТАҲЛИЛИ ЛЕКСИКӢ

Дар вақти шарҳу маънидоди лексикии калима роҳу усулҳои гуногун истифода мешаванд. Бояд зикр кард, ки маънои лексикӣ ва грамматикӣ ба якдигар сахт марбутанд. Маънои грамматикии калима ба маънои лексикии он илова шуда, муносибатҳои гуногунро ифода мекунад.
Таҳлили лексикиро метавон дар шакли шифоҳӣ ҳам баргузор кард ва ҳам дар шакли хаттӣ ифода намуд.
Маънои грамматикии калима тавассути воситаҳои гуногун ифода меёбад. Мо бояд таҳлили лексикиро донем. Масалан: Маънои лексика дар ҷумла:
— ном бурдани синоним ва антоним;
— маънои аслӣ ва маҷозӣ;
— якмаъноӣ ва ё сермаъноии калима;
— истифодаи услуб;
— таърихи калима;
— таҳлили луғавии он.
Умуман, таҳлили лексикиро дар лаҳзаҳои гуногуни дарс бо ҳадафу мақсадҳои муайян ва махсус анҷом додан мумкин аст. Дар китобҳои дарсӣ машқу мисолҳое оварда шудаанд, ки асосан дар таҳлили лексикӣ дида мешаванд. Пай дар пай анҷом додани таҳлили лексикӣ имкони мусоид фароҳам меорад, ки фасли луғат ҳангоми омӯзиши мавзуъҳои дигар такрорӣ бошад.
Агар мо таҳлилро дар шакли хаттӣ анҷом диҳем, нутқи хонандаро равон карда, бештар ба саҳву хатоҳои имлоии он аҳаммият хоҳем дод.
Калимасозӣ, дарки маъноҳои ҷумла ва аъзои он тавассути таҳлили лексикӣ сурат мегирад. Аҳаммияти таҳлили лексикӣ аз он иборат аст, ки луғатдонию дарки мафҳуми луғат аз ҷониби хонанда дар дарс бештар мешавад.
Дар ин ҷо маънои грамматикӣ низ бо морфемаҳое, ки ҳеҷ маънои луғавӣ дар онҳо дида намешавад, ифода меёбад.
Онҳо танҳо маънои грамматикӣ доранду муносибатро ифода мекунанд.
Мисол меорем калимаҳоеро, ки чанд маънои грамматикӣ доранд: — Гул -исм, исми моддӣ, беҷон, танҳо, сода.
Агар, калимаи «гул»-ро аз назари лексикӣ таҳлил намоем, ба чунин натиҷа мерасем: — Гул — ғунча ё муғҷаи дарахт, оне, ки дар гулу гиёҳу дарахтон дида мешавад. Калимаи сермаъност. Ҳам маънои аслӣ ва ҳам маҷозӣ дар он дида мешавад. Антонимаш «хор» аст. Калимаи тоҷикӣ-форсӣ.
Дар ҷараёни таҳлили лексикӣ муаллим бояд талабагонро водор созад, ки бо луғат ва фарҳангҳо бештар кор кунанд. Дар натиҷа онҳо маънои аслӣ ва маҷозии калимаро фаҳмида метавонанд. Барои шарҳи ҷумла душворие нахоҳанд кашид. Аз ин лиҳоз, тарзи истифодаи фарҳангро дар мактаб бештару хубтар биомӯзанд, хуб мешуд, агар муаллим бо хонанда дар вақти дарс, ҳангоми таҳлили лексикӣ аз луғатҳо истифода кунад. Омӯзгор метавонад бо варақаҳо калимаи номафҳумро ба талабагон диҳад, то онҳо дар гурӯҳҳои худ тавонанд маънои онро тафсир кунанд. Дар байни талабагон саволу супоришҳо бо таҳлили лексикӣ метавонад ҳамчун бо кластер ё усулҳои ММД, «Шаршара», диограммаҳо ва дигар шаклҳои он чи дар тахтаи синф ва ё кори гурӯҳӣ бештар дида шавад. Ин имкон медиҳад, ки низоми омӯзиши салоҳиятнок дар муассисаҳои таълимӣ бамаврид, ҳадафнок ва хеле хуб амалӣ шавад. Омӯзиш ва коркардро бо низоми салоҳиятнокӣ ба талабагон бештар фаҳмонда тавонанд. Варақаҳо, гурӯҳҳо, корҳои ду ва ё сенафара, ангезиши зеҳнӣ, хониши занҷиравӣ, ё худ кор бо гурӯҳҳоро талабагон бештар донанд ва фаҳми баланди дарс дошта бошанд.
Бояд зикр намуд, ки омӯзгор дар мактаб бештар бо хонанда бояд коркарди калима ва маънои лексикию грамматикии ҷумлаҳоро биомӯзонад. Хонанда дар ҳамон вақт хубтар ба дарку фаҳми мавзуъ мерасад. Агар бештар бо саволу супоришҳои додашуда ё худ дар вақти гирифтани имлои санҷишӣ омӯзгор аз таҳлили лексикӣ истифода барад, хеле ба манфиат хоҳад буд.
Дар баробари масъалаҳои мазкур ҳаҷму хусусияти таҳлили лексикӣ, шарту шароити он ва моҳияти матн бояд дар мадди назар бошад. Бештари таҳлили лексикӣ дар дарсҳои инкишофи нутқ дида мешавад.
Хубтар дарк намудани хонанда аз фонди луғавии худи ӯ маншаъ мегирад. Агар дар муассиса таҳлили луғат ё омӯзиши он ба роҳ монда шавад, фикрронии ӯ дуруст ва фонди луғавияш ғанӣ хоҳад шуд.
Дар забон лексика дар раванди доимии рушд, таҳаввул, тағйиру тасҳеҳ, инчунин, ворид шудани истилоҳоти нав аст, ки шояд калимаҳои нав, вожаҳои бегона ё калимаҳое бошанд, ки барои номи воқеиятҳои нав сохта шудаанд.
Ин ҷо мо мисолеро оварда, онро таҳлили хаттӣ хоҳем кард:
Офтоб ситораи наздиктарини мост.
Офтоб – номи яке аз ҷирмҳои осмонӣ,
— ба табиат равшанию ҳарорат мебахшад,
— сермаъност,
— дар ҷумла ба маънои аслӣ омадааст,
— синонимҳояш: хуршед, шамс, меҳр.
Офтоб – антонимҳояшро дида наметавонем, чунки дар ҷумла нест.
— Дар услубҳои китобӣ ва гуфтугӯӣ истеъмол мешаванд.
— калима аслан тоҷикист.
Мо дар ин ҷумлаи интихобкардаамон танҳо калимаи «офтоб»-ро гирифтем. Хонанда хуб дарк менамояд, ки калимаи «офтоб» сермаъност. Агар мо ба ҷойи калимаи «офтоб» калимаи «хуршед»-ро бигирем, он камистеъмол аст.
Агар дар аввали матн (ҷумла) «хуршед»-ро истифода мебурдем, дар он сурат ҷумлаи мо маънояшро гум мекард. Бо ҳамин усул мо дигар ҷумлаҳоро метавонем шарҳу тафсир намоем. Барои таҳлили лексикӣ ин як навъи машқ буда, хонандаро ба интихоби дурусти калима водор менамояд.

Гулҷаҳон ҶӮРАЕВА,
омӯзгори мактаби №6,
ноҳияи Айнӣ