ФАЪОЛИЯТИ СЕРПАҲЛУИ ЛИТСЕЙ

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23. 12. 2022) таъкид намуданд, «…таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад». Яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ омода намудани мутахассисони ҷавони дорои касбҳои коргарист. Бино бар ин, аз тарафи Сардори давлат супориш дода шуд, ки барои беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори кор зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
Таҳлили вазъи бозори кори дохиливу хориҷӣ дар таҳияи барномаи миёнамуҳлати омода намудани кадрҳо барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ масъалаи муҳим ва хеле ҷолиб мебошад. Ин бозор ба мутахассисони ҳирфавӣ ва замонавӣ ниёз дорад.
Бо омӯзиши вазъи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ метавонем касбу тахассусҳои муосир ва бозоргирро муайян намуда, вобаста ба он мутахассисонро омода намоем. Соҳибкасб намудани шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, умуман, шаҳрвандони мамлакат вобаста ба талаботи бозори кор заминаи муҳими рушди инсонӣ дониста мешавад. Ин ҳам ба пешрафти иҷтимоии мардуми кишвар ва ҳам ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.
ШИНОСОӢ
Омӯзгорон, кормандони техникӣ ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе ҳамеша баҳри соҳибкасб гардондани ҷавонон талош мекунанд.
— Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва азхуд кардани касбу ҳунар дар таълимгоҳамон ҳамаи шароитро фароҳам овардаем, — гуфт зимни суҳбат директори литсей Ҳамза Сафарзода.
– Ҳадафамон такмил додани сифати таҳсилот ва касбияти шогирдон аст. Барои амалӣ гардидани ин мақсад ва оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар литсей тибқи иҷозатнома ихтисосҳои челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи дараҷаи «С», барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, кафшергари газию барқӣ, системаи компютерӣ ва интернет – технология, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хидматрасонии таҷҳизоти барқӣ, ҳисобдор (бо донистани компютер), хазинадор – назоратчӣ, мошиначии мошинаҳои борбардоранда, назоратчии ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, челонгар – таъмиргари кузови автомобил ба роҳ монда шудааст.
Бино ба иттилои Ҳамза Сафарзода, роҳи дигари соҳибкасб гардондани наврасону ҷавонон дар назди литсей ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи ихтисосҳои омӯзиши компютер, тракторчӣ, ронандаи барқии автомобил, дӯзандагӣ, радиомеханик ва монанди инҳо мебошад. Хоҳишмандон аллакай ду даври таҳсили 45 — рӯзаро ба итмом расонида, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гардиданд. 90 нафар касби ронандагиро аз худ карда, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Шогирдони литсей таҷрибаомӯзиро дар асоси нақшаҳои таълим, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва Стандартҳои тахассусии таҳсилоти ибтидои касбӣ мегузаранд. Он дар корхонаҳои саноатӣ, ташкилоту идораҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси нақшаи раванди таълим ва фармоишҳои директори муассиса ба роҳ монда мешавад. Пеш аз оғози таҷрибаомӯзӣ аз тарафи устоҳои таълими истеҳсолии муассиса ба хонандагон дастур оид ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дода шуда, бо тамоми мавод (роҳхат, рӯзномаи истеҳсолӣ, барномаи таълимӣ) тартиботи рафтору ташкили таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои саноатӣ баргузор карда мешавад.
ТАҶРИБАОМӮЗӢ – АСОСИ КАСБОМӮЗӢ
Бо мақсади таҷлили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва таълимӣ – истеҳсолии хонандагон дар соли хониши 2022 – 2023 бо чор корхонаи истеҳсолӣ — КДММ «Автомотосервис» ба номи «Вайс», ҶСК «Сомон Сервис», ҶДММ «Талко Персия», ҶСК «Тоҷиксемент» ва ҶСК «Авторем» оид ба таҷрибаомӯзӣ шартномаҳои дутарафа баста шудааст. Айни замон аз рӯйи ихтисоси челонгар оид ба ихтисосҳои таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи дараҷаи «С», барқчӣ, челонгар, монтёри барқчӣ ва ғайра таҷрибаомӯзии истеҳсо-лӣ ва таълими истеҳсолиро дар корхонаҳои номбаршуда мегузаранд. Гурӯҳҳои дигар аз рӯйи ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет – технология ҳисобдор бо донистани компютер дар устохонаҳои муассисаи таълими таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва таълими истеҳсолиро меомӯзанд.
Баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии хонандагон ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар корхонаю муассиса, ташкилотҳои гуногун яке аз масъалаҳои рӯзмарраву асосии устодон ба шумор меравад. Аз тарафи устоҳои истеҳсолии таҷрибаомӯзӣ ҳар ҳафта ба хонандагон оид ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дастур дода мешавад.
ШАРОИТИ ХУБИ ТАЪЛИМ – КАФОЛАТИ ПЕШРАВӢ
Ҳоло дар литсей хонандагон аз 68 компютер, 4 тахтаи электронӣ, 4 проектор, 13 адад принтер ва дигар лавозимоти таълимӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин, барои дарсҳои амалӣ панҷ нақлиёти гуногунтамға ва як адад трактори «Беларус» мавриди истифода қарор доранд. Китобхонаи коллеҷ дорои 14 680 нусха китоб ва 30 ҷойи нишаст мебошад. Фонди китобии он сол то сол меафзояд. Соли гузашта тавассути Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба китобхонаи литсей 22 номгӯй китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ ба тариқи ройгон ворид карда шуд.
— Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияи қабули довталабон дар литсей, ҳамчунин, ба хотири босифат иҷро намудани корҳои тарғиботию ташвиқотии довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе нақша – чорабиниҳои комиссияи қабулро омода ва тасдиқ карда, тибқи ҷадвал гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, ташвиқоту тарғибот дар муассисаҳои таълимии чор ноҳияи пойтахт идома дорад. Дар литсей хонандагон баъди хатми синфи 9 (таҳсил ду сол) ва баъди хатми синфи 11 (1 сол) идома мекунад, — гуфт Ҳамза Сафарзода.
МУШКИЛОТ НИЗ ҲАСТ
Айни замон дар литсей 330 нафар хонанда (танҳо 27 нафарашон духтаронанд) ба таври шартномавӣ ва буҷавӣ таҳсил менамоянд. Сию панҷ нафар омӯзгор ва 17 устои таълими истеҳсолӣ бо онҳо машғулият мегузаронанд. Чунонки гуфта шуд, таҳсилу касбомӯзӣ дар литсей чандон мушкилие надорад, вале чун дар аксари муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва ибтидоӣ китобҳои тахассусии бо забони тоҷикӣ нашргардида ба таври пурра вуҷуд надорад. Бештари онҳо аз замони Шуравӣ боқӣ монда, бо забони русӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи китобҳои соҳаи гуманитарӣ камбуд ба назар намерасад. Вохӯриву мулоқот бо одамони маъруф, волидони шогирдон, намояндагони ниҳодҳои қудратӣ вобаста ба пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб аз паҳлуҳои дигари фаъолияти литсей маҳсуб мешавад.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор