Дар сурудаҳои устод Мирзо Турсунзода воқеанигорӣ ва тасвиру тавсифи манзараҳои табиат мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ҷузъиёту аносири табиат дар шеърҳои шоири маъруфи тоҷик танҳо ба хотири тасвири зебоию нодиракориҳои он набуда, балки тавъам бо ҳаёти ҳамарӯзаи мардум ва ҷомеа қарор гирифтааст. Як хусусияти барҷастаи ҳадафу ғояи ашъори шоир дар он зоҳир мегардад, ки дар ин қабил шеърҳо фардияти қаҳрамон (яъне, «ман»-и шоир) равшану возеҳ инъикоси бадеӣ ёфтааст. Дигар ин ки, дар ашъори шоири мумтоз оҳангу руҳияи баланд ва эҳсоси фараҳафзои меҳанпарварона ба мушоҳида мерасад. Гоҳе дар ин шеърҳо афкору андешаҳои ҳакимонаи шоир, ки ороста ба ҷанбаи фалсафиянд, мақом пайдо мекунанд ва мартабаву сатҳи шеъриятро олию нодир ҷилвагар месозанд.
Шоир аз васоити гуногуни бадеӣ, саноеи лафзӣ ва шеваву сабки рангини эҷод истифода мекунад ва тасвиру ташбеҳоти ӯ дар офаридани ҷузъиёти манзараҳои дилангезу ҷаззоби табиат ҳунари вижаи комили шоирии ӯро бармало месозанд. Зоҳиран ин шеърҳо дар шакл ва баёну мазмунофарӣ содаву муқаррарӣ ба назар мерасанд, аммо дар шеваи маъниофарӣ ва сохтмони таркибҳо ва ибораҳои шеърӣ тозаву ноб ва нодиранд. Дар шеърҳои ба васфи табиат бахшидаи шоир, ҳамзамон, руҳияи барозанда ва метавон гуфт, даъват ба сару сомон бахшидан ба корҳои азими созанда мавқеъ пайдо мекунанд.
Таври мисол, дар шеъри «Дурахши қуллаҳо» бо тасвири шукӯҳу шаҳомат ва азамати кӯҳсорон ва қуллаҳои гардунсои онҳо, шоир ба инсони воқеӣ, ки қаҳрамони даврон аст, хитоб карда мегӯяд:
… Чун ба оянда сафар кардем мо,
Аз баландиҳо гузар кардем мо.
Мушкилиҳоро канор андохтем,
Олами бахту шарафро сохтем.
Боз дар пешанд пуршон қуллаҳо,
Ҳам бузургу ҳам дурахшон қуллаҳо.
Дар шеъри «Рӯди кӯҳӣ» шоир рӯдро мухотаб қарор дода, бо забони содаву самимона бо он суҳбат мекунад. Ин шеърро метавон ба ду қисмат ҷудо кард: дар бандҳои аввали он Мирзо Турсунзода аз тавсифу ташбеҳ ҳунармандона истифода намуда, ҳаракати мавҷҳои дарёи кӯҳӣ ва зебоию ҷилваҳои онро басо шоирона ба риштаи тасвир мекашад:
Сараш бар санг мезад рӯди кӯҳӣ,
… Ба доман чанг мезад рӯди кӯҳӣ,
Ба мисли шири навҷӯшидае буд,
Палангу бабри хуннӯшидае буд.
Дара аз ғурриши обаш садо дод,
Насимаш рӯҳро, ҷонро ғизо дод…
Дар бандҳои поёнии шеър шоир дар хусуси он сухан меронад, ки маҳз тавассути оби ин рӯд боғу чаманзорони кишвар сабзу боровар ва чароғи хонаҳо фурӯзонанд, мардуми заҳматкаш маҷрои оби рӯдро ба биёбонҳо равона карда, заминҳоро обёрӣ ва ҳосилхез мегардонанд. Яъне, дар шеър тасвири табиат танҳо ба хотири зебоию манзараҳои дилфиреби он набуда, ҳаёти пурҷӯшу хурӯш ва заҳмати инсонҳо баҳри рушду пешравии диёр мақсуди аслии шоир ба шумор меравад.
Шеъри «Рӯди ман» яке аз беҳтарин шеърҳои Мирзо Турсунзода ба ҳисоб рафта, аз 7 банди чормисраӣ таркиб ёфтааст. Дар ҳар як банди он аз саховату қудрати оби файзбахши рӯд сухан меравад. Оҳанги фалсафӣ шаҳомати шеърияти онро таъмин карда, ҳамчунин, тасвирҳои ноби шоирона (амсоли тезтару бурротар будани оби рӯд аз дами шамшер, софтар аз оби чашми тифлон ва пурҷилотар аз рухи хуршеду тундтар аз боду аз нахчири бодпо будани он) дар созмон ёфтани таркибу аҷзои шеър нақши муассир бозидаанд. Тасвиру диду мушоҳидаи шоиронаи шоир дар сатҳи олист:
Осмон дар синаи ту аксандозӣ кунад,
Бо ҷамоли ту ситора шӯхию бозӣ кунад.
Оламеро ҳусни ту аз хештан розӣ кунад,
Моҳи гардун дар дили шаб гарданафрозӣ кунад.
Медавӣ дар кӯҳсору сар ба сангон мезанӣ?
Уштури мастӣ магар, ҳар сӯй ҷавлон мезанӣ?
Даст бар сар мӯхарошон, рӯхарошон мезанӣ,
Қатраҳои сардро бар кӯҳсорон мезанӣ.
Дар баъзе аз ашъори устод Мирзо Турсунзода ҷанбаи ҳакимонаву тарбиявӣ ва насиҳату андарз ба мадди аввал мебарояд. Бо ба тасвир гирифтани аносири табиат шоир инсонҳоро ба кору амалҳои неку судманд илқо мекунад. Ҳамин шеваи нигорандагӣ дар шеъри «Ошёни баланд» вусъати тоза пайдо кардааст. Чун шоир таъкид мекунад, ки инсони сарбаланду шоиста мебояд ошёни худро дар баландиҳои кӯҳ гузорад. Манзур аз вожаи ошён ҳамон дили пурмеҳру поки инсон мебошад, ки дар он тамоми хушиҳои зиндагӣ ва саодати бани башар мегунҷад.
Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.
Дар маҷмуъ, метавон таъкид кард, ки шеъри устод Мирзо Турсунзода воқеан шеъри оламгир буда, маснади шоирии ин фарзонафарзанди миллат хеле баланду дастнорас аст
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
