УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ДАР САРГАҲИ ТАҒЙИРИ НИЗОМИ ТАЪЛИМ

Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, дар ибтидои асри ХХ танҳо дар шаҳри Бухоро зиёда аз 200 мадраса фаъолият доштааст, ки шумораи умумии муҳассилини онҳо ба 10 ҳазор мерасидааст. Вале дар ин мактабу мадрасаҳо асрҳо боз барномаҳои таълимӣ якранг буданд ва боиси қафомонии илму фарҳанг ва рушди ҷомеа мегардиданд. Соли 1904 дар Самарқанд Абдулқодири Шакурӣ мактаби усули савтия кушод ва соли 1907 дар Бухоро бо ташаббуси Низом Собитов ва Абдурраҳмон Саъидии тотор барои тоторҳои муқими Бухоро, ки раияти Россия ба ҳисоб рафта, аз дахолати ҳукуматдорони Бухоро эмин буданд, мактаби усули савтия ба забони тоторӣ кушода шуд.
Соли 1908 Садриддин Айнӣ, ки ҳамеша «орзуи ислоҳи макотибу мадорис дар хотираш нохун мезад», бо Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ба Самарқанд рафта, ба муаллим ва баъзе хонандагони мактаби усули нав суҳбат мекунанд ва аз пайи дар Бухоро созмон додани мактаби усули савтияи тоҷикӣ мешаванд.
Соли 1908 дар Бухоро дар хонаи Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим мактаби усули нав ба забони тоҷикӣ кушода мешавад, ки он ба ҷойи бурёи замину калтаку фалақ бо партаю тахтаю бӯр муҷаҳҳаз шуда, усули нави дарсдиҳӣ истифода мегардад. Дар ин мактаб, ба гуфти С.Айнӣ: «Мирзо Абдулвоҳид мудир ва муаллими аввал, Аҳмадҷон Ҳамдӣ ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ муовинони ӯ шуданд. Ман (устод Айнӣ —А.К.) ба мактаби тоторҳо рафта, таълими ҳаррӯзаи дарсро дида, маълумоти гирифтаамро бо машварати бародаронам (Мунзим, Ҳамдӣ ва Меҳрӣ—К.А.) татбиқ мекунондам».
Ҳамин тариқ, дар мактаби усули нав вазифаи душвори таълим ба зиммаи С. Айнӣ меафтад. Вақте ки ӯ барои дастрас кардани маводи дарсӣ ба мактаби тоторӣ меравад, дар он ҷо чанд нафар аз атфоли тоҷикони Бухороро мебинад, ки дар тайёр намудани дарсҳо душворӣ мекашанд, зеро ҳам дарс ва ҳам китобҳои дарсӣ ба забони тоторӣ буданд ва Айнӣ, ба хоҳиши муаллими мактаби тоторӣ Абдурраҳмони Саъидӣ вазифаи тарҷумониро аз тоторӣ ба тоҷикӣ ҳам ба зимма мегирад ва ба бачагони тоҷики дар мактаби тоторӣ таҳсилдошта маводи дарсиро дастрас менамояд. Яъне, дар муддати шаш моҳ фаъолияти омӯзгории Айниро фаъолияти тарҷумонӣ пурра мекард.
Муаллим Абдурраҳмони Саъидии тотор низ барои омӯхтани забонҳои туркӣ ва истифода аз китобҳои тозанашр оид ба таълиму тарбия, ки дар Русия ва Истанбул навишта ва чоп мешуданд, ба Айнӣ ёрӣ мерасонад. Ин аст, ки Айнӣ дар муддати камтар аз нуҳ моҳи фаъолияти мактаби усули нави тоҷикӣ (аз 5 ноябри соли 1908 то 26 сентябри соли 1909) дар баробари ба танзим даровардани дарсҳо, мувофиқи барномаи усули ҷадидӣ чанд дастури таълимӣ барои хонандагон низ омода мекунад. Худи Айнӣ ёдовар шудааст: «Ҳар чизе, ки ба мактаби тоторон тарҷума шуда, татбиқ меёфт, ба мактаби Мирзо Абдулвоҳид бурда татбиқ мекунондам (рисолаи «Таҷвид, ки ба номи «Тартил- ул-Қуръон» табъ ёфт, як қисми «Таҳзиб –ус -сибён» ва як қисми «Зарурийёти динийя» аз тарҷума ва татбиқёфтагони ҳамон рӯзҳост. «Рӯзи мо он рӯз буд, айём он айём буд»).
Мактаби усули ҷадиди тоҷикӣ дар Бухоро дар андак муддат шуҳрати зиёд пайдо кард ва шумораи хонандагонаш ба 30 нафар расид. Талаботи аҳолии Бухоро, махсусан, табақаҳои камбизоат, ки 8-10 сол дар мактаби куҳна хонда, соҳиби хатту савод нашуда буданд, ба ин мактаб зиёд мешавад. Ин аст, ки дар мактаб курси шабона низ ташкил мешавад, ки дар он шахсони 20-30-сола қабул шуда, дар муддати 40-50 рӯз ба онҳо хондану навиштан ёд дода мешуд.
Чунин пешравӣ ва маъруфияти мактаби нави тоҷикӣ мухолифон ва куҳнапарастонро ба таҳлука овард ва онҳо ба тамоми қувват барои бастани мактаби нав кӯшиш намуданд. Мутасаддиён, аз ҷумла, С. Айнӣ барои исботи иғвогарӣ ва ғаммозии иртиҷоъпарастон дар хусуси мактаби нав 9 сентябри соли 1909 маҷлиси имтиҳони кушода ташкил намуданд, ки дар он нафарони зиёд аз ҳаводорону мухолифини ин мактаб ширкат намуданд. Аз Самарқанд мактабдор Абдулқодири Шакурӣ низ дар ин имтиҳон ширкат дошт.
Устод Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» ном асараш менависад: «Маҷлиси имтиҳон хуб гузашт. Саъю кӯшиши муассисони мактаб, хусусан, ғайрати чандинмоҳаи Мирзо Абдулвоҳид ва истеъдоди бачагони бухороӣ чунон таъсире бахшид, ки аз ҳамон вақт дар байни мардуми Бухоро фикри инқилоби илмӣ пайдо шуд. Яке аз газетахонони аввалини Бухоро Бӯрибойи 80-сола аз он таассур гиря кард ва гуфт:
— Ман умед дорам, ки то 10 сол дар Бухоро инқилоб мешавад. Авлоди Ватан аз разолат ва сафоҳатҳои имрӯза раҳоӣ меёбанд. Афсӯс, ки ман он рӯзҳоро нахоҳам дид, лекин шумо, ҷавонҳо, мебинед. Ҳазор шукр, ки ман оғози корро дидам.
Бо ин ҳама комёбиҳо ва пешрафт куҳнапарастон ва мухолифон тавонистанд, ки ба баровардани фармони ҳукумат оид ба бастани мактаби усули савтияи тоҷикӣ муваффақ шаванд. Мактаби аввали нави тоҷикӣ бо усули савтия дар Бухоро 26 сентябри соли 1909 баста шуд, вале ҷаҳду талоши Айнӣ ва ҳаммаслаконаш оид ба мактаби нав ва саводноккунии аҳолии Бухоро идома ёфт…
Бо вуҷуди ҷаҳду талош, ҳукумати амирӣ бо пайравонаш пеши роҳи таъсисёбии мактабҳои навро дар Бухоро гирифта натавонистанд. Барои таъсиси мактабҳои нав ҷамъияти махфии «Тарбияи атфол» (1910), ҷамъияти «Маърифат» (1914), рӯзномаҳои тозанашри «Бухорои Шариф» (1912), «Турон» (1912) низ мусоидат мекунанд ва оҳиста- оҳиста дар Бухоро ва атрофи он мактабҳои усули нави бисёре арзи вуҷуд мекунанд, ки хонандагони зиёдро фаро мегиранд.
Ҳамин тариқ, ислоҳоти мактабу маорифи тоҷик, ки баҳри амалӣ гардидани он Садриддин Айнӣ аз солҳои аввали таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро кӯшишу талош намуда, дар саргаҳи ислоҳотхоҳон қарор гирифта буд, оқибат, як андоза, ҷомаи амал пӯшид ва фаъолияти омӯзгории устод минбаъд дар шароити дигари таърихӣ густариш ёфта, ӯ табақаҳои гуногуни миллати хешро ба худшиносӣ ва ифтихори миллию ватанхоҳӣ ҳидоят намуд.
Устод Айнӣ дар давраи нави таърихӣ — дар мактабҳои Шуравӣ низ фаъолияти омӯзгорӣ ва маорифпарварии худро давом медиҳад. Ӯ баъди он ки охирҳои апрели соли 1917 аз тарафи ҳукумати амирӣ 75 чӯб зада мешавад ва дар беморхонаи Когон 52 рӯз табобат гирифта, 25 амали ҷарроҳӣ аз сар мегузаронад, ба Самарқанд, ки дар тасарруфи Россия буд, ҳиҷрат мекунад ва соли хониши 1918-1919 дар яке аз мактабҳои навтаъсис ба касби омӯзгорӣ машғул мешавад.
Яке аз сифатҳои умумии фаъолияти омӯзгории С.Айнӣ ҳамвора омӯхтани забон ва илмҳои гуногун буд. Устод ҳанӯз аз солҳои аввали таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро барои омӯзиши забони русӣ иқдом намуда буд ва минбаъд дар лаҳзаҳои мувофиқ фаъолияти азхудкунии забони русиро давом додааст. Бо вуҷуди ин, дар оғози суҳбат ба мудири мактаб А.Г.Леменовский мегӯяд: «Пеш аз ҳама, ман бояд гӯям, ки ба русӣ хеле бад ҳарф мезанам. Илтимос мекунам, ки маро дар омӯхтани ин забони бой ёрӣ расонед. Забони русӣ дар замони мо аҳамияти калон дорад. Ман бояд онро дуруст аз бар намоям».
С.Айнӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти ӯзбек ва таърих дарс мегуфт ва дар муддати чанд рӯз таваҷҷуҳи аҳли синфро ба мавзуъҳои дарсӣ чунон ҷалб менамояд, ки хонандагон дар танаффусҳо низ аз дарсҳои устод бо муҳаббат суҳбат мекарданд.
Мудири мактаб А.Г.Леменов-ский дар ду дарси устод С.Айнӣ, ки дар мавзуи «Зиндагинома ва фаъолияти Ибни Сино» буд, пайдарпай медарояд ва рафти дарси ӯро чунин хулоса мекунад: «Айнӣ таълимдиҳандаи моҳир ва соҳибандешаи арсаи омӯзгорӣ мебошад. Вай дар ҳақиқат, устоди барҳақ аст, ки ба тоҷикӣ муаллим ва устод мегӯянд».
… Устод Айнӣ як қисми умри бобаракати хешро ба мактабу маориф ва таълиму тарбияи фарзандони халқи азизаш сарф намуда, дар рушду нуму ва густариши фарҳанги миллии халқи тоҷик хидмати арзандаву бедареғ намудааст.
Аламхон КӮЧАРЗОДА,
профессори ДМТ, узви вобастаи АМИТ