ШУКӮҲБАХШИ ЗИНДАГӢ

Китоб бузургтарин ихтироъ ва дастоварди беназири инсон аст, ки дунёи воқеӣ ва тахайюли ӯро рангу ҷилои тоза мебахшад. Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд сол аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ мегардад. Ин озмуни бонуфуз дар ҷомеаи шаҳрвандии мо инқилоби маънавӣ ба вуҷуд овард. Ин иқдоми ояндасоз тавонист таваҷҷуҳи мардумро ба китоб, шеъри воло, асарҳои дилпазир, маърифату фарҳанги асил ва ҳунари суханварию одоби муоширати наку бештару қавитар намояд. Шахсони китобдӯсту сермутолиа муносибату нигоҳи худро ба зиндагӣ вусъат мебахшанд, ҳисси хештаншиносиашон боло меравад ва ҷаҳонбиниашон густариш меёбад.
Китоб дастовардҳои маънавӣ, маърифатӣ ва адабии миллатро дар дарозои таърих таҷассум менамояд.
Нуфузу эътибори китоб дар партави иқдомоти беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам меафзояд, сафи китобхонон бештар мегардад, муштариёну дӯстдорони ин дурдонаи безавол рӯ ба китобхонаҳо меоваранд, фаъол мешаванд.
Дар ҷалби наслҳои наврас ба мутолиаи асарҳои бадеӣ нақши китобхонаҳои мактабӣ хеле муассир аст. Баррасию таҳлили асарҳои бадеии мутолиашуда аз ҷониби омӯзгор хеле муҳим аст, то ин ки мазмуну муҳтавои китобҳо дар ёду хотираи толибилмон нақш бандад. Маҳз китоб аст, ки тафаккури зеҳнии хонандагонро рушду такомул медиҳад.
Ҳоло роҳ гирифтан ба сӯйи китобу китобхона тақозои давру замон аст ва мо — омӯзгорону наслҳои калонсолро зарур аст, ки барои ҷалби бештари муҳассилини зинаҳои гуногуни таҳсилот ба китобхонӣ кӯшиш намоем. Дар кошонаҳои хеш баҳри фарзандон гӯшаи китобҳои бадеӣ, асарҳои илмию ахлоқӣ, дастуру маводи ихтисосиро барои бедор кардани завқи зебоипарастию зеҳнии онҳо таъсис бидиҳем. Ин омил камолоти инсонию донишомӯзии наслҳои наврасро боз такмил бахшида, дар рушди маънавию иқтисодии кишвар равнақи тоза меафзояд.
Бояд гуфт, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар робита бо сухандонию ҳусни баён, сайқали ҳофиза, тафаккури зеҳнию ақлонӣ, луғатдонӣ ва рӯ овардан ба китобу китобхонӣ, адабиёту фарҳанг роҳу маҷрои навро кушод.
Баргузории ин озмун ҳамасола дар кишвар тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонони муваффақро ба китобхонӣ ҷалб месозад.
Дар кишвари азизамон-Тоҷикистон теъдоди китобхонаҳо, дуконҳои китобфурӯшию рӯзномаю маҷаллаҳо тадриҷан афзуда, маърифати фарҳангию маънавии инсонҳо равнақ меёбад.
Рӯ ба китоб овардан дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои шинохти ҳувияти миллӣ, қадршиносии аҳли сухан ва асарҳои пурарзиш хеле муҳим аст. Ҳамасола сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи китоб, корвон ва намоиши китобҳо ва интишори китобҳои ниёгон барои наврасону кӯдакон тасдиқи андешаҳои зикршуда мебошад.
Асарҳои адибони маъруф ва ашъори шуарои шинохтаи мо дар беҳтар шудани маънавиёт, худшиносии миллӣ, ҳисси меҳанпарастӣ ва камолоти инсонии ҷомеа хидмати арзишманд анҷом медиҳанд. Инсоният аз мутолиаву садоқату вафодорӣ ба китоб ба зинаҳои олии илму дониш мерасад ва розҳои пӯшидаву мушкилоти ҳаёт аз шарофати китоб ба одамӣ гиреҳкушоӣ мешаванд.
Дар тамаддуни мо китоб шабеҳи ҳамсафари мувофиқ, сафобахши дилҳо, раҳоӣ аз зулмату нокомиҳо, дурахши умри инсон, воридшавӣ ба гулбоғи маънавӣ, роҳ ба ҷониби асолати милливу инсонгароӣ арзёбӣ мегардад.

Алишер МУРОДОВ,
Файзулло АБДУРАҲИМОВ,
устодони ДДБ ба номи
Носири Хусрав