АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТОҶИК ДАР ТАВСИФИ ДОНИШ

Адабиёти классикии тоҷик мавқеи донишро дар камолоти шахс ҳамчун нусратёбии ӯ мешумурд. Ин нуқтаи назар дар китоби пурарзиши “Антология педагогической мысли таджикского народа” (ч.1. Отв.ред.Каримова И.Х.-Душанбе: Матбуот, 2009; 447 саҳ.) ҳангоми баёни маълумотҳо доир ба шоирону нависандагони машҳури асрҳои гузашта (аз замонҳои қадим то Инқилоби Октябр) дарҷ ёфтааст. Асар ба ганҷинаи адабиёти ватанӣ афзуд. Таассуфовар аст, ки ин асари барои тарбияи ҷавонон хеле манфиатовар ба забони тоҷикӣ то ҳанӯз интишор нашудааст.
Пояафрози адабиёти асили тоҷикӣ дар асри X Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) дар ашъори хеш дар мавзуъҳои панду ҳикмат, омӯхтан аз гузашта ва баҳра бардоштан аз он, азиз донистани илму дониш, хирадмандӣ суханҳое гуфтааст, ки онҳоро беш аз ҳазор сол боз меписанданд ва ба қадри онҳо мерасанд. Ду мисраъ шеъри ӯро дар бораи дониш, ки дар ҳама ҷо пайваста садо медиҳад ва толибилмон аз замони шоир то ба имрӯз ба он мутаваҷҷеҳанд, баён мекунем:
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Аз рӯи қайдҳои Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, навиштаҳои нависанда ва олими намоёни асри X ва ибтидои асри XI Абуали Аҳмад ибни Яъқуб Мисковейх (934-1030) дар замони Ҳушанги Пешдоди маҷмӯаи панду ҳикматҳо бо номи “Ҳикматҳои абадӣ” тартиб дода шуда буд. Дар он оид ба хирад, дониш, хирадмандӣ суханҳои шоиста ва пурқимат баён ёфтаанд. Чанде аз онҳоро дар васфи дониш мисол меорем (ҳамон ҷо: саҳ.88-89; 96; 99).
— Беҳтарин чизе, ки одамон дар ин дунё доранд, дониш аст.
— Ба дониш ҳеҷ гоҳ бадбахтӣ рӯй намедиҳад, яъне, одамони бохирад ҳеҷ вақт бадбахт намешаванд.
— Дониш туро ба комёбӣ ва бузургӣ мерасонад.
— Хирадмандӣ ба воситаи дониш ва малака ба амал меояд…
— Хирадмандӣ сифати беҳтарин инсон аст.
Дар яке аз пандҳо таъкид мешавад, ки агар шахс донишманд ва ё ширинсухан набошад, бояд китоб хонад, зеро китобҳо дар бораи маданият, тарзи рафтору кирдор, донишҳои писандида, ки гузаштагонамон бароямон нигоҳ доштаанд, нақл мекунанд, то ки бо ёрии онҳо донишдӯстӣ ва афзункунандагони илму маърифати зиёд шавад (ҳамон ҷо: саҳ — 102). Ин таъкиди куҳан дар шароити кунунӣ басо муҳим аст.
Доир ба масъалаи дониш мероси адабии яке аз пайғамбарони назми адабиёти форс — тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ (934-1021) аҳаммияти фаровон дорад. Ҳаким Фирдавсӣ шахси хирадманду донишпарастро фотеҳу қудратманд мешуморид:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Дар воқеъ, бесабаб нест, ки профессори муҳтарам С.Ятимов андешаҳои хешро перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”. (Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, №247.23.12-2022) доир ба соҳаи маориф ва рушди маърифатнокӣ мавзуи баҳс қарор дода, бо ҳамин унвон (“Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад”) сарлавҳа ниҳодааст. Ва чӣ тавре ки маълум аст, Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи суханрониҳо, маърузаю вохӯриҳояшон аз афзал донистани дониш, аз китобдорию китобхонӣ таъкид мекунанд ва дастурҳо медиҳанд.
Дар асари этикӣ – дидактикии нависандаи форсу тоҷик Унсурулмаолии Кайковус (1020-1099) “Қобуснома” омадааст (саҳ.21):
— Бузургӣ дар хирад ва дониш аст, на дар авлод ва насаб.
— Аз дониш ганҷинае беҳтар нест…
— Иззату эҳтироми бузургтарин дар дониш аст.
-Вақте шахси бохирад мебинад, ки аз ҳамсолонаш дида дар мукаммалӣ ва накукорӣ қадру қимати баланд дорад, ӯ кӯшиш мекунад, ки боз комилтар ва некукортар шавад.
— Дониш ҷустан маънии ҷустани болошавӣ аз ҳамсолони хешро дорад.
Бояд гуфт, ки тадбирҳои маърифатии дар солҳои ахир ташкил ва амалишуда, ки назарҳо ба онҳо дӯхта шудааст, баҳри амалӣ шудани ҳамин матлаби наҷиб равона гардидаанд. Дар бобати илму дониш шоир, риёзидон, файласуф, астроном, сиёсатмадори асри XI Шарқ Умари Хайём (18.05.1048-4.12.1131) фикру мулоҳизаҳое дорад, ки басо дурандешонаанд. Маълумоти муфассал оид ба ин масоил дар китоби муҳаққиқон Ш.Султонов ва К.Султонов. Омар Хайям (-М: Молодая гвардия, 1987) оварда шудааст. Аз ин асар маълум мешавад, ки Умари Хайём дар рисолаи “Тафсирҳо ба душвориҳо дар муқаддимаи китобҳои Евклид” (дар се китоб) ба мавқеи илм эътибори вижа додааст. Инсон бояд ба илм машғул шавад-аломати асосии эътимоди Умари Хайём буд. Омӯхтани илм ва дарк кардани он барои шахсе, ки мехоҳад бахти абадӣ пайдо кунад, зарур аст, — таъкид менамуд ӯ.
Классики барҷастаи адабиёти тоҷик, асосгузори достонҳои дидактикӣ Абдулмаҷиди Саноӣ (1079-1140) дар эҷодиёти худ ба масъалаҳои ҳалимӣ, накукорӣ, тарбияи сифатҳои олиҳимматии шахс ва ғайра эътибори вижа дода, мавқеи донишро дар пояи баланд гузоштааст.
Фикру андешаҳои Саноӣ, ки роҷеъ ба дониш дар ин пандҳо ифода ёфтаанд, басо манфиатоваранд.
Акнун чанд андешаи омӯзгори намоёни асри XII Бурҳониддин Зарнудҷиро, ки дар мадрасаи Марғелон фаъолият мекард, оид ба дониш дар дастури “Панд ба хонандагоне, ки дар роҳи таълиманд”, бе шарҳ баён мекунем (ҳамон ҷо: с.344-345):
— Ҷӯяндаи дониш онро бояд дониста гирад, ки танҳо ба воситаи иззати илму олимон, иззату эҳтироми устод онро дар амал истифода бурда метавонад.
— Донишро ба воситаи шаш тадбир аз худ кардан мумкин аст: хушфаҳмӣ, хоҳиши устувор, истодагарӣ, насиҳати устод, қути лоямут ва фаровонии вақт.
— Ба ҷӯяндаи дониш лозим аст, ки ҳамон як суол ва ҳамон як калимаро ҳазор бор шунида бошад ҳам, бо эҳтиром гӯш кунад. Касе, ки баъди ҳазор бор шунидан ин гуна эҳтиром надорад, ӯ ба сафи олимон тааллуқ дошта наметавонад.
Шоир ва мутафаккири бузурги адабиёти классикии тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492) аз худ мероси зиёд боқӣ гузоштааст. Дар эҷодиёти ӯ афкори педагогӣ ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ин байти ӯ хеле машҳур гардида:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
(Давом дорад)
Ислом FУЛОМОВ,
профессори кафедраи математика ва методикаи таълими ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои педагогӣ