ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

19-уми апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо вазъи муассисаҳои таълимӣ шинос шуд.
Нахуст Раҳим Саидзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и маҳаллаи Бобокалонови шаҳри Конибодом боздид намуд, ки дар он ба муносибати 145-солагии устод Садриддин Айнӣ аз ҷониби хонандагон чорабинии фарҳангӣ баргузор мешуд. Дар рафти боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки муассиса дорои 27 синфхона буда, дар он 529 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 35 нафар омӯзгор ба хонандагон аз фанҳои гуногун дарс гуфта, дар соли таҳсили 2021-2022 2 нафар хонандаи муассиса дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Зимни суҳбат бо кормандони муассисаи таълимии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода тазаккур дод, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф омӯзгорон бояд ба фаъолияти хеш дар самти таълиму тарбияи насли наврас вусъат бахшида, дар замири онҳо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватани маҳбуб ва ҳисси худшиносиро бедор намоянд. Ҳамчунин, аҳли маорифи кишвар дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони хуби забондон бояд пайваста талош намуда, дар пешрафти соҳаи афзалиятнок саҳми назарраси худро гузоранд. Таъкид гардид, ки таҳти сарпарастии Пешвои миллат дар кишвар озмунҳои гуногун баргузор карда мешаванд, ки иштироки хонандагону омӯзгорони шаҳри Конибодом дар онҳо кам ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, ҷиҳати иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ зарурати дигар кардани шеваи кор пеш омадааст.
Дар рафти боздид аз сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати қабл аз муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Лозим ба ёдоварист, ки фармоишгари сохтмони бинои нави муассисаи таълимии мазкур Вазорати маориф ва илм буда, он барои 240 нафар хонанда дар як баст аз ҷониби ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда истодааст. Шумораи умумии хонандагон дар муассисаи таълимии №48 айни замон 483 нафарро ташкил намуда, 35 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд.
Дар идома вазири маориф ва илм аз гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Гимназия соли 1947 сохта шуда, дорои 55 синфхона, аз ҷумла, 4 кабинети технологияи иттилоотӣ, 2 озмоишгоҳ, 1 толори варзишӣ, 1 толори маҷлисгоҳ, 1 кабинети омодагии дифои ҳарбӣ, 1 кабинети физика, 1 кабинети химия, 1 кабинети лингофонӣ мебошад. Дар гимназия 3068 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 123 омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд.
Раҳим Саидзода дар рафти суҳбат бо масъулини муассиса оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби омӯзгорон ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассиса изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст.
20-уми апрели соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№13 ва 18-и ноҳияи Спитамен шинос гардид. Вазири маориф ва илмро раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода ҳамроҳӣ намуд.
Зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 маълум гардид, ки директор дар муассисаи таълимӣ ҳузур надошта, хонандагони синфи 11, ки тибқи ҷадвали дарсӣ 5 соат дарс доранд, соати 11:07 дақиқа аз муассиса хориҷ шуда истодаанд. Бинои дуошёнаи муассисаи таълимӣ тайи чанд соли ахир таъмир нагардидааст ва ба шабакаи таъмини об пайваст нест. Мизу курсӣ ва дару тирезаҳои шикаста ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба рафти таълиму тарбия халал халал эҷод мекунанд.
Раҳим Саидзода бо рафти дарс дар синфхонаҳо шинос гардид. Дар синфи 9 «в», ки 22 нафарро ташкил медиҳад, ҳамагӣ 4 хонанда дар дарс ҳузур дошта, вазъи китобу дафтардории онҳо ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар рӯзномаҳои хонандагон номи мавзуъҳои дарсӣ умуман дарҷ нагардида, дар дафтарҳояшон аз аввали сол то ҳол ҳамагӣ 1 саҳифа навиштаанд.
Вазири маориф ва илм аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаи мазкур изҳори нигаронӣ карда, зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон оид ба ислоҳи камбудиҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат, вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст.
Раҳим Саидзода, ҳамчунин, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм муассисаи мазкурро бо мизу курсӣ барои 50 ҷойи нишаст, 2 адад тахтаи синф ва ҷевон таъмин намуда, ҷиҳати таъмири бинои муассиса бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳатман чораҷӯйӣ хоҳад кард.
Сипас, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дидан кард. Маълум гардид, ки муассиса дорои ду бинои таълимии якошёна буда, ин биноҳо солҳои 1971 ва 1981 сохта шудаанд. Муассиса дорои 14 синфхона ва 601 нафар хонанда буда, мушкили асосӣ нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагон аст.
Раҳим Саидзода қайд намуд, ки масъалаи сохтани синфхонаҳои иловагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд пайгирӣ гардида, муассиса аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо мизу курсӣ барои 50 ҷойи нишаст, 2 адад тахтаи синфӣ ва ҷевон таъмин карда мешавад.
Дар охир Раҳим Саидзода қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан, сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 20.04.2023 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Нодирҷон Бобоев тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз вазири маориф ва илм хоҳиш намуда буд, ки аз муассисаҳои таълимии №№13 ва 18-и ноҳияи Спитамен боздид намояд. Вазъи муассисаҳои мазкур чандон хуб набуда, тибқи дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, шуъбаи маорифи ноҳия ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида мешавад.