Шумораи рангин ва пурмуҳтаво

Шумораи навбатии нашрияи «Омӯзгор» (№17, 27 апрели соли 2023) аз чоп баромад. Ин шумора чун шумораҳои қаблӣ рангину пурмуҳтаво буда, масоилу мавзуоти гуногуни соҳаи маориф (таълиму тарбия, методика, вазъи таҳсилот дар коллеҷҳои ҷумҳурӣ, масоили идеологию хештаншиносӣ ва навигариҳои соҳаро дар бар гирифтааст.
Дар саҳифаи аввал Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр бо номи «Бояд ҳамеша ба корҳои нек даст занем» ба табъ расидааст. Саҳифаҳои 2 — 4 матолиберо инъикос намудааст, ки ба тақдими туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат ба таълимгирандагони таълимгоҳҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Туҳфаҳои Сарвари давлат ба толибилмони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, мактаб – интернатҳо дар шакли либосу ашёи гуногуни хониш аз ҷониби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супурда шудааст.
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба ятимон тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳру навоҳии Темурмалик, Хуҷанд, Мастчоҳ, Рӯшон, Муъминобод, Истаравшан, Роштқалъа, Қубодиён, Исфара, Мурғоб, Бӯстон, Дарвоз ва ғайра расонда шуд. Дар саҳифаҳои чору панҷ, гузориш аз боздиди вазири маориф ва илм Раҳим Саидзодаро ба вилояти Суғд фаро гирифтааст. Дар ин саҳифаҳо дар хусуси ҷаласаи назоратии назди вазир ва вохӯриҳои роҳбарияти вазорат бо намояндаи коргоҳи Лубан ва сафари Ҷумҳурии Туркия иттилоъ дода шудааст. Дар саҳифаи 6-и нашрия таҳти унвони «Адабиёти классикии тоҷик дар тавсифи дониш» мақолаи профессори кафедраи математика ва методикаи таълими ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ Ислом Ғуломов ҷой дода шудааст, ки омӯзанда ва ҷолиб буда, ба масъалаи робитаи байни фанҳо тааллуқ дорад.
Саҳифаи «Идеология»-ро навиштаҳои директори МТМУ №12, ноҳияи Шуғнон Носир Амадбеков, номзади илмҳои педагогӣ, омӯзгори ДОТ дар шаҳри Панҷакент Фотима Сироҷзода ва мухбири минтақавӣ дар вилояти Суғд Нуъмон Раҷабзода бо ҳаммуаллифии Абдусабури Абдуваҳҳоб зебу оро додааст. Саҳифаҳои 8-9 ба мавзуоти маърифатию адабӣ ва таҷлили солгарди адибони баруманди тоҷик бахшида шудаанд.
Матолиби профессори ДМТ Аламхон Кӯчарзода доир ба хидматҳои беназири сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ва мухбири ҳафтанома Шодӣ Раҷабзод перомуни вижагиҳои ашъори Шоири халқии Тоҷикистон, мунодии сулҳу озодӣ, шодравон Мирзо Турсунзода ҷолиб ва хонданиянд. Мақолаҳои омӯзгорон Эътибор Раҷабова, Малоҳат Икромова ва Умедҷон Маҳмудзода оид ба масоили фарҳангу методикаи таълим ҳуснбахши саҳифаи 8 мебошанд. Мухбири ҳафтанома Ҳотами Ҳомид дар мақолаи худ таҳти унвони «Фаъолияти серпаҳлуи литсей» вазъи таълим ва касбомӯзии муҳассилинро дар литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додааст.
Навиштаи омӯзгори мактаби №6-и ноҳияи Айнӣ Гулҷаҳон Ҷӯраева – «Таҳлили лексикӣ» озмунӣ буда, пурмуҳтаво ва аз нигоҳи методикаю дидактика ҷолиб мебошад. Ҳамин тариқ, дар саҳифаи 11 маводи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъминҷон Шарифзода ва мухбири минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб Шариф Абдулҳамид ҷой дода шудаанд, ки масоилу мушкилоти ду донишгоҳро дарбар гирифтаанд. Идомаи мусоҳибаи мухбири нашрия Шодӣ Раҷабзод бо сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва технологияи таълими Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Азим Байзоев таҳти унвони «Сифати таҳсилот: моҳият, таҳлил ва роҳҳои такмили он» дар саҳифаи 12 ба табъ расидааст. Муаллифи мусоҳиба ва муҳаққиқи заҳматкаш А.Байзоев умед доранд, ки омӯзгорону устодон фикру пешниҳодоти худро оид ба мавзуи мазкур навишта, ба идораи нашрия ирсол менамоянд.
Тавре маълум аст, нашрияи «Омӯзгор» якчанд озмун эълон кардааст, ки вобаста ба озмуни «Дарси муосир» маҳорат, малака ва таҷриба» мақолаи аспиранти ДДОТ ба номи С.Айнӣ – «Дар кори гурӯҳӣ саҳлангорӣ нашояд» дар саҳифаи 13 ҷой дода шудааст. Мақолаҳои Аъзам Бобоев ва Манучеҳр Асрорӣ – «Кадом вақт дарс шавқовар мешавад?» (аз мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён ва омӯзгори мактаби №18-и ноҳияи Шаҳринав Зайтуна Қараева – «Бахшандаи меҳру сафо» низ хонданию ҳадафмандона мебошанд. Дар саҳифаи 14 мақолаи омӯзгори МТМУ №84, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – «Бунёдгузории фардо» ва намунаи ашъори омӯзгорон аз шаҳру навоҳии кишвар, амсоли Зиёвуддин Бӯриев, Сафар Сафаров, Муҳиддини Ятим, ва овеллаи Ш.Суҳайл – «Рӯймол» ба нашр расидаанд, ки аҳамияти баланди тарбиявию ахлоқӣ доранд. Дар саҳифаи 15 эълон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва дар саҳифаи 16 аз коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ҷой дода шудаанд.
Дар маҷмуъ, шумораи навбатии нашрияи «Омӯзгор» пурмуҳтаво, рангин ва ҷолибу хонданӣ мебошад.

Навбатдори шумора: Шодӣ Раҷабзод