Абдулбоситро беш аз 10 сол боз мешиносам, насабаш маро ба худ мекашад, чун номи падарам: Фазл. Ӯ аз ман 5 сол хурд аст. Дӯстонаш аз миёни аҳли илму адаб бештаранд ва ин бесабаб нест, ба хираду дониш, фаъолияту масъулият, муносибату одамияташ рабт дорад.
Ӯ зодаи водии олимхезу шоирхези Зарафшон аст. Деҳаашон Вен ном дорад. Ин вожаи суғдӣ, ба қавле, маънои баландиро ифода мекардааст. Ин мавзеъ барои даврони бачагияш хуб ҷое буд: сабзу хуррам, ҳавои тоза, дилкушо. Дар бачагӣ чун дигар ҳамсолонаш пайи кори хоҷагӣ мегашт, боғдориву обчакорӣ, нигоҳубини чорво, хуллас, дастёри хуби падар буд.
Бо вуҷуди серкорӣ, ҳеч гоҳ худро аз таҳсил ва мутолиаи китоб дур намегирифт. Миёни ҳамсинфон бо дониши хуб ва ахлоқи намунавияш фарқ мекард. Душвортарин давра ба замони донишҷӯияш рост омад: солҳои 1991-1996. Дар факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи (имрӯз донишгоҳ) давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил мекард. Бисёриҳо аз дарс ба ҳар баҳона мегурехтанд, донишкадаро тарк мекарданд ва ё ҷуръати ба дарс рафтан намекарданд. Сабаб маълум: он замон вазъият ташвишовар буд, нооромӣ, бетартибӣ, руҳияҳо хароб, мушкилоти иқтисодӣ зиёд, шароити моддии донишҷӯён хеле сангин.
Аммо ягон мушкилӣ монеи таҳсили Абдувосит намегашт. Миёни ҳамкурсон бо оромӣ, андешаронӣ ва зеҳни хубу гиро, забони бурро ва баёни ҷаззобаш фарқ ва диққати устодонро ҷалб мекард. Мутолиаи зиёд қаламу суханашро рушд бахшид. Ин буд, ки аз ҳамон давра ӯро ба таҳрири корҳои илмӣ ва китобҳояшон ҷалб мекарданд. Ба навиштани баъзе тавсияҳои методӣ ҳам он давра сар карда буд. Кори дипломияш дар мавзуи “Афкори тарбиявӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” арзиши баланди илмӣ дошт. Ин баҳо аз забони раиси ҳайати ҳакамон, адабиётшинос Расул Ҳодизода бо эътимод садо дода буд.
— Писарам, ин кори шумо бо андаке тағйиру такмил барои ҳимояи рисолаи номзади илм муносиб аст, — гуфта буд устод. — Аз паси кори илмӣ шавед, ман барои роҳбарӣ кардан ба шумо дар ин ҷода розиям.
Ин баҳо ва таваҷҷуҳи устод Абдулбоситро бештар ба илм дилгарм кард. Бо тавсияи устод корашро каме такмил дода, дар китоби “Даме бо “Шоҳнома” ҷой дод. Ин китоб як боби дигар ҳам дошт: “Муродифот дар “Шоҳнома”. Зиндагӣ баъзе ҳолатҳои ғайричашмдошти худро дорад. Барои куллан ба роҳи илм гузаштан монеаҳои сунъие пеш омаданд ва ӯ аз паси ҳимоя нагашт… Абдулбосит муаллиф ва муҳаррири чандин мақола ва китобҳои илмию оммавӣ буда, дар таҳриру тасҳеҳи нашрияҳои илмию адабӣ дар ВАО таҷрибаи хуб дорад. Боре дар зодрӯзаш гуфта будам: “Абдувосит (Фазлиддинзода) аз ҷумлаи рӯзноманигоронест, ки журналистикаро бо илм тавъам медонад, бо адабиёт бештар. Эҷодкорияш дар калимасозиву суханофарӣ, масъалагузорӣ ва ҷуръат хоси фаъолияташ аст. Инро аз мушоҳидаҳое, ки тӯли чанд сол дар нашрияҳои соҳа фаъолият мекунад, мегӯям, аз суҳбат ва шинохти ӯ. Адабиёт аз чунин эҷодкорон интизории бештар дорад.”
Заминаи фаъолияти дӯсти мо аз омӯзгорӣ, ки баъди хатми донишгоҳ дар мактаби № 65-и шаҳри Панҷакент оғоз ёфта буд, маншаъ гирифтааст. Дар идома ҳамчун омӯзгори коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе (аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва методикаи таълими адабиёт), ҳамзамон, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Душанбе, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, методист-омӯзгори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, котиби масъули маҷаллаи «Пайванд», сардори шуъбаи табъу нашри Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм, сармуҳаррири маҷаллаҳои “Масъалаҳои маориф” ва “Субҳи умед” фаъолият кард ва миёни доираи васеътар шинохта шуд.
Аз оғози соли 2015 ӯро ба ҳайси сармуҳаррири дастури методию иттилоотии “Роҳнамои довталаб” ва сармутахассиси таҳриру тарҳрезии корҳои табъу нашри Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карданд. Абдулбосит мусоҳиби хуби ровиёни барномаҳои адабии радиоӣ ҳам ҳаст.
Ғолиби чанд озмун дар масъалаҳои забоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ ҳам ҳаст. Бо чандин ифтихорнома, нишонҳои “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, нишони “100-солагии матбуоти тоҷик” мукофотонида шудааст.
Ӯ як инсони шикастанафс, хоксор ва самимист, маърифати баланд ва ахлоқи накуяш аз тарбияи шоистаи хонаводагияш дарак медиҳанд.
Саидаи ФАЗЛ,
Аълочии фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
