БУЗУРГОНРО АРҶГУЗОРӢ БОЯД КАРД

Олим, муҳаққиқ, ходими фаъоли ҷамъияту сиёсӣ, академик Бобо Сангинов соли 2017 дар 82-солагӣ тарки олам гуфт. Ӯ яке аз селексионерони маъруфи пахтаи тоҷик мебошад. Роҳи тайнамудаи ин олими баруманд дар фаъолияти тӯлонияш пур аз рухдодҳои ҷолибу судманд аст. Доир ба фаъолияти роҳбарию тадқиқоти илмии академик Бобо Сангинов матолиби зиёде аз ҷониби кишоварзон, олимон ва ҳамкасбон дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва нашрияҳои илмии кишоварзии ватанию хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ номи олими пурдону ҳақталоши арсаи илми кишоварзӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Федератсияи Россия Бобо Сангиновро гирифтааст. Вале заҳматҳои бедареғи ин марди фозил ба қадршиносии бештаре ниёз дорад. Беҳуда Ҳаким Саноӣ нагуфта:
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ
Олиме гардад наку ё шоиреширинсухан.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Рарз соли 1950 таъсис ёфтааст. Дар он айём шумораи хонандагон 136 нафарро ташкил медод. Айни замон ин ҷо зиёда аз 400 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд. Хатмкардагони муассисаи мазкур дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил мекунанд. Соли хониши 2022-2023 шогирдони муассиса Ёсумани Мирҳамза ва Валиҷон Ҳасанов дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагон иштирок намуда, соҳибҷоиза гардиданд. Дар ин комёбии шогирдони мактаб саҳми омӯзгорони болаёқат ва соҳибтаҷриба С. Исмоилов ва М. Бадалова хеле калон аст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва шуъбаи маорифи он имрӯз дар муассиса озмоишгоҳи фанни химия, кабинетҳои биология, математика ва технологияи иттилоотӣ бо тамоми маводи зарурӣ таъмин буда, дар хидмати шогирдон қарор дорад. Ин озмоишгоҳ ва кабинетҳои фаннӣ ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат мекунанд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мазкур дар соли 1986 аз нав бунёд ёфтаасту дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар мактаб осорхонаи академики АМИТ Бобо Сангинов арзи ҳастӣ дорад, ки дар он шогирдони мактаб аз ҳаёт ва фаъолияти ин шахси наҷиб дар машғулиятҳои илова аз фанҳои табиатшиносӣ ва биология бештар шинос мешаванд.
Устод Бобо Сангинов дӯстдори воқеии аҳли илму адаб ва китоб буд ва китобхонаи азиме низ дар водии Вахш дошт, вале афсӯс, ки ба сабаби нооромии кишвар тӯли солҳои 1991-1997 бо дасти душманони миллат он ҳама китобҳои нодир, ки устод аз семинар ва конфронсу конгресҳои илмие, ки дар кишварҳои пешрафтаи Осиё, Аврупо, Амрико ва дигар минтақаҳои олам ба даст оварда буд, ба коми оташ рафт. Аз дӯстон, ҳамкорон ва шогирдони устод хоҳиш менамоем, ки доир ба ҳаёту фаъолияти академик Бобо Сангинов агар дастур, дастнавис ва ё китобе доранд, лутфан ба мактаб пешниҳод кунанд ва баҳри боз ҳам пурратар шудани осорхона мусоидат намоянд.
Таҳия ва нашри «Куллиёти осор»-и устод Бобо Сангинов кори хайре хоҳад буд. Дар ин кор низ шогирдону пайвандони устод ва кулли ҳаводорони илму адаб ҳиссагузор буда метавонанд.
Тоҳирхӯҷаи ХОҶАЗОД,
рӯзноманигор,
Абдуваҳҳоб САНГИНОВ,
директори МТМУ №3-и
ноҳияи Айнӣ