Чанде пеш машғулиятҳои мактаби тобистонаи Барномаи “ERASMUS +” лоиҳаи “HARMONEE” дар шаҳри Гарнянои кишвари Италия барои омӯзгорону олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии Осиёи Миёна ҷиҳати эътирофи мутақобилаи барномаҳои магистрӣ дар мавзуи “Саломатии меҳнат ва муҳити зист” баргузор гардид.
Мақсади асосии ширкат дар мактаби тобистонаи давраи дувум натиҷагирӣ аз мактаби тобистонаи давраи якум, ки дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон тобистони соли гузашта баргузор гашта буд, таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи модулҳои таълимӣ барои дараҷаи магистратура дар донишгоҳҳои ҳамкори Осиёи Марказӣ буд.
Дар доираи ҳамкориҳои барномаи Эрасмус + (Erasmus+) барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба тақвият додани иқтидори макотиби олӣ ҳамоҳангсози лоиҳаи “Harmonee” доктори илми филология, профессор Умеда Ғаффорова, аъзои лоиҳаи мазкур, дотсентон М.Шарипова, Н.Шамсиддинова ва муаллифи ин сатрҳо ба сафари хизматӣ ба шаҳри Гарнянои кишвари Италия рафтем. Дар тренинги омӯзишӣ, ки он мактаби тобистона унвон дошт, 27 нафар омӯзгори донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон) модулҳои таълимӣ ва рушди лоиҳаи илмиро дар самти эътирофи мутақобилаи барномаҳои магистрӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва муҳити зист такмил ва коркард намуданд. Давраи бозомӯзӣ ва гузаронидани тренингҳо таҳти роҳнамоии тренерон аз донишгоҳи Утрехти Нидерландия ва Донишгоҳи Милани Ита-лия роҳандозӣ гардида буд. Иштирокчиёни мактаби тобистона тавонистанд, ки донишу малакаи педагогии хешро боло бардошта, мутобиқ ба зинаҳои таҳсилоти олӣ дар системаи Болонӣ номгӯи 9 модулро ҳамчун такмилдиҳандаи модулҳо, силлабус ва роҳнамои таълимро дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва муҳити зист пешниҳод намоянд. Инчунин, дар давоми давраи омӯзишӣ аз тарафи иштирокчиён муаррифии модулҳо, тарзи татбиқи онҳо ва усули дарсдиҳӣ бо истифода аз дастгоҳҳои инноватсионӣ сурат гирифта, барои ҳар як модул тақриз ва пешниҳодҳои мушаххас аз тарафи коршиносони соҳа дода шуд. Сохтор ва мазмуну муҳтавои тартиб додани модулҳо ва татбиқи онҳо дар амал аз тарафи иштирокчиён мубодилаи назар карда шуд.
Дар рӯзи охирини сафар кулли иштирокчиёни мактаби тобистона бо шаҳодатномаи муваффақонаи хатм сарфароз гардонида шуданд.
Мақсади асосии лоиҳа — мустаҳкам намудани шабакаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳқиқот ва инноватсия дар Осиёи Миёна, тайёр намудани магистрон ва унвонҷӯён аз рӯи ихтисоси “Саломатии меҳнат ва муҳити зист”, татбиқи таҷриба дар донишгоҳҳои Аврупо, таҷаддуди барномаи таълимӣ ва курсҳои омӯзиши фосилавӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос маънидод гардид.
Шодмон НУРМАТОВ,
иштирокчии Мактаби тобистонаи Барномаи “ERASMUS +”
