Дар таълиму тарбияи насли наврас нақши омӯзгор басо муҳим аст. Вақте калимаи «устод»-ро ба забон меорем, пеши назарамон шахси ҳалим, меҳрубон, тарбиятгар намудор мешавад. Ҷомеаи мо дар раванди инкишофи илму техника қарор дорад. Пешрафту шукуфоии оламро бе донишу маърифат наметавон тасаввур кард. Қисме аз мамолики пешқадами дунё бо фарогирии неруҳои ақлонию эҷодӣ мушкилоти молия-виро ҳал намуда бошанд ҳам, аз нигоҳи амалҳои номатлуб, мисли ҳуқуқвайронкунии хонандагони ноболиғ изҳори ташвиш менамоянд.
Густариши ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба пешрафту рушди ҷомеа, бахусус, ҷавонон мусоидат мекунад. Мутаассифона, имрӯз ахлоқи ҷомеа, бахусус, ҷавонон, наврасон ва кӯдакон коҳиш ёфтааст, маънавиёт рӯ ба таназзул ниҳодааст, ки он оқибатҳои мудҳишу нохуш ба бор хоҳад овард. Дур шудан аз маърифат, фарҳанг ва тафаккури инсонӣ боиси коҳиш ёфтани ахлоқ мегардад. Ҷавононе, ки бемаърифату бадахлоқанд, ояндаи миллату халқро ба гирдоби бало меандозанд. Барои инсони комил шудан танҳо илму дониш доштан кифоя нест, балки одобу ахлоқ, тарбияи дуруст ва шуури баланд хеле муҳим аст.
Ба суоли: «Гунаҳгори асосии ин ҳама бесару сомониҳо кист ва ё чист?» мо посухҳои гуногун мешунавем. Яке интернетро гунаҳкор мешуморад, дувумӣ оиларо, шахси севум мактабро.
Аъзои оила ба ин суол пурхашмона «Гунаҳгори асосии ин ҳама мактаб мебошад», — гӯён ин масъулиятро ба дӯши устодон мегузоранд, аммо устодон, гунаҳгори асосӣ оиларо меҳисобанду масъулиятро ба дӯши волидон вогузор мекунанд. Магар аз масъулиятро бар якдигар вогузор намудан вазъият тағйир меёбад? Гунаҳгори асосӣ ҳам оила ва ҳам мактаб ва ҳам ҷомеа аст.
Инсон аз лаҳзаи таваллуд то лаҳзаи марг дар маркази секунҷае ҷойгир аст, ки аз он ҳаргиз берун баромада наметавонад. Дар кунҷи аввал оила, дар кунҷи дувум мактаб дар кунҷи севум ҷомеа ҷойгир аст. Мо дар оила таваллуд мешавему ба воя мерасем, дар мактаб таълиму тарбия мегирем, дар ҷамъият шинохта мешавем ва чун шахси соҳибмаълумоту комилҳуқуқ кору фаъолият мекунем.
Гунаҳгори дигари косташавии одоби наврасону ҷавонон интернет мебошад. Дуруст аст, ки мо аз интернет маълумоти бароямон лозимбударо зуд дарёфт менамоем. Аммо шахсоне пайдо мешаванд, ки онро ба зарари мо коркард намудаанд, ки ин сабаби ба ҷинояти вазнин, аз қабили таҷовуз ба номус, терроризм, экстремизм, куштор, дуздӣ ва ғайра даст задани ҷавонон мегардад. Аз ин рӯ, падару модарон ва аҳли зиёро зарур аст, ки дасти ҳам гирифта, барои тарбияи насли наврас камари ҳиммат бубанданд.
Сайёра ДАВЛАТОВА,
муовини директори МТМУ №25,
шаҳри Кӯлоб
