ОЛАМИ СУРУД ВА МУСИҚӢ

Таълиму тарбия бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки талаботи маънавии инсонҳоро қонеъ гардонида, ба манфиати ҷомеа мусоидат намояд. Солимии ахлоқи ҷамъият, шуури маънавӣ, ки инсон дар он ҷамъият зиндагӣ мекунад, ба андозаи зиёд аз вазъи адабиёт ва санъат муайян карда мешавад. Вақте ки зарурати дарки замон ва алалхусус, замони дигаргунсозиҳо ба миён меояд, шахсоне ба майдон меоянд, ки мусиқӣ барояшон эҳтиёҷоти маънавӣ мегардад.
Тарбияи шахс дар даврони мувофиқ дар донишкадаю донишгоҳҳо ва коллеҷҳо вазифаи ниҳоят масъулиятнок ва кори пуршараф мебошад. Дар тарбия намудани ҳисси зебоипарастии хурдсолону ҷавонон ва наврасон ва ташаккул ёфтани олами маънавии онҳо нақши мусиқӣ бузург аст.
Аз ин лиҳоз, ташкил ва илман асоснок кардани такмил ва сайқал додани усулҳои тарбияи мусиқӣ вазифаи аввалиндараҷаи мутахассисони соҳаи мазкур мебошад. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои тайёр кардани мутахассисони соҳибистеъдоди соҳаи санъат, омӯзгорони мусиқӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, роҳбарони коллективҳои хори бачагона, инчунин, муаллимони омӯзишгоҳҳои мусиқӣ ва педагогӣ дар ин самт масъулият ба дӯш доранд.
Дар шуъбаҳои мусиқӣ, кафедраҳои тарбияи мусиқӣ, созҳои мусиқӣ ва танзими овоз барои тайёр намудани муаллимони мусиқӣ саҳм мегузоранд.
Таълими суруд ва мусиқӣ дар заминаи назарияҳои гуногуни таълим ба роҳ монда мешавад. Бо дарназардошти гузариш ба низоми таълими салоҳиятнок стандарти мазкур ба чор самти таълими фан такя менамояд, ки сурудан чун яке аз самтҳо дар раванди аз худ кардани фан дар ҳар соати дарсӣ дар қиёси якдигар баробар ташаккул дода мешавад. Фарогирии марҳалаҳои кор гуногун буда, метавонад аз рӯйи қобилият ва маҳорати касбии омӯзгор ва сатҳи тайёрии хонандагон муайян карда шавад. Махсусан, барои ташаккули малакаҳои сурудан татбиқи якчанд марҳала тавсия мегардад, аз ҷумла, оғози аз худ кардани суруд, шунидан – шиносоӣ бо суруд, муҳокимаи мазмун ва образҳо дар суруд, таҳлили қисмҳои муҳим, аз худ кардани суруд, сурудан, иҷро ва консерт.
Яке аз мақсадҳои муҳими самти шунидани мусиқӣ ташаккули дарки мусиқӣ, тарбияи фарҳанги мусиқишунавӣ, ки барои шунидани асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ ва оғози омӯзиши фан сарчашма мегирад, ба ҳисоб меравад.
Мирҷумъа ҲУСЕЙНОВ,
корманди ДҶТИБКСМ