ҚАДАМҶОИ ЧИЛЧАНОР

Дар асотири қадим рақамҳои 7 ва 40 аз ҷумлаи рақамҳои хушюмн ёд мешаванд. Асрҳо боз қуллаҳои Чилдухтарон, обҳои мусаффои Чилучорчашма, Чилчинор бо ин адади фоли нек номгир шуда омадаанд. Дар як гӯшаи шаҳри Мунки бостонӣ мавзеи дидание бо номи Чилчанор мавҷуд аст, ки он натанҳо ҷои муқаддаси зоирон, балки меҳмонону сайёҳон гардидааст. Аз таърихи Ховалинг чанорҳои сарбфалаккашида қиссаву ривоятҳои зиёде дорад. Ин чанорҳо розҳоеро ба худ нуҳуфтаанд, ки ҳоло мо аз онҳо огоҳӣ надорем.
Маҳз дар ин ҷо ҷамъомаду маҷлисҳо баргузор мешуданд, меҳмононро меоварданд, маъракаю тӯйҳо меоростанд. Аз рӯи як ривоят, чил нафар ҷавонмарди ғаюру далери ин диёр, муҳофизони бахту саодат, хоку оби Ватан шаҳид мегарданд ва мардум барои поси хотири онҳо 40 адад ниҳоли чанор мешинонанд. Асрҳо мегузаранд, онҳо боз қад мекашанду қад мекашанд. Дар сӯрохи яке аз онҳо мусофири ғарибе солҳо иқомат дошт. Нишонаи он имрӯз ҳам барҷост. Мизроб ном ҳокими давр дар ҳамин шафати чанорҳо қалъае бунёд карда буд. Ховалинг дар асрҳои 18-19 маҳаллаҳои зиёд дошт — Гузари Қозӣ, Чилчанор, Сангобак, Сариосиёб, Заргарон, Паранак, Сари Мазор, Дашти Қавоқ ва дар ҳар кадоми онҳо баъдтар колхозҳо таъсис ёфтанд. Дар Чилчанор идораи колхози ба номи Сталинро сохтанд. Пас аз он идораро ба кинотеатр, ошхона, чойхона табдил доданд. Махсусан, дар давраи раисии Нурулло Мирзозода ин мавзеи таърихӣ ҳусну намои дигар пайдо кард. Ҳоло дар атрофи он биноҳои нозироти андоз, тарабхона, осорхона, идораи адлия, ҷавонон, боғи фарҳангӣ қомат афрохтаанд. Бисёр навхонадорон ҳамчун рамзи ҳастию ҳаёт, мустаҳкамии риштаи оиладорӣ ба ин ҷо меоянд.
Агар гӯем, ки сайёҳ ё меҳмоне ҳеҷ гоҳ Чилчанорро надида, аз ин ҷо намеравад, хатое намешавад. Дар тӯли қарнҳои зиёд шояд ин ҷойи зебо, афсонавӣ, дилраборо миллионҳо нафар тамошову зиёрат намудаанд. Хуб мебуд, ки мутасаддиёни мақомоти ҷамоат, ноҳия, сайёҳӣ ҳисоби рафтуомади мардумро ба роҳ мемонданд. Ҳар гоҳе ки ба Ховалинг оед, ҳатман Чилчанори Фирдавсро бибинед, аз оби мусаффои чашмаҳои он нӯши ҷон кунед, аз шамими бӯи муаттараш баҳра баред. Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг барои сайёҳон 5 меҳмонхона, 2 тарабхона, 20 нуқтаи хӯроки умумӣ, 4 мағозаву боғҳои фарҳангӣ, 10 адад нуқтаи таъмири нақлиёт, 4 хатсайр, ҳамин қадар осорхона омодаи хидматанд. Аз ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо меҳмонону сайёҳон таассуроти нек мебардоранд.
Хеле хуб мешуд, агар ҳукумати ноҳия дар фаъол гардондани сомонаи сайёҳӣ, омода кардани буклетҳои хатсайрҳо, ёдгорию зиёратгоҳҳо саҳми худро мегузошт.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор