Сифати таҳсилот: моҳият, таҳлил ва роҳҳои такмили он

Мусоҳиба бо мутахассиси шуъбаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Азим Байзоев
-Шумо дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳамчун муҳаққиқ солҳои тӯлонӣ кор мекунед, шоҳиди тақрибан ҳамаи дигаргуниҳои соҳа дар даврони истиқлол ҳастед. Оё метавон рушди соҳаи маорифро дар сӣ соли охир ба марҳилаҳои мушаххас даврабандӣ кард?
— Дар ҳақиқат, вобаста ба хусусиятҳои ҳар давра ва ҳадафу мақсадҳои мушаххас, сӣ соли даврони истиқлолро дар соҳаи маорифи кишвар шартан ба чор давра ҷудо кардан мумкин аст.
Давраи якум солҳои навадуми асри гузаштаро дар бар мегирад. Барангезии ҷанги шаҳрвандӣ татбиқи ҳадафҳои нави соҳаи маорифро хеле мураккаб сохта буд. Аз ин рӯ, ҳадафи асосӣ дар солҳои навадум ба нигоҳ доштани мутахассисон ва фаъолияти бонизоми муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин, барқарор кардани муассисаҳои таълимии харобгардида равона шуда буд. Муносибатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф низ бештар ба барқароркунии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди муассисаҳои нав асос ёфта буд.
Барқарории сулҳу субот имкон дод, ки дар давраи дуюм (2001-2010) тарҷумаи китобҳои дарсӣ аз забони русӣ, таҳияи китобҳои нав бо забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба роҳ мондаву барои ҷорӣ намудани муносибатҳои нав ба таълиму тарбияи наврасон қадамҳои устувори аввалин гузошта, ба тайёр кардани кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар ин давра ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқсозии заминаҳои қонунгузорӣ ва таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф оғоз гардиданд.
Давраи сеюм солҳои 2010-2015-ро дар бар мегирад. Аз ибтидои соли 2010 бори аввал дар ҶТ ҷалби муаллифон дар асоси озмун ва таҳияи китобҳои дарсии ба истилоҳ насли нав аз забони модарӣ ва математика барои синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шуд. Дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил муҳимтарин ташаббус дар ин давра таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамзамон бо ин, ба масъалаҳои таҳсилоти фарогир ва таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи таҳсилот низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ҷорӣ гардидани маблағгузории сарикасӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ва низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ аз хусусиятҳои дигари ин давра ба ҳисоб меравад.
Масъалаҳои мавҷуда дар давраи нав (пас аз соли 2015) моҳиятан сифати нав касб кар-данд. Аз ибтидои соли 2015, вобаста ба таҷдиди назар ба нақшаву барномаҳои таълим ва махсусан, ҷорӣ шудани муносибати босалоҳият ба таълим, зарурати такмили барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ба миён омад ва ин ҷараён то имрӯз идома дорад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои ҷиддӣ дар сиёсати байналмилалӣ, ба вуҷуд омадани хатарҳо ба амнияти кишварҳову минтақаҳо дар назди соҳаи маориф вазифаҳои нави ҷиддӣ гузошта шуд, ки таъмини амнияти кишвар ва рушди босуботи он тавассути тарбияи дурусти насли наврас аз муҳимтарини онҳо ба ҳисоб меравад.
Метавон гуфт, ки дар соли 2020 марҳилаи нави рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки заминаи асосии он қабули Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф дар давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.
— Дар ҳақиқат, имрӯз мафҳуми “сифати таҳсилот” вирди забони ҳамагон шудааст. Ба таври мушаххас онро чӣ гуна метавон шарҳ дод?
— Мафҳуми “сифат”, аз як тараф, барои низоми таҳсилот хеле муҳим ва пурарзиш бошад, аз тарафи дигар, мушкилфаҳм ва доманадор боқӣ мемонад. Зеро таҳсилот ягон чизе нест, ки сифати он бо дидан, чашидан, санҷидан, ламс кардан, бӯйидан ва ё бо истифодаи ягон дастгоҳи махсус муайян карда шавад. Аз ин рӯ, то имрӯз тавсифи ягонаи ин мафҳум, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро дар арсаи байналмилалӣ қонеъ карда тавонад, вуҷуд надорад.
Шакли пурраи тавсифи мафҳуми сифати таҳсилотро чунин пешниҳод кардан мумкин аст:
СИФАТИ ТАҲСИЛОТ категорияи педагогӣ-иҷтимоиест, ки ҳолат ва самарабахшии ҷараёни таълиму тарбия ва мутобиқати онро ба стандарту барномаҳои таҳсилот ва талаботу ниёзмандиҳои ҷомеа дар самти ташаккул ва рушди салоҳиятмандиҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсият муайян менамояд.
— Дар масъалаи муайян намудани сифати китобҳои дарсӣ чӣ бурду бохте ҳаст?
— Китоби дарсӣ (ва дигар маводи таълимӣ) имрӯз аз ҷиҳатҳои зерин арзёбӣ мегардад: методикаи таълим; муҳтаво ва мувофиқати матн ба мақсади таълим ва хусусиятҳои синнусолии хонандагон; мутобиқати китоб ба барнома ва стандартҳои ҷорӣ; мутобиқати саволу супоришҳо ба мавзуъ ва мусоидати онҳо ба рушди маҳорату малака, салоҳиятҳо ва тафаккури хонандагон; дизайни типографӣ ва расму суратҳо, ҳамчунин, андозаи ҳуруфи чопӣ ва намуди он (шрифт), истифодаи аломатҳои шартӣ ё рангҳои гуногун вобаста ба навъи супоришҳо; мутобиқати муҳтаво ва мазмуни матнҳои китоб ба арзишҳои миллӣ ва сиёсати давлат дар соҳаи маориф.
Барои такмили ҷараёни арзёбии китобҳои дарсӣ, ба хотири аз байн бурдани таъсири субъективӣ (мутахассиси алоҳида) чунин роҳҳоро пешниҳод кардан мумкин аст: аввалан, мо ба мактаби муқарризони касбӣ ниёз дорем. Якум, заҳмати муқарриз бояд қадрдонӣ шавад. Дуюм, китоби дарсӣ наметавонад фақат аз ҷониби як ё ду нафар арзёбӣ шавад, он бояд аз ҷониби гурӯҳи муқарризон, ки ҳар кадом мутахассиси соҳаи алоҳида ҳастанд (методикаи таълим, асноди меъёрию ҳуқуқӣ, рушди салоҳиятҳо, дизайни топографӣ, мутобиқат ба арзишҳои миллӣ ва ғайра) арзёбӣ гардад. Сеюм, тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, китоби дарсӣ бояд на аз ҷониби як шахс, балки дар ҳаммуаллифӣ эҷод шавад. Чорум, китоби дарсӣ бояд якҷо бо стандарту барномаи таълимӣ, роҳнамои омӯзгор ва дигар адабиёти иловагӣ вобаста ба ҳамон фан арзёбӣ гардад. Танҳо дар ҳамин маврид метавон гуфт, ки ташхису арзёбии китоби дарсӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.
— Дар масъалаи арзёбии сатҳи омодагии омӯзгорон чӣ метавон гуфт?
— Ин масъала хеле муҳим аст. Ҳоло арзёбии сатҳи омодагии омӯзгорон дар ҷараёни ба истилоҳ, аттестатсияи онҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои зерин сурат мегирад: сатҳи донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ; татбиқи донишу таҷриба дар вазифаи ишғолнамуда; қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ (маърӯза дар конференсияву семинарҳо, мақолаҳои методӣ, иштироки шогирдон дар олимпиадаҳо); иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ (пуррагӣ ва сифатнокии натиҷаи кори корманд, дараҷаи интизомнокӣ); худтакмилдиҳӣ ва татбиқи технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ; дигар хусусиятҳои инфиродии корманд (донистани забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос, фаъолияти ҷамъиятӣ ва ғ.).
Бояд гуфт, ки ин ҳанӯз нишондиҳандаи пурраи сатҳи салоҳиятмандии омӯзгор буда наметавонад. Дар муносибати босалоҳият ба таълим ду ҷиҳати ба ҳам тавъами фаъолияти омӯзгор нақши муҳим дорад: мусаллаҳ будани ӯ бо дониши назариявӣ ва сатҳи омодагии касбӣ, аз як тараф ва қобилияту маҳорати интиқоли ин донишу малака ба хонандагон, аз тарафи дигар. Ба ибораи дигар, на ҳар омӯзгоре, ки донандаи хуби фанни худ аст, аз маҳорати хуби омӯзгорӣ бархӯрдор буда метавонад.
Ба фаъолияти омӯзгор баҳои ҳақиқиро худи шогирдон дода метавонанд, бинобар ин, ҷалби онҳо ба арзёбии салоҳиятмандии омӯзгор амри ногузир аст. Аз ҷумла, хонандагон дар муайян намудани дониши назариявӣ, маҳорати касбӣ, методҳои таълим ва тарзи муошират, дараҷаи шавқоварии дарсҳо, мутобиқати супоришҳои тестӣ ба мазмуну мундариҷаи дарс, ҳамчунин, дастрасии омӯзгор барои гирифтани маслиҳатҳо дар соатҳои берун аз кор (аз ҷумла, тавассути интернет) ширкат варзида метавонанд.
(Давом дорад)
Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»