НИГОҲЕ БА ОСОРИ ФАЙЛАСУФОНИ АҲДИ ҚАДИМ

Инсонро шавқу ҳаваси фаҳмидан, ошкор намудан ва кашф кардан ҳамеша фарогир аст. Ӯ оромии дилашро бе андӯхтани дониш тасаввур кардан наметавонад. Дониш ҳамеша ҳамроҳи мост. Муҳите, ки бо заҳмати инсон офарида шудааст (иморатҳо, корхонаю коргоҳо, роҳҳо, боғчаҳо, мактабҳои миёнаю олӣ ва ғ.) бо дониш алоқаманд аст. Ба ҳама маълум аст, ки табибон, физикон, химикон, риёзидонон, челонгарон, омӯзгорон, рӯзноманигорон… ба чӣ кор машғуланд. Ва пӯшида нест, ки заҳмати ҳамаи онҳо дар ниҳоят ба пешрафти дониш мусоидат мекунад. Дастрасӣ ба ин касбҳо дар натиҷаи омӯзиши китоб муяссар гаштааст.
Дониш яке аз мавзуъҳои мураккаб ва баҳсталаби илми фалсафа ба ҳисоб меравад. Онро ҳатто файласуфони Юнони Қадим Гераклит, Афлотун Арасту вобаста ба назарияи дарккунӣ омӯхта буданд.
Гераклити Эфесси (544-480 пеш аз милод) яке аз файласуфони бузурги аҳди қадим аст. Дар асарҳои ӯ ба масоили дарккунӣ ишора шудааст. Аз рӯи тасдиқи Гераклит: «Табиат махфӣ буданро дӯст медорад. Яъне, дарки табиат ба инсон ба осонӣ муяссар намешавад. Посухи масъалаҳои дарккунӣ дар сатҳи ашё ҷойгир нест. Барои табиати ҳақиқии ашёро фаҳмидан неруи зиёд сарф кардан зарур аст… Чизро бе мулоҳиза қабул кардан норавост». Мувофиқи ақидаи ӯ, дониши ҳақиқии мукаммалро оид ба табиат на дарккунии ҳиссӣ, балки тафаккур медиҳад, зеро ҳиссиёт манзараҳои ҳақиқии дунёро ифода кардан наметавонад. Ин нуқтаи назарро имрӯз ҳама эътироф мекунанд.
Афлотун (427-347 пеш аз милод) файласуфи барҷастаест, ки то замони мо 36 асараш («Апологияи Суқрот», «Критон», «Протагор»…) расидааст. Ӯ дар таълимоти хеш оид ба дониш дар бораи некӣ ва олиҳимматӣ вобаста ба мафҳуми идея андеша ронда, таъкид менамояд, ки барои ба хайру неъмати баланд соҳиб шудан инсон бояд шартҳои зерро иҷро намояд :
1)дар зуҳури табиати абадии “идея” (ғоя)-ҳо ширкат варзад;
2) “ғояҳо”-ро дар амал татбиқ намояд;
3) бохирад ва соҳиби дониш бошад;
4) баъзе илмҳо, ҳунарҳоро донад, андешаҳои дурустро соҳиб бошад.
Ба ҳамин тариқ, Афлотун мафҳуми “идея” (ғоя)-ро ба воситаи соҳибфикрию илмдӯстии шахс маънидод мекунад.
Таълимоти Афлотун доир ба “идея”-ҳо мантиқан ба назарияи гноселогӣ (аз юн. qnosis-дониш ва loqos- илм)-и ӯ алоқаманд аст. Аз рӯи андешаи ӯ дониш чист? Масъалаи дониш дар чандин асари донишманд баён шудааст. Ӯ чунин мешуморад, ки “…навъҳои дониш бояд ба шаклҳо ё ки соҳаҳои ҳастӣ мувофиқат кунад”. Дар воқеъ, ҳамин тавр аст. Аммо барои Афлотун масъалаи дониш ҳанӯз масъалаи асосии фалсафа ҳисоб намеёфт.
Ҷолиби диққат он аст, ки вай роҷеъ ба диалектика (юн. dialektike –санъати баҳс, мубоҳиса)-и дониш мулоҳиза ронда, “идея” (ғоя)-ро ба сифати гипотеза (юн. hypothesis-эҳтимол) ё ин ки тахмин шарҳ додааст. Бесабаб нест, ки диалектикаро ӯ дониш номидааст. Ин нуқтаи назар ба маҷмуи ақидаҳои илмии муосир мувофиқат дорад.
Аз рӯи таснифоти Афлотун дониш ду шакл дорад:
дониши зеҳнӣ ва ҳиссӣ.
Дониши зеҳнӣ дар навбати худ боз ба ду навъ: “тафаккур” ва “фаҳм” ҷудо мешавад. Дар зери мафҳуми “тафаккур” Афлотун фақат фаъолияти ақлро дар назар дошт, ки аз омехтаҳои ҳиссӣ озод бошад. Дар ин маврид истифодабаранда ақлро барои худи он истифода мебарад. Дар ҳолати дуюм ҳам дарккунанда ақлро истифода мебарад, вале на барои худи ақл, балки ба воситаи он ашёи ҳиссӣ ё ки тимсоли онҳо дониста гирифта мешаванд.
Дониши ҳиссиро ҳам Афлотун ба ду соҳа: ба “эътиқод” ва “монандӣ” ҷудо кардааст. Ба воситаи “эътиқод” шахс ашёро ба сифати вуҷуддошта қабул мекунад. Ҳангоми монандӣ на дарккунӣ, балки тасаввуроти ашё ба амал меояд ва он аз тафаккур бо он фарқ мекунад, ки дар ин ҷо амал нест. Пас, айни замон “эътиқод” як навъ асосёбандаи ин ҳолат ҳисоб меёбад.
Дар ҳамин асос мувофиқи тасдиқи Афлотун дониш аз андеша фарқ дорад. “Он касе медонад, ки доир ба ҳақиқат мулоҳиза карданро дӯст медорад. Андеша на нодонӣ, на доноист … Дониш ҳамеша потенсия (лот.potenta- иқтидор) аст”.
Афлотун фанҳои математикиро ба соҳаҳои алоҳидаи дониш ҷудо намудааст, зеро дар системаи донишҳо байни соҳаи “ғояҳо” ва соҳаи ҳисси дарккунии ашё фанҳои математикӣ ҷойгир мебошанд. Дониш танҳо нисбат ба “ғояҳо” имкон дорад. Математика худ фарз кардан – гипотеза ҳаст. Муносибатҳои математикӣ ба воситаи муҳокимаронӣ ва ё ин ки фикркунӣ аз худ карда мешаванд. Аз ин рӯ, муҳокимарониҳое, ки ба фанҳои математикӣ алоқаманданд, ба гуфтаи Афлотун, байни донишҳои ҳақиқӣ ва андешаҳо ҷо гирифтаанд. Чаро ин тавр? Мувофиқи тасдиқи ӯ, объектҳои математикӣ дар як вақт ҳам ба ашё ва ҳам ба ғояҳо хеле наздиканд. Онҳо ба мисли ғояҳо тағйирнаёбандаанд ва аз рӯи моҳияти худ ба ашёи дунёи ҳисшаванда вобастагӣ надоранд. Масалан, моҳияти секунҷа ба он вобаста нест, ки аз кадом чиз сохта шудааст. Аммо математикҳо дар бисёр ҳолатҳо барои ёфтани матлаби хеш ба ёрии шаклҳо муроҷиат мекунанд. Масалан, дар геометрия ин шаклҳо аксаран ба воситаи хаёл кашида мешаванд. Аз ҳамин сабаб, дониши математикӣ дар худ қисман дониши ҳақиқиро бо баъзе қисмҳои андеша якҷо мекунад, — тасдиқ мекунад Афлотун. Аз ин рӯ, хулоса баровардан мумкин аст, ки математика барои ӯ воситаи дониш ҳисоб меёфт.
Бузургтарин шогирди Афлотун Арасту (385-322 пеш аз милод) мебошад, ки дар наздикии Македония, дар оилаи табиб ба дунё омодааст. Дар Академияи Афлотун 20 сол илм омӯхт. Се сол ба тарбияи Искандар – писари подшоҳи Македония роҳбарӣ намуд. Бостоншиносон ба Арасту 145 асар (“Органон”, “Категорияҳо”, “Дар бораи тафсирдиҳӣ”, “Аналитика”, “Топика”, “Инкори исботҳои софистӣ”, “Метафизика….”)-ро нисбат медиҳанд.
Назарияи маърифатии Арасту, мувофиқи гуфтаи В.Ф.Асмус, ба онтология (юн. ontoloqos-таълимот дар бораи ҳастӣ)-и ӯ такя мекунад, ки дар воқеъ, назарияи илм аст. “Арасту дониши илмиро аз ҳунар, аз таҷриба ва аз андеша фарқ мекунад. Аз рӯи зуҳуроти худ дониши илмӣ дониш оид ба ҳастӣ аст… Бинобар ин, соҳаи ҳунар – таҷриба ва истеҳсолот буда, соҳаи дониш – мушоҳида, назария, натиҷагирист.
Ба мисли Афлотун Арасту ҳам донишро аз андеша фарқ мекунад. Поябунёди андеша асоси эҳтимолӣ дорад. Барои андеша ё ки эътиқод ҳамеша вуҷуди андешаи дигар ва эътимоди дигар имкон дорад. Дар асари “Топика” мегӯяд, ки андеша метавонад дурӯғ ва ё ҳақиқат бошад; бовар дар он ҳеҷ гоҳ пойдор наметавонад буд. Пеш аз он ки фаҳм, дарки чизе дар ақлу ҳуш пайдо шавад, бояд ашё вуҷуд дошта бошад. Ба ҳамин маънӣ фаҳм ба ашё вобастагӣ дорад. Ҳангоме ки дар шахс мулоҳизаи ашёи дониш ба амал меояд, аз ҳамон лаҳза ашёи дониш ва дарккунии он умумият ва ягонагиро ташкил медиҳад. Бинобар ин, Арасту хулоса мекунад, ки дониш навъи дарккунӣ – тарзи мавҷудияти навъи махсус мебошад. Донишро мувофиқи ин фаҳмиш бо се хусусият фарқ мекунанд: 1) исботшавандагӣ; 2) маънидодшавандагӣ ва 3) ягонагӣ – алоқамандии як соҳаи дониш бо соҳаҳои дигар.
Назарияи илмии Арасту аз назарияи маърифатии Афлотун бо он фарқ мекунад, ки дар якумин барои ҳамаи илмҳо ҷойгиршавии ботартиби илмҳо аз боло ба поин (иерархия) вуҷуд надорад, аммо дар баъзе ҳолатҳо тасдиқ мекунад, ки тарҷеҳи як илм ба дигараш мумкин аст, яъне, таснифоти онҳо имкон дорад. Барои Афлотун баръакс – ҳамаи донишҳо хусусияти бо ҳам тобеъ шудан доранд, ки дар қуллаи он дониш оид ба “ғоя”-и олитарин – “ғоя”-и неъмат (некӣ) меистад.
Арасту ба илмҳои назарӣ эътибори зиёд додааст, зеро дар онҳо ӯ шарти пешравии илмҳои амалиро медид.
Дар математика формализатсия кардани мавзуъҳои омӯхташавандаи он нисбат ба физика хеле зиёдтар аст.
Мақсади дониш дуруст инъикос намудани ҳақиқат аст. Арасту мантиқ (“Аналитика”)–ро на илми алоҳида, балки воситаи ҳар гуна илм мешуморад. Вазифаи онро дар таҳқиқ ва муайян намудани методҳо мебинад.
Чӣ тавре маълум шуд, назарияи маърифатии Арастуро “Диалектика”, “Мантиқ” ва таълимот оид ба методикаи барқарор кардани мафҳумҳои ибтидоии илм ташкил медиҳад. Онро барҳақ Асмус назарияи эътимоднокии дониш номидааст.
Арасту зери мафҳуми фарз кардан (тахмин кардан) ҳолатеро мефаҳмад, ки худ ба худ исботшаванда буда, дар доираи баррасии илмии додашуда бе исбот қабул карда мешавад. Ҳангоми фарз кардан ҳолати қабулгардида ба хонанда чунин менамояд, ки он бе исбот дуруст аст.
Арасту дар зери мафҳуми постулат (талабот) ҳолатеро номидааст, ки дар ҳудуди баррасии илми додашуда пазируфта мешавад.
Асоси материалии таҳлилҳои мантиқии Арасту математика, аниқтараш, геометрия ҳисоб меёфт. То замони Арасту дар геометрия барои бо тарзи систематикӣ сохтани “Ибтидо”-и Евклид ҳамаи шароит ба вуҷуд омада буд. Пеш аз “Ибтидо”-и Уқлидус маҷмуи донишҳои математикӣ (арифметика, геометрия, назарияи мусиқӣ, астрономия) аз тарафи Гиппократ, Февдий ва дигарон бо ҳамин унвон гирд оварда шуда буд.
Дунёи воқеии моро иҳотакунанда дунёест, ки дар он ақл амал мекунад. “Ақл аз рӯи тасдиқи Арасту, -менависад В.Ф.Асмус, — нисбат ба илм ҳақиқаттар аст. Бинобар ин, ақл ба сифати предмети хеш ибтидои донишро метавон дар бар гирад. Илм ба мисли ақл ҳақиқатро муайян мекунад…”.
(Давом дорад)
Ислом FУЛОМОВ,
профессори кафедраи
математика ва методикаи
таълими ДДК ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои педагогӣ