ҶАВОНОН — НЕРУИ БУНЁДКОР

Қонунияти муҳимтарини рушди худшиносии миллӣ ба идеологияи миллӣ, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ, ба шинохти таърих вобастагӣ дорад. Раванди ташаккули худшиносии миллӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон марҳалаи мураккабу пуртазодро дар худ таҷассум намуда, амалҳои калонсолон барои онҳо намуна мегардад. Мувофиқи ақидаи аксар муҳаққиқон, унсури муҳими худшиносии миллӣ ҳисси миллӣ ва руҳияи миллӣ аст. Вазъи замон моро водор менамояд, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ ба таълиму тарбия фаро гирем.
Яке аз роҳҳои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва устувории онҳо дар бархӯрдҳои фарҳангӣ ва геополитикӣ, баланд бардоштани худшиносии миллии наврасону ҷавонон мебошад, ки дар заминаи таълиму тарбияи мақсаднок сурат мегирад.
Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ «Консепсияи миллии тарбия» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Истифодаи огоҳонаи ин консепсия дар муассисаҳои таълимӣ ва оила ба мақсад мувофиқ мебошад. Мақсад аз таҳия ва рӯйи кор овардани «Консепсияи миллии тарбия» дар замони ҷаҳонишавӣ омили муассир барои арҷ гузошан ба таъриху фарҳанги миллии хеш мебошад.
Дар заминаи тарбияи миллӣ ҳувияти миллиро дар наврасону ҷавонон ташаккул дода, онҳоро ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тамаддуни миллӣ раҳсипор менамоем. Нақши калонсолон — омӯзгорон, падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар ин раванд басо бузург аст, зеро ҳамчун роҳбалад барои баланд бардоштани худшиносӣ ва соҳиб шудани мавқеи иҷтимоӣ ба наврасону ҷавонон хидмат мекунанд. Дар ин замина психологи шинохтаи тоҷик Маҳмадулло Давлатов дар китоби “Психологияи иҷтимоӣ”-и худ қайд менамояд, ки бояд ҳар як фард мавқеи муайяни иҷтимоӣ дошта бошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки наврасону ҷавонон муаррифи давлату миллат, посдори манфиатҳои миллӣ ва давомдиҳандаи сиёсати миллӣ ба шумор мераванд. Айни ҳол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 70% ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар худ неруи созандагию бунёдкорӣ доранд. Бояд омӯзгорон, падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ин неруи бузургро дар руҳияи солиму ватандӯстӣ баҳри ободию муаррифии миллату Ватани азизи хеш дар арсаи ҷаҳонӣ сафарбар намоянд. Нагузорем, ки ин неруи созанда бозичаи дасти дигарон шавад, зеро роҳи зиндагӣ ва равандҳои он яксон нест. Эҳсосу идрок ва ҷаҳонбинии ҷавонон низ наметавонад якранг бошад. Аз ин рӯ, ҳар яке ҷаҳони маънавии худро дорад ва бо ҷаҳонбинии худ нақшаи ҳаётӣ месозад.
Мутаассифона, вақтҳои охир аз ҳисоби наврасону ҷавонони маънавиёти пасту ҷаҳонбинии маҳдуддошта, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намуда, ҳодисаҳои ҷиноию ғоратгарӣ ва зӯроварию куштор содир мекунанд. Афроде агар барои манфиатҳои шахсии худ ҷавононро гумроҳ кунанд, гурӯҳи дигар ахлоқи маънавии онҳоро коста мегардонад, гурӯҳи сеюмӣ бошад, пешрафти дигар давлату миллатро намехоҳад. Мақсади ҳамаи ин гурӯҳҳо як аст: коста гардонидани ахлоқ, маънавиёт ва ба вуҷуд овардани нооромӣ дар ҷомеа. Гурӯҳҳои ифротгар аз ҳолатҳои равонии синнусолии ҷавонон ҳамчун яроқи сард истифода мебаранд. Дар ҳақиқат, таъсири сухан бузург ва натиҷабахш аст. Моро мебояд, ки барои ҳувияти миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ наврасону ҷавононро аз умқи таърих, фарҳанг, манфиатҳои миллӣ, моҳияти Истиқлоли давлатӣ ва дигар унсурҳои миллии давлатдории халқи тоҷик омӯзонида, моҳияташро шарҳу тавзеҳ диҳем. Дар ин замина худшиносии насли наврасро низ баланд бардошта, онҳоро ҳамчун шахси баркамол ба воя расонем. Чи тавре ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, худшиносии миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, раванди истиқлоли давлатӣ, таъмини суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ нақш ва ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст.
Худшиносӣ аз тарафи инсон дарк намудани қувваи маънавию ҷисмонӣ, имконияту қобилиятҳои ақлӣ, мақсадгузориҳои муайяни худ, муносибати худ бо атрофиён ва ғайра мебошад. Дар ташаккули худшиносӣ худназораткунӣ ва худтанзимнамоӣ нақши муҳим мебозад. Худшиносии миллӣ дар заминаи омӯзиши амиқи таърихӣ, пос доштани фарҳанг, суннату анъанаҳои миллати хеш ва арзишҳои баланди инсонӣ сурат гирифта, мансубияти шахсро ба ин ё он миллат шабоҳат медиҳад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо моро зарур аст, ки бо диди нав ба арзишҳои маънавӣ ва меросу тамаддуни оламгири худ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро шинохти арзишҳои фарҳангиву маънавӣ сирати миллатро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, дар асоси арзёбиҳо муайян гардид, ки дар шарҳ ё таъриф додани моҳияти худшиносии миллӣ андешаҳо гуногунанд. Зеро омӯзиши худшиносии миллӣ ҳамчун падида хусусияти илмӣ дошта, аз тарафи намояндагони илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, психология ва ғайра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Баҳрулло САИДЗОДА,
мудири кафедраи психологияи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
Баҳром САИДОВ,
омӯзгори омодагии дифои
ҳарбии МТМУ №29,
ноҳияи Данғара