ҶАҲОЛАТ ҶАВОНОНРО БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД

Мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлол муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Акнун дар раванди дигаргуншавии тамаддунҳо бояд эҳтиёткор бошем ва ба қадри соҳибватаниву соҳибдавлатии хеш бирасем. Мутаассифона, ҷаҳони муосир дучори ҳодисаҳои террористию зуҳуроти дигари номатлуб гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номусро лозим аст, ки барои ободии Ватан аз дилу ҷон камари ҳиммат бандад.
Терроризму экстремизм амалҳои номатлуб буда, мутаассифона, солҳои охир омили асосии нафрату ҷудоиафканӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва даҳшату ваҳшат мегарданд. Борҳо дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки террорист дин, мазҳаб, миллат ва Ватан надорад. Ашхоси фирефта ва гумроҳгашта даст ба аъмоле мезананд, ки сабаби марги мукаррамтарин мавҷудоти олам – инсон мегарданд, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда, ба ин васила мехоҳанд, ҳадафҳои хешро амалӣ созанд. Дар расонаҳои хабарӣ оид ба ҳодисаҳои террористӣ ва қатлу куштор бештар матолиб ба нашр мерасад. Расонаҳо дар бораи он хабар медиҳанд, ки ба ин аъмоли ношоиста ҷавонони мусалмон даст мезананд ва оҳиста-оҳиста андешаеро дар мағзи мардум ҷойгир мекунанд, ки гӯё маҳз мусалмонон дар ҷаҳони имрӯз даст ба амалҳои террористӣ мезананд, аммо ҳақиқат ҷойи дигар аст.
Бояд таъкид намуд, ки маҳз аз бедонишию ҷаҳолат ва ноогоҳию камсаводии ҷавонон истифода бурда, шаҳрвандони кишварҳоимусалмониро ба вартаи пуртаҳлука равона месозанд, ки аз он ҷо раҳо ёфтан кори саҳлу осон нест. Манзур, воқеаҳои дар Мисру Сурия, Ироқу Афғонистон рухдода мебошад. Терроризм, ки он ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ ёд мешавад, ба ҳар гуна амалкард ё таҳдид барои тарсонидан ва ё осеб расонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ нигаронида мешавад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ дошта, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, воқеан, таҳдид мекунад. Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносон, дар ҷаҳон тақрибан 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар асари терроризм, дар маҷмӯъ, аз 5 то 20 миллиард доллари америкоӣ сарф мегардад. Солҳои охир дар Аврупо, Америка, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқуъ пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”,
вилояти Суғд