ТАВАҶҶУҲ БА ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти ҷумҳуриявӣ дорад. Ҳамчун шахси масъул оид ба назорати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар ноҳияҳои Ашту Айнӣ ва Мастчоҳу Кӯҳистони Мастчоҳ ва аз натиҷаи баргузории даври якуми озмун дар ин ноҳияҳо маълумам шуд, ки масъулин ба баргузории он диққати хоса зоҳир намудаанд.
Масалан, даври якуми озмуни мазкур дар ноҳияи Ашт рӯзҳои 13-23-юми феврал баргузор шуда, дар маҷмуъ, 1516 нафар, аз ҷумла, 1381 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 29 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 91 нафар омӯзгори ҳамаи зинаи таҳсилот ва 15 нафар калонсол ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия иштирок намуданд. Аз ин теъдод ба даври дуюми ноҳиявии озмун ҳамагӣ 271 нафар, аз ҷумла, 237 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 нафар хонандаи зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 28 нафар омӯзгор ва 3 нафар калонсол ва намояндагони касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд.
Баргузории даври якуми озмун дар ноҳияи Аштро метавон вобаста ба иштирокчиёни озмун аз ҳисоби умумии аҳолии ноҳия — хонандагону омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун чунин хулосабарорӣ кард. Аз 1516 нафари дар даври якуми озмун иштироккарда дар қиёс ба теъдоди умумии аҳолии ноҳия, ки 168 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, баробар ба 9,5% аст. Аз 35 ҳазору 240 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар озмун 1381 нафар иштирок намуданд, ки 3,9%-ро ташкил медиҳад.
Дар даври якуми озмун аз литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳия 12 нафар аз ҳисоби умумии 245 нафар хонанда (баробар ба 4,89%) иштирок карда, 2 нафар (0,8%) ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт аз 328 нафар хонанда дар даври якуми озмун 17 нафар (баробар ба 5,1%) иштирок карда, 3 нафар (0,9%) ба даври дуюм ҳуқуқи иштирок карданро пайдо намуданд. Аз ҳисоби омӯзгорони литсейи касбӣ-техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт (омӯзгоронаш 26 нафар) ва литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт (омӯзгоронаш 38 нафар) касе дар даври якуми озмун иштирок накард.
Дар ноҳияи Айнӣ даври якуми озмун рӯзҳои 13-25 феврал баргузор шуда, ҳамагӣ 899 нафар аз теъдоди умумии 83 ҳазор нафар аҳолии ноҳия (баробар ба 1,08%), аз ҷумла, 843 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз теъдоди умумии 19.026 нафар хонандаи ноҳия (баробар ба 4,4%) ва 10 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз теъдоди умумии 272 нафар хонандаи зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (баробар ба 3,67%), 25 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз теъдоди умумии 1672 нафар омӯзгор (баробар ба 1,5%), 2 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (аз 28 нафар омӯзгор баробар ба 7,1%) ва 19 нафар калонсол ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Ба даври дуюми озмун ҳамагӣ 173 нафар, аз ҷумла, 120 нафар хонандаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (0,6%), 8 нафар хонандаи зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (2,9%), 24 нафар омӯзгори таҳсилоти миёнаи умумӣ (0,1%), 2 нафар омӯзгори зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (7,1%) ва 19 нафар калонсол ва намояндагони касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд.
Дар даври якуми озмун дар ноҳияи Мастчоҳ, ки рӯзҳои 13-26 феврал баргузор шуд, ҳамагӣ 1082 нафар дар баробари 138.763 нафар аҳолии ноҳия (баробар ба 0,78%), аз ҷумла, 663 нафар хонанда аз ҳисоби умумии 28.604 нафар хонандаи ноҳия (баробар ба 2,3%), 7 нафар хонандаи литсейи касбӣ-саноатии кишоварзии ноҳия аз ҳисоби умумии 305 нафар хонанда (баробар ба 2,3%), 60 нафар донишҷӯи коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ аз теъдоди умумии 245 нафар донишҷӯ (24,49%), 20 нафар донишҷӯи коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ аз ҳисоби умумии 381 нафар донишҷӯ (баробар ба 5,2%), 206 нафар омӯзгор аз ҳисоби умумии 2042 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳия (баробар ба 10,0%) ва 112 нафар калонсол ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Ба даври дуюми озмун ҳамагӣ 448 нафар, аз ҷумла, 286 нафар хонанда (13,0%), 12 нафар донишҷӯи зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 626 нафар донишҷӯ (1,9%), 101 нафар омӯзгори ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз ҳисоби умумии 2042 нафар омӯзгори зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (4,94%) ва 42 нафар калонсол ва намояндагони касбу кори гуногун ҳуқуқи иштирок карданро пайдо намуданд.
Теъдоди умумии иштирокчиёни даври якуми озмун дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки рӯзҳои 17 феврал то 3 марти соли равон баргузор гардид, дар маҷмуъ, 1576 нафар шаҳрванди ноҳияро аз ҳисоби умумии 24 ҳазор аҳолии ноҳия (баробар ба 6,6%) фаро гирифта, аз ин теъдод 1544 нафарашон (аз ҳисоби умумии 5639 нафар хонанда баробар ба 27,4%) ва 32 нафар омӯзгор (аз ҳисоби умумии 626 нафар омӯзгорон — баробар ба 5,1%) мебошанд. Ба даври дуюм ҳамагӣ 379 нафар, аз ҷумла 347 нафар хонанда ва 32 нафар омӯзгор роҳхат гирифтанд. Нигаронкунанда аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳисоби калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун касе дар озмун иштирок накарданд.
Озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳарчанд бори аввал ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда истодааст, дар шинохту муайян кардани донишҳои таърихии иштирокчиёни озмун, пеш аз ҳама, аз рӯи маълумоти дақиқ доир ба асари «Тоҷикон» доштан, донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳо ва чеҳраҳои таърихии халқи тоҷик, донистани мероси таърихӣ ва фарҳанги моддиву маънавӣ, ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик ва забони гӯёи фарҳанги миллат мебошанд, ҳамчунин, донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик, ки дар тӯли қарнҳо бузургтарин муаррихони давр хотираҳояшонро баён намудаанд, нақши муҳим дорад.
Мутолиаи шоҳасари безаволи «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров рӯ овардан ба омӯзиши таъриху тамаддун ва сарнавишти ибратомӯзи ниёгон ва донистани таърихи меҳан, ки ҳарчанд талху пурфоҷиа аст, лекин барои сабақ гирифтан аз иштибоҳи гузашта миллати моро бедору огоҳ, зираку ҳушёр, ватандӯсту пухтаву дурандеш месозад.
Муҳимтар аз ҳама, иштирок дар чунин озмун омилҳои муҳими ҳавасмандӣ дорад. Иштирокчиёни озмун, бахусус, ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаю олии касбӣ мувофиқи имтиёзи муқарраргардида, ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ва ба таври ройгон ба зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар қабул карда мешаванд.
Раҷабалӣ САНГОВ